Сомонаи пешина | Яш, 23 Феврал 2020 / 12:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунармандони ноҳияи Роштқалъа бо либоси нави театрӣ дар назди ҳаводорон ҳунарнамоӣ мекунанд

 

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа дар маҳфили навбатии худ, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, бо либоси нави театрӣ дар назди ҳаводорони худ ҳунарнамоӣ мекунанд. Таҷҳизоти нави мусиқӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки матн ва оҳангашонро низ тозаву гушнавоз ба самъи мухлисони худ расонанд.

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа Фирдавс Саъдоншоев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки чунин шароит бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, ки сарпарасти ноҳия ба ҳисоб меравад, насиби онҳо гардид. “Он либосу таҷҳизоти техникии мусиқие, ки онҳо доштанд, чандин даҳсола истифода бурданд ва акнун ба замони муосир чандон ҷавобгӯ нест. Ҳарчанд барномаҳои фарҳангии худро мутобиқ ба замон таҳия мекунанд, аммо бештари тамошобинон ба ороиши саҳна ва тарзи лисбопӯшии ҳунармандон низ аҳамият медиҳанд. Аз ин рӯ, сарояндагону навозандагон ҳам худро дар назди мухлисонашон ноҳинҷор ҳис мекунанд», илова намуд ӯ.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ  70 адад либосҳои саҳнавӣ  ва ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти техникии мусиқиро дар ихтиёри ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Роштқалъа гузошт. Як сол қабл аз ин, вазорати мазкур барои ҳунармандони хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Гадоалӣ Қурбоншоеви ин ноҳия асбобҳои мусиқии миллиро низ туҳфа карда буд.

Ҳамчунин дар давоми панҷ соли охир Вазорати энергетика ва захираҳои об як пули мошингузар, як майдончаи варзишӣ, роҳи мошингузар дар масофаи панҷ километрро дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

АМИТ «Ховар»

 

http://khovar.tj/2020/01/unarmandoni-no-iyai-rosht-ala-bo-libosi-navi-teatr-dar-nazdi-avodoron-unarnamo-mekunand/