Сомонаи пешина | Чш, 25 Ноябр 2020 / 01:11
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар интизории «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон»

 

Аз 2 то 9 апрели соли 2020 бо иштироки аҳли илму адаб дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор мегардад.

Фестивал аз ҷониби Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Дар доираи фестивал баргузории чорабиниҳои гуногун аз қабили вохӯрии хонандагон бо адибон, сӯҳбатҳои мизи гирд, муаррифии китобҳои нав дар назар аст. Озмунҳои гуногун аз қабили озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО”, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон», “Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон”, «Ровиёни ҷавон» чорабиниҳои асосии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» дар соли 2020 мебошанд.

Имсол фестивал ба ифтихори 29 - солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 - солагии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018 - 2028», Солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», инчунин ба ҷашну зодрўзи адибону олимон ва китобҳои тозанашре, ки дар соли 2019 - 2020 интишор ёфтаанд, бахшида мешавад.


НИЗОМНОМАИ
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг ин тарбияи насли ояндаи миллат дар руҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомўзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари кўдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва технологияи муосир ба шумор меравад.
Тавре, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем».
Барои иҷрои ин вазифаи басо пурмасъулият китобхонаҳои бачагона ва мактабии мамлакат ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, нигоҳдошт ва омўзишу тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ, донишҳои умумибашарӣ дорои имкониятҳои нисбатан васеи тарбияи насли наврас буда, дар ин самт мавқеи калидиро ишғол менамоянд.
Бо дарназардошти ҳамин масъулияти иҷтимоӣ Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ анъанаи пурарзиши китобдўстиро пайгирӣ намуда, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» -ро (минбаъд – Фестивал) баргузор менамояд.
Фестивал тибқи нақшаи фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсату шуъбаҳои фарҳанг ва маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 2 то 9 апрели соли 2020 бо иштироки аҳли илму адаб дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Баргузории ин чорабинии муҳим имкон медиҳад, ки тавассути шиносоӣ бо вазъи китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ аҳли илму адаби кишвар ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳу воситаҳои боз ҳам муассиру замонавии тарғиби китоб ва дигар маводи иттилоотиро дар байни кўдакону наврасон дарёфт намуда, ба ин васила дар раванди ташаккули ҳисси ифтихор аз забону миллати хеш, ватандўстӣ, хештаншиносӣ, эҳтирому посдории якпорчагии Тоҷикистон саҳм гузоранд ва бо ҳидояти каломи бадеъ насли наврасро ба сўйи бунёдкориву созандагӣ раҳнамун сохта, пойдевори давлати тозабунёди Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар намоянд.
Соли 2020 фестивал ба ифтихори 29 - солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 - солагии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018 - 2028», Солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», инчунин ба ҷашну зодрўзи адибону олимон ва китобҳои тозанашре, ки дар соли 2019 - 2020 чоп шудааст, бахшида мешавад.

2. МАҚСАДИ ФЕСТИВАЛ

Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Дар ҷараёни баргузории фестивал таваҷҷўҳи мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа, бахусус падару модарон, омўзгорону мураббиён, олимону адибон, китобдорон ба мушкилоти раванди хониши кўдакону наврасон, эҳтиёҷоти китобхонаҳои бачагона ва мактабии мамлакат, фароҳамоварии шароитҳои боз ҳам мусоид барои мутолиаи китоб ва ҳаллу фасли масъалаҳои табъу нашри китоб барои кўдакону наврасон ҷалб хоҳад шуд.

