Сомонаи пешина | Яш, 15 Декабр 2019 | 13:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши китобӣ дар шаҳри Хуҷанд

4 сентябри соли 2019 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи китоб намоиши китобҳои тозанашр баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев иштирок намуда.

Дар намоиш Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуда, аз осори Пешвои миллат, назму насри тоҷику форс, китобҳо оид ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои олимон ва устодони донишкадаҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Наргисахон Бузурукова
Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд»