Сомонаи пешина | Яш, 15 Декабр 2019 | 18:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 августи соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар аз он ҷумла: васеъ кардани доираи ҳамкориҳо дар соҳаҳои санъати театрӣ ва мусиқию рақс, ташкили чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ изҳори андеша намуданд. 

Мулоқот дар фазои хушу хотирмон сурат гирифт. Дар интиҳои вохӯрӣ Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳдаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусаввараи кундалро тақдим намуд.