Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 16:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи намоиши аксҳо таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари орзуҳо”

28 феврали соли 2020 дар толори Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши аксҳои аксбардор Шӯҳратҷон Ёров таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари орзуҳо” ифтитоҳ гардид.

Намоиш ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар аксҳои ба маъразгузошташуда манзараҳои нотакрори диёри зебоманзари мо, дастовардҳои Истиқлолият, урфу одат ва мардуми тоҷик инъикос гардидаанд.

Дар расми ифтитоҳи намоиш Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова ҳозиринро хайрамақдам гуфта, суханро ба муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода дод. Мувоини вазири фарҳанг оид ба саҳми аксбардор Шӯҳратҷон Ёров дар соҳаи фарҳанг ҳарф зада, ба ӯ парвози баланди эҷодиро таманно намуд.

Дар ифтитоҳи намоиш инчунин академик Кароматулло Олимов, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Заур Дахте, профессор Иброҳим Усмонов суханронӣ намуданд.

Мухлисони санъати аккосӣ метавонанд, ки аз намоишгоҳи мазкур тӯли як моҳ дидан намоянд.