Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 15:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрӣ бо бонувони фаъол таҳти унвони «Таъзим мекунам боз бар пеши пои модар»

Дар толори китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ вохӯрӣ бо бонувони фаъол таҳти унвони "Таъзим мекунам боз бар пеши пои модар" бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид.

Чорабиниро директори китобхона М.Расулова ҳусни ифтитоҳ башида, ҳозиринро бо Рӯзи модар табрик намуд. Дар чорабинӣ, Усмонова Фароғат - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МҲИД-и вилояти Суғд, Раҳимова Хайринисо-собиқадори соҳаи китобдорӣ, Хуршеда Содиқова-собиқадори соҳаи матбуот, корманди рӯзномаи "Согдийская правда", Мирзоева Иноятҷон - собиқадори соҳаи фарҳанг, корманди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии "ҚАЛЪАИ Хуҷанд", Зокирова Махфират- муҳандис-бинокори ҶДММ "Суғд-Шаҳофар", Бойматова Мавҷуда-корманди илмии табъу нашри осорхона, Муллоева Латофат-муовини директор оид ба корҳои тарбиявии гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил иштирок доштанд. 

Дар чорабинӣ хонандагони гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалил композитсияи адабӣ-мусиқии омодакардаи худро пешкаш намуда, дар васфи модар шеъру таронаҳо қироат намуда, сурудҳо сароиданд. Саҳнача бо номи "Қадри модар" намоиш дода шуд. Рақси "Модарҷон", "Рӯи ҳавлӣ" ва рақси сафед бо номи "Зан" хеле ҷолиби диққат буд. Меҳмонон дар васфи зан, модар сухан карда, хонандагонро дар пос доштан, эҳтироми бибиву модарони худ, омӯзгорон ҳидоят намуда, рафтори намунавӣ, хониши хубу аъло, китобхонӣ таманно намуданд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки баҳор бо ҷашни зебои меҳофарин-Рӯзи модар муҷдаи рози наву паймони тозаро меорад ва беҳтарин ҳадя ин пайки эҷоди чакомаи меҳру ихлосу эҳтиром ба модар аст. Онгуна ,ки Модар ҳам оғози зиндагию меҳвари умр аст, розпечу печопечи якдигаранд. Ин ҳарфҳои сабзи мо ба Модар, ба аллаи ӯ, ба садоқату матонат ва шафоату шарофати ӯ ниёйишест, ки оғоз дораду анҷом не! Ин ниёйиши қалби саршор аз муҳаббат ба модар ва раҳпӯйиҳою интизорҳои ширин ба истиқболи Баҳори гулафшону хуҷастапай аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда касро ба ҳайрат меорад. Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффарият, хуршедест нурафшон, дарёест пуртуғён, шӯълаест дурахшон, баҳрест беканор.