Сомонаи пешина | Шб, 23 Ноябр 2019 | 00:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо арзи эҳтиром ва самимияти хос аҳли фарҳангу ҳунарро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, дар кору фаъолияти пурсамаратон ба манфиати ҷомеа ва баҳри гулгулшукуфии кишвари азизамон пешрафту муваффақиятҳо хоҳонам.

Даврони соҳибистиқлолии кишвар марҳилаи камолоту инкишофи Тоҷикистони зебоманзарамон ба шумор рафта, боиси сарфарозию ифтихор аст, ки дар ин давра таҳти роҳнамоиву сарварӣ, сиёсати хирадмандонаву созандагӣ ва нерўи зеҳниву пиндори некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи рушду инкишофи мамлакат буда, дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ муҳайё гардида, дар баробари боло рафтани тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, обрўву эътибор ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардид.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Истиқлолияти давлатии кишвар сол ба сол таҳким меёбад.

Дар ин рўзи саид, ба тамоми мардуми шарифи кишвар тансиҳативу хотирҷамъӣ, нусрати илоҳиву сарбаландӣ, иқболи баланду толеи нек ва сарбаландию комрониҳо таманно менамоям.

Бигзор, дар осмони софи давлати соҳибистиқлоли мо ҳамеша зиёи хуршед дурахшон бошад.

Ҳамзамон мавриди истифода қарор гирифтани чархаи дуюми иншооти аср – Нерўгоҳи барқи обии Роғунро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол шодбош мегўям.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак!