Сомонаи пешина | Шб, 15 Август 2020 / 09:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нашри китоби “Тараннумгари сухан” бахшида ба Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон

 

Китобхонаи давлатии бачагонаи умҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» дастури таълимӣ – методӣ таҳти унвони “Тараннумгари сухан”-ро ба табъ расонид.

“Тараннумгари сухан” зери назари Вазири фарҳанги умҳурии Тоикистон Зулфия Давлатзода таҳия гардида, мураттибони он сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Қурбон Ғуломзода ва корманди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Муҳаббат Юсупова, муҳаррирон Сафар Шосаидзода ва директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусайн Сафарзода мебошанд.

Дастури таълимӣ - методӣ Низомномаи фестивал,номгўи чорабиниҳо, намунаи сенарияҳо, андешаҳои иштирокчиёни фаъоли фестивалро инъикос менамояд. Дастур барои донишҷўёну омўзгорон ва муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдорӣ пешбинӣ шуда, дар нашриёти “Истеъдод” дар ҳами зиёда аз 200 нусха бо сифати баланд ба табъ расидааст.