Сомонаи пешина | Сш, 11 Август 2020 / 17:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии сайёҳии “Сарзамини беназир”

 

Ба ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” маросими ҷамъбаст ва супоридани туҳфаҳо дар номинатсияҳои беҳтарин минтақаҳои сайёҳӣ, ки тибқи озмуни ҷумҳуриявии сайёҳии “Сарзамини беназир” бахшида ба солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар номинатсияҳои мазкур муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг МД МТФ “Ҳисор” ва МД МТФ “Ҳулбук” сазовори ҷоизаи беҳтарин минтақаҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.