Сомонаи пешина | Яш, 29 Март 2020 / 01:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯмори ибтидои асри ХХ-ро харидорӣ намуд

 

Маълум аст, ки ҷамъоварӣ, ҳифз ва нигаҳдории ашёҳои қадима, ки инъикоскунандаи таъриху фарҳанги миллати мо маҳсуб мешаванд, мақсади асосии кори ҳар осорхона ба ҳисоб меравад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ фаъолияти худро ба ҳамин мақсад равона намуда, барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона дар қатори дигар ашёҳои таърихӣ тӯмор (бозубанд)-еро харидорӣ намуд, ки сохти он тахминан ба нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ мансубият дорад.

Ин тӯмор (бозубанд) аз маводи нуқра ба шакли найча сохта шуда, аз ду тараф сӯроха ва ду сарпӯши қуббамонанд дорад. Танаи он бо занҷири оддӣ пайваст карда шудааст. Вале занҷир аслӣ набуда, он баъдан васл карда шудааст. Аз ҷиҳати сохт ба тӯмор мувофиқат намекунад. Дар рӯи танаи бозубанд дар сатҳи ҳамвории суфта нақши наботи шонаву баргҳо бо усули савоткорӣ оро дода шудааст.

М.Бойматова
Корманди МДМФТ
“Қалъаи Хуҷанд”