Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 16:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории семинари ҷумҳуриявии “Китоб – равшангари дилҳо”

5 марти соли 2020 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Китоб – равшангари дилҳо” бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” ба кори худ оғоз кард.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода иштирок кард ва ба иштирокчиёни семинар барои боз ҳам дар сатҳи баландтар гузаронидани фестивали имсола барору комёбӣ таманно намуд.

Қабл аз ифтитоҳи семинар ҳозирин дар саҳни китобхона гулшинонӣ карданд ва аз намоиши китобҳо дидан намуданд.

Дар семинар инчунин олимону коршиносони соҳаи китобдорӣ, роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои табъу нашрии Вазорати фарҳанг иштирок менамоянд.

Дар чорабинӣ, мавзӯъҳои гуногуни соҳаи китобдорӣ, таҳкими фаъолияти китобхонаҳо, баланд бардоштани фарҳанги мутолиа, ҷалби ҳарчӣ бештари хонандагон ба китобхонӣ ва нақши фестивалҳо дар ин ҷода баррасӣ мегарданд.

Семинар имрӯз низ кори худро идома медиҳад. Баъди зӯҳр иштирокчиёни семинар, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногун меҳмони пойтахт шудаанд, аз Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои шаҳри Душанбе дидан менамоянд.