3. ВАЗИФАҲОИ ФЕСТИВАЛ

Вазифаҳои фестивал аз чорабиниҳои гуногун иборат аст. Вобаста аз имкониятҳои молиявӣ ва ташкилӣ вохўрӣ бо адибону ноширони адабиёти кўдакон ва наврасон, ҷашнвораҳои адабӣ, озмуни ровиёни ҷавон, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», озмуни рўзноманигорон барои инъикоси беҳтарин таҷрибаи коллективҳо дар самти рушди хониш, ҷамъоварии китобҳо, бозиҳо, бозичаҳо барои кўдакистонҳо, мактаб-интернатҳо, муассисаҳое, ки бо кўдакони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ кор мекунанд ва китобхонаҳои деҳотро ташкил ва баргузор намудан мумкин аст.
Озмунҳо ва сабқатҳои «Китобчаи дўстдоштаи ман», «Фурўхташавандатарин китоб» ва дигарон унсурҳои низомномаи мазкур маҳсуб намеёбанд, балки барои баргузории онҳо низомномаҳо ва тартиби мушаххаси баргузорӣ таҳия мегарданд, зеро муҳлати баргузории онҳо аз Фестивал фарқ мекунанд. Масалан, муҳлати гузаронидани Фестивал даҳаи аввали моҳи апрел буда, озмуну сабқатҳо моҳҳои феврал - март ва аввали моҳи апрел баргузор ва дар доираи Фестивал ғолибони озмунҳо муайян гардида, бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Муҳимтарин вазифаи фестивал арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ, зебописандӣ, худшиносӣ, ифтихор аз Тоҷикистон, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Ватани азиз – Тоҷикистон мебошад.
Созмондиҳандагони фестивал ният доранд, ки баҳри ташаккули чунин сифатҳои воло дар замири кўдакону наврасон, такомули ақлу заковат ва маънавиёти онҳо дар ҷараёни баргузории чорабинӣ ба иҷрои вазифаҳои зерин таваҷҷўҳи хоса зоҳир намоянд:
- тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ - оммавӣ, адабӣ, бадеӣ, техникӣ, фантастикӣ, инчунин адабиёти соҳаҳои гуногуни дониш, маҷаллаву рўзномаҳо дар байни кўдакону наврасони ҷумҳурӣ;
- муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, осори намояндагони барҷастаи адабиёти халқҳои гуногуни ҷаҳон дар байни кўдакону наврасон;
- дастраси кўдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили лексияҳо, суҳбату мулоқотҳо оид ба ҳунарҳои мардумӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ, бо истифода аз матни китоб ва дигар маводи иттилотӣ ташкил намудани экскурсияҳо ва хатсайрҳои виртуалӣ (маҷозӣ) ба мавзеҳои сайёҳии Тоҷикистон;
- дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кўдакону наврасон, ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо;
- бедор намудани майлу рағбат ва шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ;
- кашфи истеъдодҳои ҷавон, бачагону наврасони болаёқат, аз ҷумла ровиёну наттоқони ҷавон, рассомону ихтироъкорони наврас, навқаламон, китобдўстон, кишваршиносон, аз ҷумла сайёҳон ва роҳбаладони наврас, шогирдони устоҳои чирадасти соҳаи ҳунарҳои мардумӣ – кандакорону чакандўзони хурдсол, кадбонуҳо ва ғайра;
- созмондиҳӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни шавқовар барои кўдакону наврасон, ҷавонон (мулоқоту вохўриҳо, суҳбатҳо, конфронсҳои хонандагон, субҳи адабӣ, намоишҳои китобӣ, муаррифии китобҳо ва мавзеъҳои сайёҳии (деҳа, шаҳру ноҳия, вилоят), мубодилаи афкор, хулосаҳои библиографӣ, викторинаҳо, маҳфилҳои гуногун, ба монанди «Ояндасозонро тарбияи дуруст мебояд» (бо ширкати муштараки волидону фарзандон, мураббиёну омўзгорон, адибону олимон), «Сайри олами маънӣ (ё маонӣ)»,«Насли солим – ҷомеаи солим», «Варзишгарони навраси тоҷик», «Навқаламон», «Дўстдорони назми классикӣ», «Дўстдорони фантастика», «Дўстдорони мусиқӣ», «Дўстдорони саёҳат», «Техники ҷавон», «Ихтироъкори наврас», «Муҳандиси ҷавон», «Пайравони Пешво», «Об- манбаи ҳаёт», «Роғун - кохи нур», «Биҳишту бебаҳои Тоҷикистон», «Шоирон дили миллатанд» базмҳои шеъру тарона, байтбарак ва ғайра) бо иштироки олимону ихтироъкорон, устоҳои варзидаи соҳаи ҳунарҳои мардумӣ, шоиру нависандагон, аз ҷумла муаллифони китобҳои бачагона, шахсиятҳои барҷаста илму адаби тоҷик, падару модарон, омўзгорону мураббиён;
- паҳннамоӣ ва дастраси кўдакону наврасон гардонидани шаклу услубҳои нави хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ, санҷиши маҳорату малакаҳои кор дар шабакаи интернет;
- ташкили ярмаркаи китобҳои бачагона, нуқтаҳои китобдиҳӣ, намоишҳои китобӣ, маводи таълимӣ - методӣ, намоишгоҳи дастранҷи кўдакон, рассомону ихтироъкорон, кадбонуҳои наврас.

