Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 16:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Олимхон Рабиев - Академики Академии миллии дизайни Россия

 

Мусаввири шинохтаи тоҷик, раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон Олимхон Рабиев барои ҳиссаи арзанда ба рушди санъати тасвирӣ, ороиш ва тарроҳии мавзеъҳои фарҳангии номдор ва ҳамкории зич барои таҳкими муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия бо унвони баланди Академики Академии миллии дизайни Россия мушарраф гардид.
Чанде пеш дар ҷаласаи васеи Президиуми Академии миллии дизайни Россия Президенти Академияи мазкур В.Р.Аронов ба Олимхон Рабиев шаҳодатнома ва гувоҳномаи унвонро дар вазъи тантанавӣ супорид.
Олимхон Рабиев 17 апрели соли дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи Коллеҷи рассомии ба номи М. Олимов ва Донишкадаи давлатии фарҳанги ба номи М. Турпсунзода аст. Солҳои зиёд дар вазифаҳои зиёди роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ фаъолият бурдааст. Дар ташкили намоишҳои мусаввирӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишварҳои гуногун фаъолона иштирок менамояд. Мусаввараҳои ӯ бо сабки хос ва нотакрор на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ мухлисони зиёд доранд.
Олимхон Рабиев бо Ордени «Шараф» дараҷаи 1 мушарраф гардидааст. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктори фалсафа дар соҳаи санъати чаҳонии Донишгоҳи байналмилалии Оксфорд, Профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдии Санкт –Петербург ва дорандаи чандин орден ва унвонҳои дигар мебошад.