Сомонаи пешина | Пш, 27 Феврал 2020 / 12:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар даҳгонаи беҳтарин минтақаи сайёҳӣ дар мақоми аввал қарор гирифт

Дар назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин назарсанҷиро «Lonely Planet» дар нашрияи солонаи худ вобаста ба 10 кишварҳои беҳтарини саёҳат, шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ, минтақаҳои беҳтарин ва арзишҳои беҳтарини саёҳат ва сафар арзёбӣ намудааст.

Мавриди зикр аст, ки занҷираи тиҷоратии машҳури Шоҳроҳи Абрешим дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони алоқаманди саёҳатҳои саргузаштӣ қарор гирифтааст. Шаҳрҳои қадим, бозорҳои пурғавғо ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ шумораи зиёди сайёҳонеро, ки ҷӯёи ҳодисаю воқеаҳо дар ин масири таърихии машҳур мебошанд, торафт бештар ба худ ҷалб менамояд.

Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми соддагардонидашудаи раводид барои аксар шаҳрвандони мамолики дунё, инчунин бо пешсафӣ дар ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ дар сархати ахбори минтақаи даҳгона қарор гирифтаанд.

«Дар байни шаҳракҳое, ки аз хиштҳои гилӣ бунёд гардидаанд, шумо қаторкӯҳҳои Фон, Помир, Олой ва Тиёншонро убур карда, ба кӯлҳое, ки дар баландкӯҳҳои дастнорас ҷойгиранд, меравед ё аз меҳмоннавозии саховатмандонаи оилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ лаззат мебаред ва ё бо манзараҳои дилфиреби кӯҳҳо меравед. Низоми такмилёфтаи шоҳроҳҳо ва роҳҳои оҳан сафарро назар ба панҷ соли пеш бароҳаттар менамоянд» — чунин менигорад маҷалла.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар Паёми имсола зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Пешниҳоди раводиди бисёркаратаи панҷсола барои соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таъсис додани Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ, ҷорӣ намудани раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ва дароз намудан муҳлати он то 60 рӯз ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, пешниҳоди раводиди бисёркаратаи сесола бо мақсади содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, аз муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб меёбанд, ки дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардид ва он мавқеи Тоҷикистонро дар соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон боз ҳам устувортар мегардонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони хориҷӣ ба намудҳои сайёҳии табобатӣ солимгардонӣ, экологӣ, куҳнавардӣ, шикор ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу раѓбат доранд.

Айни замон, ҳамкориҳои байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ўзбекистон ва Қирғизистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодааст. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз се кишвари дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешим — Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидан намоянд.

 

Қобили зикр аст, ки «Lonely Planet» яке аз нашрияҳои бузурги англисзабон буда, аз соли 1972 фаъолияти худро оғоз намуда, наздики 300 муаллиф дорад ва қароргоҳи он дар Австралия воқеъ мебошад.

«Lonely Planet» аз нашрияҳои расмиест, ки барои сайёҳон дастуру роҳнамоҳо интишор менамояд. Ҳамчунин, нашрияи мазкур зиёда аз 500 номгӯи роҳнамо, машваратчӣ ва китобҳои муҳоварарро бо ҳашт забони ҷаҳон нашр мекунад. Соли 2012 роҳнамои «Lonely Planet» ба забони русӣ ба нашр шурӯъ кард. Теъдоди солонаи нашри ин маҷалла ба 6 миллион нусха мерасад.

Ба қатори 10 минтақаи беҳтарин, инчунин  дар ҷойҳои 2-Ле Марше, Италия, 3-Тоҳоку, Ҷопон, 4-Мэн, ИМА, 5-Ҷазираҳои Лорд-Ҳау, Австралия, 6-Вилояти Гуйчжоу, Чин, 7-Вилояти Кадиз, Испания, 8-Шимолу Шарқи Аргентина, 9-Халиҷи Кварнер, Хорватия шомил шудаанд.

ТАҶРИБАҲОИ ФАРОМӮШНАШАВАНДА АЗ САФАР БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

  • Мушоҳидаи тулӯи офтоб аз болои се мадрасаи Регистони Самарқанд, замоне ки дар наздикии он азон барои даъват ба намоз мехонанд ва нурҳои офтоб зулмотро фурӯ мебаранд.
  • Роҳи Абрешим – сафар тариқи шоҳроҳи Помир, ки ба сафаркунандагон имкони шиносоӣ бо мушкилоти сафар ба ин минтақаи ҷолиб, ки аз ёдгориҳои фарҳангӣ ва зебоиҳои табиӣ бой аст ва таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони машҳур, ба монанди Марко Полоро ба худ ҷалб намудааст, медиҳад.
  • Истиқомат дар юртаҳои қирғизҳои бодиянишин, ки тобистонро дар он ҷо мегузаронанд.

ВАҚТИ МУВОФИҚИ САФАР

  • Дар охири баҳор (апрел) кӯҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро гулҳои баҳорӣ фаро мегиранд. Тобистон (июн-август) мавсими хуби саёҳати кӯҳӣ бо аспҳо мебошад. Аммо дар биёбонҳо ҳаво гарми тоқатфарсо мегардад. Сентябр-беҳтарин вақт барои сафар ба ҳама манотиқ мебошад. Сайёҳии зимистон дар ҳоли рушд аст ва мавсими он аз моҳи декабр оғоз мегардад.

ХАТСАЙР

Се ҳафта дар Роҳи Абрешим

  • Шиносоӣ бо таърихи 6000-солаи мавзеи таърихии Саразм дар водии Зарафшони Тоҷикистон.
  • Убури долони Вахон барои тамошои кӯҳҳои Ҳиндукуш ва сафар ба қалъаи Ямчун, ки замоне қароргоҳи муҳим дар шоҳроҳи Абрешим буд.
  • Сафар ба Ичон-Қалъаи Хива. Шаҳрак дар биёбони Қизилқум, ки бо деворҳои таърихӣ иҳота гардидаанд ва он чун осорхона амал мекунад.
  • Баҳравар шудан аз мадрасаҳои Регистони Самарқанд.

 

АМИТ «Ховар»

 

http://khovar.tj/2020/01/sho-ro-i-abreshimi-osiyoi-markaz-dar-da-gonai-be-tarin-minta-ai-sajyo-dar-ma-omi-avval-aror-girift/