Сомонаи пешина | Яш, 29 Март 2020 / 01:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати фарҳанг ғолибони озмунҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг сипоснома ва мукофот гирифтанд

 

14 январи соли 2020 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовара, мушовири бахши ёрдамчии Президент оид ба масоили кадрӣ Меҳрӣ Гуломшоева, роҳбарони раёсати шӯъбаҳо ва муассисаҳои зерсохтори Вазорат, намояндагони бахш ва шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг иштирок намуданд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар оғози ҷаласа ба чанд нафар ҷавонон ва фаъолони соҳа, ки дар соли гузашта дар чорабиниҳои байналмилалӣ обрӯю нуфузи фарҳангу санъати тоҷикро баланд бардоштаанд, сипоснома ва мукофоти пулӣ супорид.

Аз ҷумла Чоршанбе Аловатов, Рухшона Умарова, Афзалшоҳ Сафарзода, Фарзона Назарова, Мухаммад Шарифзода, Ансамбли рақсии кӯдаконаи “Зебо”, Ансамбли фолклории “Помир”-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо”, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри давлатии мазҳакавӣ мусиқии Ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии драмаи ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом ва дигарон, ки дар соли гузашта дар ҷашнворав озмунҳои байналмилалӣ ғолибият ба даст овардаанд, қадр гардиданд.

Баъди супоридани сипосномаҳо ва мукофот сармуҳаррири ҳафтаномаи Тоҷикистон Шарифи Ҳамдампур, ки меҳмони ҷаласа буд, оид ба натиҷаҳои озмуни “10-гонаи беҳтарини соли 2019” ва пурсиши дар байни хонандагони ҳафтанома гузаронидашуда маълумот дода гуфт, ки тибқи овоздиҳии хонандагон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода байни дигар вазирон “Вазири сол” интихоб шудааст.

“Хонандагон ҷавоби худро бо он асоснок мекарданд, ки Шамсиддин Орумбекзода вазири дастрас ва хоксор мебошад. Ӯро дар кӯчаву хиёбон вохӯрдан ва сухан гуфтан мумкин аст”, - иброз дошт Шариф Ҳамдампур ва дипломи озмунро ба Вазири фарҳанг супорид.

Сипас қисми расмии ҷаласа шурӯъ гардида, дар он бурду бохти соҳа дар соли 2019, нақшаи фаъолият оид ба самтҳои афзадиятноки пешбурди соҳа дар соли 2020, вазъи воқеии ёдгориҳои таърихию фарҳангии соҳа дар соли 2019, “Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019” ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа инчунин Низомномаи намунавии ансамблҳои оилавӣ, Низомномаи намунавии ансамблҳои рақсӣ, Низомномаи намунавии ансамблҳои тарона ва рақс, Низомномаи намунавии ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ барои тасдиқ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён оид ба рушди соҳаи фарҳанг фикру пешниҳодҳо иброз гардиданд.