Сомонаи пешина | Ҷм, 30 Октябр 2020 / 12:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Паёми Пешвои миллат ҳидоятгар ба амали хайр аст

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масълаи вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа диққати махсус зоҳир намуданд. Тавре роҳбари давлат таъкид доштанд "Ҳукумати Тоҷикистон масълаи вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд". Дар заминаи ин таваҷҷуҳи роҳбари ғамхори кишвар , Пешвоми муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инак 29 сол мешавад, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дода мешавад.Дар баробари дастгириҳои давлатӣ имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромада, аз ҷониби шахсони саховатманд ва вазорату идораҳо ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда мешавад, ки ин саховату ҳимматбаландии халқи тоҷиро нишон медиҳад.

Вобаста ба ин ва бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон кӯмаки яквақтаина расонида шуд. Дастандаркорон ба далели он, ки дили нафареро шод кардан, дасти нафареро гирифтан ва шодии худро бо дигарон тақсим кардан яке аз фазилатҳои ҳамидаи инсонист дар оғози соли 2020 ин амалӣ хайрхоҳонаро иҷро карданд. Аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба 177 нафар таълимгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ кумаки яквақтаина расонида шуд. Ба ин муассисаи таълимӣ кумак ба сифати маводи хӯрока, аз ҷумла орд, равған, шакар, макарон, ва дигар маҳсулоти хурока дастрас карда шуд.

Дар навбати худ тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсони хайрхоҳу саховатманд, хусусан аз Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ки ба онҳо мунтазам кумак мерасонад, сипосгузорӣ намуданд.

Пас аз тақдими тӯҳфаҳо ва суханрониҳо ба хотири болидарӯҳии тарбиятгирандагони мактаб-интернат аҳли Театри опера ва балет барномаи хуби фарҳангиро манзури таълимгирандагони ин муассиса намуданд, ки боиси фараҳу шодии онҳо гардид.


Таҳмина Воҳидова