Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 15:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

САРАЗМИ КӮҲАН-ИФТИХОРИ ВАТАН

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб чорабинии пуршукӯҳ дар мавзӯи “Саразм-ёдгории бузурги таърихист” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини директори Китобхонаи мазкур Абдулҳакимзода Саодат дар мавзӯи “Саразми кӯҳан-ифтихори Ватан” суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки 31-июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012-2020» қабул шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ёдгории Саразм таҷассумгари дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳунармандиву кишоварзӣ дар ҳаёти аҷдодони қадими ориёии мо дар асри биринҷӣ ба шумор меравад. Инчунин ҳозирин суханрониҳои пурмуҳтавои директори генералии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотам, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, лейтенанти калони милитсия Марҷонаи Аҳмадро шунида, зарур донистанд, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз намоянд, обод гардонанд ва бо онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати кӯҳанбунёд муносибат намоянд.

Боиси сарфарозию ифтихори мо ворисон аст, ки бо шарофияти истеъдоду ҳунари волои шаҳрсозию ҳунармандӣ ва маърифати баланди ватанхоҳию меҳанпарастии ниёкони баору бовиҷдонамон имрӯз моро ҷаҳониён ҳамчун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун эътироф менамоянд. Аз ҷумла, ёдгории Саразми бостонӣ ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Обидзода С.Р- директори
Китобхонаи оммавии
вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