4. ОЗМУНҲОИ ФЕСТИВАЛ

4.1. Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман»
Мавзўи озмунро Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ муайян мекунад, он метавонад ҳамчун ороиши асари ягон муаллиф «Китобчаи дўстдоштаи ман» унвон дошта бошад.
Озмуни расмҳоро дар мавзўҳои «Ҳама чиз барои сулҳ ва инсоният», «Китоб ва хониш сарҳад надоранд», «Тарзи ҳаёт – таҳаммулпазирӣ», «Дўстии халқҳо», «Кишвари ман», «Оид ба адабиёту фарҳанги ҳалқҳои Иттиҳод мо чиро медонем», «Китоби дўстоштаи ман» ва ғайра низ ташкил кардан мумкин аст.
Иштирокчиёни озмун кўдакони ду гурўҳи синну соли зерин шуда метавонанд:
- кўдакони синни томактабии аз 3 то 4 сола;
- кўдакони синни мактабии то 15 сола.
Макони баргузории озмунҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, коллеҷҳо, китобхонаҳо, дўконҳои китобфурўшӣ, кўдакистонҳо, мактаб - интернатҳо, муассисаҳое, ки бо кўдакони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ кор мекунанд, муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ, хонаҳо, қасрҳои фарҳанг мебошанд.
Китобхонаҳо, дўконҳои китобфурўшӣ, муассисаҳои соҳаи маориф озмуни расмҳоро дар муддати 20 - 30 рўз гузаронида, натиҷаи онро то 1 апрел ҷамъбаст ва 8 - 10 адад расми беҳтаринро интихоб карда, онҳоро нусхабардорӣ (сканирование) намуда, тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. (Тамос: 223-04 - 72, 227 – 22 - 57) ба суроғаи Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ ирсол менамоянд. Кумитаи тадорукоти Фестивал 60 - 100 расми беҳтаринро интихоб намуда, дар ҷамъбасти фестивал онро манзури тамошобинон мегардонанд. Рассомони ҷавон бо диплом, китоб, рўзнома, маҷаллаҳое, ки дар он расми кашидаашон чоп шудааст, дар ҷамъбасти фестивал сарфароз гардонида мешаванд.
Озмуни «Расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона» дар ду давр баргузор мегардад:
Даври аввал – дар китобхонаҳо ва дўконҳои китобфурўшӣ;
Даври дуюм – ҷумҳуриявӣ.
Аз рўи натиҷаи даври якум расмҳои беҳтарин интихоб гардида, ба Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ ва ҳайати ҳакамон пешниҳод мешаванд. Яке аз ғолибони озмун ба нишони қадрдонӣ ҷиҳати иштирок дар ҷамъбасти Фестивал ба сафари дурўзаи шаҳри Душанбе фиристонида мешавад.
Давраи сеюм – ҷамъбастӣ, дар шаҳри Душанбе.
Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ 10 - 15 адад расми беҳтаринро интихоб намуда, барои чоп ба рўзнома ва маҷаллаҳо ирсол менамоянд.
4.2. Озмуни «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО:
Иштирокчиёни озмуни мазкур хабарнигорон ва матбааи рўзномаву маҷаллаҳо, шабакаи садо ва симо, веб - сомонаҳо, фаъолони шабакаҳои махсус ба ҳисоб мераванд.
Кумитаи тадорукоти Фестивал ба ХОВАР, ВАО - и касбӣ, нашрияҳои машҳур, шуъбаҳои радио ва телевизион, китобхонаҳо, ташкилотҳои савдои китоб, муассисаҳои фарҳанг ва маориф, ки дар ташкил ва баргузории Фестивал саҳм мегиранд, варақаи мабтуотӣ (пресс - релиз) ирсол менамояд.
Муҳлати баргузории озмун моҳҳои феврал - апрел ва пешниҳоди мавод ба Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявии фестивал 5 апрел мебошад.
Маводе, ки дар матбуот чоп мешавад, дар радио садо медиҳад, тавассути телевизион пахш мешавад, дар Веб - сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир карда мешавад, бояд ба мавзўи озмун мувофиқат кунад.
Кумитаи тадорукоти фестивал ва ҳайати ҳакамоти озмун бо маводи пешниҳодшуда шинос гардида, ғолибонро муайян мекунад.
Мукофотонии ғолибон ҳангоми ҷамъбасти натиҷаҳои Фестивал доир мегардад.
