Сомонаи пешина | Дш, 30 Март 2020 / 19:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

"Вақте, ки куҳҳо сукут мекунанд" мухлисони театрро ба ваҷд овард

 

15 феврали соли 2020 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон намоиши нави “Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд” манзури ҳаводорони санъати театрӣ гардонида шуд.

Асари “Вақте кӯҳҳо сукут мекунанд” (ё худ “Аруси абадӣ”) ба қалами нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов тааллуқ дошта, онро коргардони маъруфи тоҷик Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст.

Намоиш аз ҷониби аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар сатҳи баланд таҳия гардида, аз ҷониби тамошобинон бо садоҳои “Офарин” ва “Аҳсан” истиқбол гардид. Мавҷи дурударози кафкӯбӣ гувоҳи он буд, ки аҳли толор аз тамошои асар ба ваҷд омаданд.