Сомонаи пешина | Сш, 18 Феврал 2020 / 08:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2019

6 феврали соли 2020 дар толори АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода оид ба дастовардҳои назаррастарини соҳаи фарҳанг дар соли 2019, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, нишондиҳандаҳои соҳаи табъу нашр ва илму таҳсил, инчунин ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба рӯзноманигорон маълумоти мушаххас дод.

Вазири фарҳанг аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангие, ки дар соли 2019 аз тарафи тамоми хурду бузурги кишвар хеле хуш пазируфта шуда, ба арсаи санъат чеҳраҳои воқеан боистеъдодро ворид сохт, ин тибқи Амри Президенти мамлакат доир гардидани фестивали ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» мебошад, ки тамоми минтақаҳои кишварро фаро гирифт.

“Ин ибтикори фарҳангии Пешвои муаззам имкон бахшид, ки таваҷҷӯҳи тамоми аҳли ҷомеа ба фарҳанг ҷалб гардад ва дар тамоми жанрҳои санъати халқию касбӣ сабқати одилона доир гардад ва барои шахсони боистеъдоду ҳунармандони асил шоҳроҳи васеъ ба санъати касбӣ кушода шавад. Чуноне ки Пешвои муаззам қайд намуданд, баргузории он баъзе камбудиҳо дошт ва аҳли ҳунар хеле миннатпазиранд, ки он идома меёбад”-иброз дошт Вазири фарҳанг.

Бо амири Президенти мамлакат эълон гардидани фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» масъулияти тамоми аҳли ҷомеа, бахусус аҳли фарҳангро ба пояи сифатан нав бардошт. Дар радифи ин дастури муҳими Пешвои муаззам таваҷҷӯҳ ба китобу китобхонӣ, дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа чӣ хурду чӣ калонсол афзуд.

Қайд гардид, ки дар соли 2019 ҳайати эҷодии муассисаҳои театрӣ дар 7 ҷашнвораҳои байналмиллалӣ ва ҳунарпешагон ва ҳайатҳои муассисаҳои фарҳангӣ дар 10 фестивалҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби шоҳҷоизаҳо ва мукофоту дипломҳо гардиданд.
Инчунин зикр гардид, ки дар соли 2019 тибқи дастури Пешвои муаззам дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷойҳои нави фароғатӣ – боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бунёд гардиданд. Дар маҷмўъ теъдоди боғҳо аз 72 адади соли 2018 дар соли 2019 ба 87 адад расид, ки 18 ададашон боғҳои навбунёд мебошанд. Шумораи дар марҳилаи ҳисоботӣ навсохташудаи иншооти фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ 14-ро ташкил медиҳад, ки аз он 5 қасри фарҳанг, 2 китобхона, 1 осорхона мебошанд. Инчунин 15 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 қасри фарҳанг, 4 хонаи фарҳанг, 1 филармонияи халқӣ, 2 китобхона, 3 осорхона, 11 боғи фарҳангию фароғатӣ таъмири куллию ҷорӣ шудаанд ва сохтмони 4 иншооти фарҳангӣ идома дорад.

Сипас байни рӯзноманигорон ва роҳбарияти Вазорати фарҳанг суолу ҷавоб сурат гирифт. Намояндагони васоити ахбори оммаи гуногун ба пурсишҳои худ оид ба дурнамои фаъолият дар соли 2020, баланд бартоштани санъати драматургӣ дар Тоҷикистон, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, тавъам кардани таҳсилу таҷриба бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос, танзими суруд ва клипҳои сарояндагон, рушди соҳаи табъу нашр ва дигар мавзӯъҳо посухҳои муфассал гирифтанд.