4.3. Сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон»:
Дар доираи барномаи Фестивал баргузор намудани сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон» ба мақсад мувофиқ аст. Сабқатҳоро Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», дўконҳои китобфурўшӣ мегузаронанд. Онҳо дар давоми моҳҳои феврал - март шумораи китобҳои фурўхташударо муайян намуда, то 1 апрел натиҷаи фурўши китобҳои кўдакона ва дигар ҳомилҳои электронии иттилоотиро ба Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ ирсол менамоянд.
Кумитаи тадорукот маводи мазкурро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, нашриётҳои маҳаллиеро, ки маҳсулоти чопиашон дар семоҳаи якуми солӣ ҷорӣ аз ҳама бештар мавриди ниёз ва фурўш гардидааст, қадрдонӣ менамояд. Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявӣ маводи ҷамъбастиро дар бораи фурўши китобҳои кўдакона то 5 апрел ба Кумитаи тадорукот ирсол менамояд. Кумитаи мазкур маводи ирсол намудаи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро таҳлилу баррасӣ мекунад, фурўхташавандатарин китоб ва нашриёте, ки чунин китобро дар миқёси ҷумҳурӣ чоп намудааст, муайян мекунад.
Мукофотонии нашриёти ғолиб дар ҷамъбасти фестивал доир мегардад.
4.4. Озмуни ҷумҳуриявии “Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон”:
Ҳамасола дар давоми моҳҳои январ - март китобхонаҳо шумораи китобдиҳӣ ба хонандагони ҷавонро ҷамъбаст намуда, натиҷаи онро то 1 апрел ба Кумитаи тадорукоти ҷумҳуриявии Фестивал пешниҳод мекунанд.
Кумитаи тадорукот бо маводи мазкур шинос гардида, натиҷаи онро ҷамъбаст намуда, дар расми ботантанаи ҷамъбасти Фестивал фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавонро бо мукофот сарфароз мегардонад.
4.5. Озмуни «Ровиёни ҷавон»:
Даври якум: дар муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
Даври дуюм: дар китобхонаҳо ва дўконҳои китобфурўшӣ;
Даври сеюм: дар шаҳри Душанбе, ҷамъбаст ва мукофотсупорӣ.
Кумитаи тадорукоти Фестивал ва ҳайати ҳакамон аз озмуни ровии ҷавон натиҷагирӣ намуда, ровиёни беҳтаринро интихоб менамояд, онҳоро бо диплому ифтихорномаҳо, ҷоизаҳо ва тўҳфаҳо – китобҳои бачагона сарфароз мегардонад. Дар чорабиниҳо ҳунармандон, коллективҳои рақсӣ ва адибони бачагон баромад мекунанд. Ғолибон, лауреатҳо ба нишони қадрдонӣ ба муҳлати 2 рўз, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷамъбасти Фестивал ба шаҳри Душанбе фиристонида мешаванд.
Дар расми ботантана тамоми иштирокчиён бо ифтихорномаву дипломҳо, китобҳои бачагона ва ҷоизаҳо (тўҳфаҳои хотиравӣ) сарфароз гардонида мешаванд.
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар чорабиниҳои Фестивал ширкат меварзанд. Дар фестивали мазкур онҳо бо диплому ифтихорномаҳо, китобҳои бачагона, ҷоизаҳо ва албоми расмҳои эҷоднамудаи кўдакон - сокинони ҷумҳурӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар саҳифаҳои рўзномаву маҷҷалаҳо акси ғолибони озмуни ровиёни беҳтарин ҷой дода мешаванд.
4.6. Баргузории озмунҳо аз қабили –«Оилаи ҳунарманд», «Дастони тиллоӣ» (барои беҳтарин намунаҳои дастранҷи шогирдони устоҳои соҳаи ҳунарҳои мардумӣ) «Иншои беҳтарин», «Навқалам», «Вориси Сомониён», «Беҳтарин китобхонаи бачагона», «Беҳтарин китобхонаи мактабӣ», «Китобдўсти ҷавон», «Китоби дўстдоштаи ман», «Ровии беҳтарин», Адиби сермаҳсул», «Боғча хонаи мо», викторинаҳо – «Оё Шумо медонед?» ва муқаррар намудани ҷоизаҳои фестивал «Ғолиби викторина», «Барои қироати беҳтарин» (шеър, афсона, ҳикоя ва ғайра), «Барои беҳтарин намоишгоҳи китоб», «Аниси хонадони мо» (барои оилаҳои китобдўст) ва амсоли ин.

5. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ

Фестивал зина ба зина аз деҳот то пойтахт аз 2 то 9 апрели соли равон баргузор мегардад. Фестивал санаи 2 апрел дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ ва китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, китобхона – филиал ва китобхонаҳои мактабӣ таҳти унвони «Тараннумгари сухан» ба таври тантанавӣ оғоз меёбад.
Дар ҷамъбасти фестивал 9 апрел бахшида ба 80 - солагии нависандаи бачаҳо Насим Раҷаб дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма намоиши идона баргузор мегардад.
Баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани фестивал ҳар сол дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад. Ситоди мазкур фаъолияти кумитаҳои тадорукот, ҳайатҳои корӣ ва эҷодии фестивалро, ки дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо созмон дода шудаанд, мутобиқ гардонида, ба онҳо ёрии амалию методӣ мерасонад.
Дар назди китобхонаҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки китобдорони варзида, олимону адибон, намояндагони раёсат, шуъбаҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма кумитаҳои тадорукот, ситодҳои корӣ ва ҳайати ҳакамон доир ба озмунҳо созмон дода мешаванд.
Ҳайати корӣ ва эҷодии фестивал таҳти унвони «Тараннумгари сухан» дастури методию таълимиро таҳия менамоянд, ки дар он Низомномаи фестивал, шарти озмунҳо, Паёми шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сенарияи баргузории фестивал, сенарияи композитсияҳои адабӣ - бадеӣ, маълумотномаи адибони соҳибҷашн, фикру андешаҳои адибону олимон оид ба фестивал, барнома ва даъватномаи фестивал чоп карда мешаванд.
Дар шумораҳои махсуси маҷаллаи «Истиқбол» ва рўзномаҳои «Анбоз», «Баҳори Аҷам» низомномаи фестивал, таърихи он, таърихи китобхонаҳои ҷумҳурӣ, нашриёт, чопхона маълумотҳо оид ба адибону олимони соҳибҷашн, сенарияи чорабиниҳои фестивал (композитсияи адабӣ - бадеӣ, суҳбат, хулосаи библиографӣ, тарҳи намоиши китоб, андешаҳои иштирокчиёни фаъоли фестивалҳои гузашта, навқаламон, ҷараёни баргузорӣ, инчунин тавсифи китобдорону хонандагони беҳтарини солҳои 2019 - 2020 ва ғайра) чоп мешаванд.
Дар баргузории фестивал бо салоҳдиди созмондиҳандагон як рўзи фестивал дар саросари ҷумҳурӣ ба яке аз мавзўҳои зерин: ба ифтихори 29 - солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 - солагии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018 - 2028», Солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», инчунин ба ҷашну зодрўзи адибону олимон ва китобҳои тозанашре, ки дар соли 2019 - 2020 чоп шудааст, бахшида мешавад.

