Сомонаи пешина | Яш, 19 Январ 2020 | 21:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи намоиши маҳсули эҷодии Фаррух Хоҷаев

13 январи соли 2020 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши маҳсули эҷодии рассоми машҳури тоҷик Фаррух Хоҷаев таҳти унвони «Муҳаббат ба зиндагӣ» ифтитоҳ ёфт.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Назариён, муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода, раиси Иттифоқи Рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, аҳли оила ва ҳамкасбони Фаррух Хоҷаев суханронӣ намуданд.

Агар умр вафо мекард, 13 январи соли равон яке аз рассомони чирадасти тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, декани факултаи санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев ба сини 60 қадам мениҳод, аммо сад афсӯс…», — иброз дошт ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода дар оғози чорабинӣ.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба фаъолияти пурмаҳсули эҷодии шодравон Фаррух Хоҷаев ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки ӯ дорои истеъдоди нодир буд ва дар тӯли умри кӯтоҳи худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. “Умрро на бо дарозӣ, балки бо мундариҷа ва самарааш баҳо медиҳанд”, -гуфт Вазири фарҳанг ва барои тақвияти ин гуфтор байти мазкурро қироат намуд:

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова низ оид ба фаъолияти пурмаҳсули ин рассоми нотакрор, ки аз соли 2012 то соли 2017 чун раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон адои вазифа намудааст, сухан гуфт.

«Фаъолияти Фаррух Хоҷаев ҳамчун раиси Иттифоқи рассомон ба даврае рост омадааст, ки иттифоқ аслан аз фаъолият боз монда, мутахассисони соҳа пароканда буданд. Дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти Иттифоқи рассомонро барқарор намудааст. Фаррух Хоҷаев ҳамчун асосгузори санъати графикии муосири тоҷик ба ҳисоб меравад», - иброз дошт Наргис Ҳомидова.

Дар ин намоишгоҳ, ки то 25 январи соли 2020 идома хоҳад ёфт, намунаҳои гуногуни маҳсули эҷодии шодравон Фаррух Хоҷаев дар навъҳои мусаввара, нигораҳои графикӣ ва муҷассамаҳои хурд ба маъраз гузошта шуданд.

Боиси ёдоварист, ки Фаррух Хоҷаев 13 январи соли 1960 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Завқи санъати тасвирӣ ӯро ба даргоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов овард. Баъти хатми Коллеҷ дар нашриёти «Ирфон» ба сифати рассом фаъолияташро оғоз намудааст.

Шодравон Фаррух Хоҷаев рассоми соҳаи графика, кулолгар, муҷассамасоз ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик ба ҳисоб меравад. Саҳми ӯ дар пешбурди ҳунари рассомӣ ва тайёр намудани шогирдон хеле назарас мебошад.

Ӯ соли 1997 бо грамотаи Биенналеи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд, соли 1999 дар озмуни ороиши китоб, ки аз тарафи Оғохон гузаронида шуда буд, сазовори мукофот гардид.

Асарҳояш тӯли солҳои гуногун дар осорхонаҳои Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Миёна, Россия ва Аврупо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ӯ яке аз ташаббускорони ташкили Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буда, аз рӯзҳои нахустини ташкил гардидани он ба шогирдон дарси маҳорат меомӯхт. Солҳои 2014-2016 мудири кафедраи графикаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайнери Тоҷикистон ва аз моҳи феврали соли 2019 декани факултаи санъати тасвирӣ буд. Барои рушди санъати тасвирӣ нақшаҳои зиёде дошт. Дар як мудати кутоҳ тавонист, ки шогирдони зиёдеро дар атрофаш ҷамъ намояд ва онҳоро барои аз худ намудан ва равнақи ин санъати қадимаи мардуми куҳанбунёд равона созад.