Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 16:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар анҷумани XV ғайринавбатии Иттифоқи композиторон Амирбек Мӯсоев раиси иттифоқи мазкур интихоб гардид

 

10-11 марти соли 2020 Анҷумани XV ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.
Тибқи қарори Анҷуман, Мўсоев Амирбек Қараевич Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид.
Мавсуф дар ин вазифа Хуршед Низомовро, ки аз моҳи апрели соли 2017 роҳбарии ин ниҳоди эҷодиро ба зимма дошта, чанде пеш ба вазифаи Директори Маъмурияти гуруҳҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, иваз намуд.
Вакилони Анҷуман бобати ташаккули раванди нерўи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъати композиторӣ, рушди санъати мусиқии касбии тоҷик, ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ ва фаъол намудани тафаккури бадеии аҳли ҷомеа, инчунин тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуданд.
Вакилони Анҷуман қайд намуданд, ки боиси сарфарозии аҳли эҷод аст, ки имрўз масъалаҳои ҳифз ва рушди санъати миллӣ, дастгирии шаклҳои гуногуни мусиқии касбӣ аз ҷумла, эҷодиёти композиторону мусиқишиносон ва ҳунармандон, инчунин омоданамоии кадрҳо зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин радиф, таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон аз падидаҳои нодири фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд, ки маҳз бо иқдоми Пешвои муаззами миллат амалӣ гардиданд.
Вакилони Анҷуман аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Сарвари давлат нисбати аҳли эҷод изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуданд, ки тамоми саъю кўшиши худро баҳри татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди мусиқии касбии тоҷик равона хоҳанд намуд.

Маълумотнома

Мусоев Амирбек – композитор, навозанда (ғижак), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2008).
Аз соли 1976 то 1980 дар Омўзишгоҳи мусиқии Душанбе дар синфи ғижак таҳсил намуда, шуъбаи созҳои миллии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодарохатм намудааст. Ҳамзамон, ба таври факултативӣаз профессор Ш.Сайфиддинов композитсияро омўхта, таҳсилоти композиториро дар синфи Т.Шаҳидӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов идомадодааст.
Аз соли 1986 то соли 1993 ба ҳайси навозанда (баъдан дирижёр)-и оркестри созҳои халқии назди Кумитаи телевизион ва радио, 1993 – 1997 – сармуҳаррири барномаҳои мусиқии радиова телевизиони ҷумҳурӣ кор мекунад.
Аз соли 1990 аъзои Иттфоқи композиторони Тоҷикистон, солҳои 1998 – 2003 – котиби масъули Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб мегардад.
Аз соли 2003 то инҷониб,ба ҳайси омўзгори факултаи мусиқии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов декан ва проректор оид ба корҳои эҷодӣ фаъолият дорад.