Сомонаи пешина | Яш, 19 Январ 2020 | 20:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ

Саразм - оғози тамаддуни халқи тоҷик аст. Замоне буд, ки ниёгони мо – ориёиҳову суғдиён дар сарзамини Мовароуннаҳр аввалин шуда маданияти кишоварзӣ, чорводорӣ ва шаҳрсозиро ҷорӣ карданд. Синаи кӯҳҳои Зарафшону Туркистонро шикоф карда тилло, нуқра, сурб, калъагӣ, мис ва дигар маъданҳоро дарёфт намуда, иқтисодиёту маънавиёти худро ғанӣ гардонидаанд.

Бозёфтҳои бостоншиносии шаҳраки Саразм, Гӯрхонаи Дашти қозӣ, Зардчахалифа, Ӯрдакон, Чорбоғ, Бедак зинаҳои тамаддуни маданияти диёрамонро ба оламиён чун оина рӯшан намудаанд. Агар мо имрӯз бо бурҳону далелҳои баҳсноталаб деҳшахри Саразмро гаҳвораи тамаддуни Мовароуннаҳри бузург шуморем, пас аҷдодони мо, суғдиён бевосита гаҳвораҷунбони таъриху фарҳанги ин сарзамин мебошанд.

Ниёгонамон ба мардуми Осиёи Миёна ва беруни марзи он нозукиҳои маданияти шаҳрсозиву ҳунармандӣ, иқтисодиёту тиҷорат ва илму фарҳангро омӯзониданд. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад.

Зиёда аз 50 сол аст, ки бостоншиносон осори маданияти моддӣ ва маънавии ниёгонамон- суғдиёнро аз харобаҳои Панҷакенти қадим ҷустуҷӯ доранд. Бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар харобаҳои димнаи Панҷакент тадқиқот бурда, якҷо бо Якубовский А.Ю., Дяконов М.М., Беленитский А.М. ҳафриёти калонҳаҷм бурда, димнаи қадимтарин шаҳраки Саразмро кашф кард. Соли 1984 бостоншиносони фаронсавӣ ва соли 1985 бостоншиноси точик Исҳоқӣ бо маърӯза ва навори бозёфтҳо аз Саразм, хусусан, ороиши занона ба мисли гӯшвору шаддаҳои тиллоӣ, дастпонаҳои аз гӯшмоҳии уқёнус сохташуда оиначаи биринҷӣ, зарфҳои нуқрагину мармар, корд, ханҷарҳо, ва ду муҷассамаи зан, ки аз марқад бозёфта шудааст, дар Донишгоҳи тадқиқотии Амрико баҳои баланд гифтааст. Раиси конгреси бостоншиносони Амрико кашфиёти Саразмро тадқиқоти муҳими чоряки охири асри ХХ дар илми бостоншиносии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаи Шӯравӣ номида буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори аҳди қадим - Саразм таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, бо пуштибонӣ аз он фармони махсусро дар бораи мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон шудани он аз 21 сентябри соли 2000 таҳти рақами №391 ба тавсиб расониданд.

Ҳамчунин соли равон бе восита бо ҷаҳду кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм ва 700-солагии шоири ширинбаёни тоҷик Камолӣ Хуҷандӣ ба ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид карда шуда, он дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар намоишгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намуди умумии ҳафриёти Саразм, нусхаи мадфани Маликаи Саразм ва намунаи бозёфтҳо ба монанди олоти меҳнати сангин, зарфҳои гилин ва расми бозётҳои нодир, ҷавоҳирот, олотҳои биринҷӣ, тугмаю даспонаҳои садафӣ ба маърази тамошобинон гузошта шудааст. Тарзи дафнкунӣ санадест аз расму оинҳои он замон. Ҳамчунин дар осорхона амсилаи дахма, тарзи гӯронидани аҳди зардуштиён нишон дода шудааст. Гӯё дар он аҳд чор унсурро, яъне об ҳаво хок ва оташро муқаддас ҳисобида, мурдаро дар болои сангҳои баланд мегузоштанд, то ки гӯшташро ҳайвонот ё паррандагони ваҳшӣ хӯрданд ва устухонҳоро ҷамъ карда даруни оссуаруӣ, яъне устухондонҳои нақшин ва зебо гузошта, сипас онро дохили дахма мекарданд. Ҳангоми тамошои ин гӯша сайёҳони ватанию хориҷӣ бо маданияти баландӣ шаҳрсозии тоҷикон ошно мегарданд.

М . Мамадҷонова
– мудири шӯъба таърихи
МД “МФТ Қалъаи Хуҷанд”.