Сомонаи пешина | Шб, 06 Июн 2020 / 15:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов вохӯрӣ бо ҳуқуқшиносон баргузор шуд

 

23 январи соли 2020 дар бинои муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе" мулоқоти Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат ва сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирўзи Султонзода бо кормандони коллеҷ баргузор гардид.

Вохӯрии мазкур бо мақсади иҷрои фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «26» декабри соли 2020, №238, ки аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 таҳти №599, «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳо 2020-2030» бар меояд.

Дар мулоқот доир ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан рафт. Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар дар шароите баён гардид, ки Тоҷикистон дар остонаи таҷлили муҳимтарин ҷашнвораҳои сиёсиву фарҳангӣ - таҷлили 30–солагии Истиқлолияти давлатӣ, интихоботи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Таъкид карда шуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ вазифадоранд, ки баҳри пешравӣ ва осоиштагии Ватан тамомин қувват ва кӯшиши худро равона намоянд.

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки бо мақсади иҷрои чорабиниҳои Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оиди иҷроиши бандҳои дахлдори Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ бо иштироки бевоситаи судяҳо, кормандони дастгоҳи суд дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ вохўриҳои гуногун бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии муносибатҳои хусусияти гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилидошта ба роҳ монда шудаанд.

Дар вохӯрӣ инчунин оид ба мавзӯъҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус, хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеъа, нуқтаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, мубориза ва пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба савдои одамон, Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона баромадҳо ва суолу ҷавоб карданд.

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ғайрат Сангинзода зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қонуну қарорҳо ва барномаҳои гуногун қабул мешаванд, ба қонунҳо тағйиротҳо ворид мегардад. Аҳли ҷомеа, аз ҷумла зиёиён боял бохабар бошанд, ки Қонун ва қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс, новобаста аз миллат, шахсият, табақаи иҷтимоӣ ва дину оин дахл дорад ва надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ истисно намекунад. Баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ба фоидаи ҳар як инсон аст.

Иштирокчиёни вохӯри изҳори қаноатманди намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.