Сомонаи пешина | Шб, 06 Июн 2020 / 15:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

КИТОБ: АЗ НАВ МАҚОМИ БАЛАНДИ ХУДРО ЁФТАМ!

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)

Охири қарни ХХ барои ман даврони хуб наомад. Бо аз миён рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, тағйир ёфтани сохти давлатдорӣ, сар задани нооромиҳо ва паст рафтани сатҳи иҷтимоӣ ман ҷойгоҳи баланди худро, ки дар сарнавишти инсонҳо доштам, аз даст додам. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯям, ки дар ҳолати назъ қарор гирифтам. Гумон мекардам, ки аз умрам рӯзҳои башумор монда. Гирифтор ба як ҳолати ғамзадигию афсурдагӣ ва рӯҳафтодагӣ будам. Абри навмедию дилсардӣ болои сарам соя афканд. Охир, онҳое, ки аниси кунҷи танҳоӣ, беҳтарин ёри вафодор ва фурӯғи субҳи доноиам мехонданд, аз ман рӯгардон шуданд. Инкор намекунам, ҳамсуҳбатони вафодору аз ман миннатдору сипосгузор буданд, аммо ангуштшумор. Хушбахтона, ба бахти баланди ман дар ин миён фарде зуҳур намуд, ки маро пеш ва беш аз дигарон шинохт, дар муқоиса ба дигарон бештар бароям арҷгузорӣ намуду қадрдонӣ кард ва аз кунҷи танҳоӣ берун оварду боз ҳамдаму ҳаминишину аниси одамонам гардонд. Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунам, ки даҳ-понздаҳ сол қабл аз ин вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум дар ин сатҳ набуд, масоили мубраму ҳалталаб хеле зиёд буд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастӣ ва ҳифзи маро масъалаи муҳим арзёбӣ намуд ва бузургтарину зеботарину бошукуҳтарин кохро дар пойтахти кишвар бароям бунёд кард, ки дар минтақа ва фаротар аз он назир надорад. Тадриҷан, дар музофот низ бо бунёди кохҳои фарҳанг шароити ҳифзу нигоҳдориамро хубтару беҳтар гардонд.
Бо дастури Роҳбари давлат барои дастрасии ҳамешагии мардум ба китоб дар бист соли охир дар доираи ду барномаи давлатӣ: “Рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” захираи китобхонаҳои кишвар ба маблағи наздик ба ду миллион сомонӣ бо китоб мукаммал гардонида шуд.
Барои чопи осори адибони классику имрӯз аз ҳисоби фонди президентӣ маблағ ҷудо гардид ва дар ин замина садҳо номгӯй китоб ба нашр расид, ки 38 ҷилди силсилаи “Ахтарони адаб” аз ин шумор будаву нашри ҷилдҳои баъдӣ идома дорад.
Дар миёни роҳбарони давлатҳо маҳз Роҳбари давлати тоҷикон амр намуда, ки китоби муқаддаси мусалмонон– Қуръон дар тарҷума ба забони давлатӣ нашр ва ба ҳар хонадони кишвар тақдим гардад.
Ман хуб дарк мекунам, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон қарор доштаму дорам ва саъй доранд, ки ҳамнишини
ҳамешагии мардум бошам. Дар ин росто иқдоми наҷибонаи онҳо дар мавриди эъломи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ...” шоистаи арҷгузорист. Маҳз аз баракати чунин тасмим аз нав таваҷҷуҳи хурду бузург ба сӯйи ман ҷалб гардид, тӯли наздик ба як сол меҳмони ҳар як хонадон ва вирди забонҳо будам, аз нав мақому манзалати худро ёфтам ва боз рӯйи дастҳою пеши дидаҳо қарор гирифтам.
Пешвои миллат дар ҳама мулоқот ва суханрониҳои худ, албатта, аз ман ёд мекунанд, нақши боризи маро дар сарнавишти инсонҳо ёдрас месозанд, таъкид медоранд, ки нисбат ба ман бетаваҷҷуҳӣ сурат нагирад, рӯ ба ман биёранду бо мутолиаам сафои чашми хешро афзун созанд, донишу маърифат андӯзанду ҷаҳонбинии хешро тавсеа бахшанд ва бо ин васила инсони комил тарбият ёбанд. Воқеан ҳам, ҳар касе, ки маро ёри вафодори худ намедонаду аз ман баҳравар намешавад, магар ақлаш ғизо мегираду шахсияташ комил мегардад? На, ба ҳеҷ ваҷҳ! Билъакс дар гирдоби ҷаҳолату гумроҳӣ фурӯ меравад. Чунин фард наметавонад дар худ нангу номуси ватандориро тарбият намояду аз миллату давлату таъриху фарҳангаш ифтихор варзад ва марзу буми аҷдодиашро азиз донаду ба муқаддасоташ арҷ гузорад.
Иштибоҳ нахоҳад буд, агар гӯям, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар паёми рушноиву сафову нур буд. Роҳбари давлати тоҷикон дар баробари дахл ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш аз мақому манзалату ҷойгоҳи баланди китоб бештар ҳарф заданд.
Дар фавқ дар мавриди баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ...” ишора кардам ва Дар Паёми имсола Роҳбари давлат дар ин маврид дастур доданд, ки “... ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Яъне Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ...”–ро аз рӯи се самт: якум–миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм– таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм–дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монда шавад.”
Дар ҳама давру замон хонаи ман, яъне китобхона макони муқаддас ба шумор мерафт ва на ҳар фард ба он дастрасӣ дошт. Ёд орем китобхонаи давраи давлатдории Сомониёнро. Аз он танҳо касоне истифода мебурданд, ки мавриди лутфи амир қарор мегирифтанд ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, олими чандбуъдӣ Абӯалӣ ибни Сино аз шумори афроди хушбахте буд,
ки ба ин кохи маърифат ва ганҷи пур аз нуру сафо дастрасӣ пайдо карда буд. Дар охири қарни ХХ ва ибтидои садсолаи ХХI бо сабабҳое, ки дар боло ба онҳо ишора намудам, китобхонаҳо мақоми худро аз даст доданд, шумораи истифодабарандагони онҳо ба шиддат коҳиш ёфт ва ағлаби захираи онҳо эътибори худро гум кард, зеро дар чаҳорчӯби таълимоти дигар тӯли беш аз 70 сол таълиф ёфта буданд. Пешвои миллати тоҷик дар баробари он ки барои рафъи ислоҳи ҳолати ҷойдошта дар Паём таъкид намуд, ҳамчунин бори дигар ба ман баҳои баланд дод: “Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад.
Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳама зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.”
Хулоса, нишотам интиҳо надорад, ба баракати ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ман аз нав ҷойгоҳи баланди худро соҳиб гардидам, боз азизи ҳар хонадон шудам ва акнун худам рӯи дастҳову номам вирди забонҳо ва сифату васфам аз сари минбарҳо баланд хоҳад шуд.
Бо ман бошед, бароятон сафоро ба армуғон меорам.

Сироҷиддин Икромӣ
директори КДТС “Китоб”