Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 15:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷасала бо иштироки намояндагони Агентии мубориза бо коррупсия дар Вазорати фарҳанг

11 марти соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба натиҷаҳои санҷиши иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои зерсохтори он баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини аввали вазири фарҳанг Обид Назариён, муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунзода, сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии мазкур Насим Шамсиддинзода, инчунин роҳбарон ва кормандони тамоми муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода оғоз гардид. Вазири фарҳанг оид оқибатҳои номатлуби фасод ҳарф зада, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои муқовимат бо коррупсия муттаҳид бошанд.
Муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунзода дар бораи натиҷаҳои санҷиши иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, ки аз 10 то 20 феврали соли 2020 гузаронида шуд, инчунин иҷроиши Нақшаи дохилиидоравии Вазорат вобаста ба Стратегия ҳарф зад.

Зикр гардид, ки моҳияти ба вуҷуд овардани андеша, рафтор ва кирдори зиддикоррупсионӣ пеш аз ҳама дар иртибот бо чунин ғояи солими созанда неруи зеҳнию ақлониро тақозо дорад, то ки дар тафаккури ҷомеа ин зуҳуроти номатлуб маҳкум шавад ва тавлиду камоли афкори солим алайҳи фасод барои дар доираи Қонун бо ҳиси масъулият кор кардани мансабдорон ва дар рўҳияи зиддикоррупсионӣ тарбия намудани насли ҷавон як омили асосӣ бошад. Дар ин кори муҳим дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аҳли фарҳангу адаб, чун адибону шоирон, ноширон, рассомон, сенариянависон, коргардонҳои театру кино, оҳангсозон ва аҳли кормандони Вазорати фарҳанг нақши муҳим гузошта метавонанд.

Шодком Турсунзода иброз дошт, ки аҳли фарҳанг барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум нисбат ба фасоду порагирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани инсон дар натиҷаи даст задан ба ин амал ҳиссаи арзанда гузошта метавонанд. Барои ин таҳияи намоишҳои театрӣ, нашри китобҳо ва дарҷи мавод дар рӯзномаву маҷаллаҳо воситаи хубе мебошанд. Номбурда таъкид кард, ки Вазорати фарҳанг минбаъд бояд ба таҳияи лавҳаҳои кӯтоҳи видеоӣ низ таваҷҷӯҳ намояд.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби ҳозирин суолҳои марбут ба мавзӯъ дода шуда, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо посух гуфтанд.

Боиси зикр аст, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ кардани Нақшаи дохилиидоравии худ як қатор чораҳои амалӣ андешидааст. Дар муассисаҳои нашриёти адабиётҳои илмию омавӣ дар мавзуҳои зидди фасод, дар маҷҷалаю рўзномаҳо як қатор мақолаҳо ба табъ расонида шудаанд. Инчунин дар муассисаҳои театрӣ намоишномаҳо вобаста ба ин падидаи номатлуб рўи саҳна оварда шуд. Ҳамзамон дар муассисаҳои таълимии сохтори вазорат саҳначаҳои ҳаҷвӣ зери танқиди омилҳои коррупсионӣ гузаронида шудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар муассисаи таълимӣ аз ҷумла, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе, Колеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шахри Кўлоб ва Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Партов Буйдоқов вохурӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимои-коррупсионӣ, қонунвайронкуниҳо, дар миёни ноболиғон ҷавонон вохуриҳо гузаронида шуданд.