6. ТАЛАБОТИ ОЗМУНҲОИ ФЕСТИВАЛ

Бо мақсади муайян намудани ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъин мегарданд, ки онҳо ба масъалаҳои зерин баҳогузорӣ менамоянд:
- вазъи фароҳамсозии шароитҳои мусоид барои мутолиаи китоб, тадбирҳо ҷиҳати ободонии китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ.
- теъдод, моҳият, сифат ва мундариҷаи чорабиниҳои гуногуни оммавӣ барои кўдакон ва наврасон;
- сатҳи таъминоти китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ, телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва истифодабарии самаранок аз он ;
- сатҳии таъминоти фонди китобхонаҳои бачагона ва мактабии ҷумҳурӣ бо осори чопӣ ва дигар маводи иттилоотӣ, аз ҷумла бо адабиёти тозанашри бачагона;
- вазъи таъминоти китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ бо мутахассисони соҳибмаълумот;
- тарзи ҳуҷчатгузорӣ дар китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, мавҷудияти нақша, аз ҷумла нақшаи баргузории маҳфилҳо ва сенарияи чорабиниҳо (намоиши китобӣ, хулосаи библиографӣ, субҳи адабӣ, сўҳбатҳои гурўҳӣ ва инфиродӣ, хониши бадеӣ, байтбарак, конфронси хонандагон, мулоқоту вохўриҳо бо адибону олимон, викторинаҳо, лавҳаҳои китобхонавӣ);
- сатҳу сифати ҳамкории китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо, иттифоқҳои эҷодӣ, волидайни хонандагон, муассисаҳои томактабӣ дар самти ҷалби кўдакону наврасон ба хониш.
-ташкили вохўриҳо дар китобхонаҳо, ташкилотҳои савдои китоб, кўдакистонҳо, мактаб - интернатҳо, муассисаҳо барои кўдакон бо имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ, муассисаҳои ислоҳи меҳнатии бачагона бо адибони муосире, ки барои кўдакону наврасон асар меофаранд.

7. ХАРОҶОТИ МОЛИЯВИИ ФЕСТИВАЛ

Хароҷоти чорабиниҳои Фестивал, ки ба зиммаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудаанд аз ҳисоби маблағҳои соли 2020 - уми Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53, аз 9 феврали соли 2016 тасдиқ гардидааст, пардохт мешаванд.
Хароҷоти баргузории фестивал дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сафарбарии фаъолону ғолибони озмунҳо, адибони маҳаллӣ барои иштирок дар ҷамъбасти фестивал, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз ҳисоби маблағҳои бахш ва шуъбаҳои фарҳангу маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохта мешавад. Дар баргузории фестивал, ҳавасмандгардонии созмондиҳандагону иштирокчиёни он ба сифати сарпараст шахсони воқеию ҳуқуқии ватанию хориҷӣ, сармоядорон ҳиссагузорӣ карда метавонанд.

8.МУКОФОТҲОИ ФЕСТИВАЛ

Дар ҷараёни фестивал озмунҳои гуногун гузаронида шуда, ғолибони онҳо бо китобҳо, туҳфаҳо, армуғонҳо, ифтихорномаву дипломҳо мукофотонида мешаванд.
Созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омўзгорон, хонандагон, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, тўҳфаҳо, инчунин бо ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.