Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 16:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯзи дарҳои кушоди Коллеҷи фарҳанг

16 марти соли 2020 дар муассисаи таълимии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Рӯзи дарҳои кушод бо мақсади шинос намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ аз шароити таҳсил дар муассисаи таълимӣ, маълумот додан дар бораи ихтисосҳои мавҷуда ва ҷалби бештари довталабон ба Коллеҷи фаҳанг дар соли таҳсили 2020-2021 гузаронида шуда, дар рафти он аз ҷумла, хатмкунандагони Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 9 ва №73 бевосита бо шароити мавҷудаи таълимгоҳ ошно шуданд.

Довталабонро устодони масъули Коллеҷи фарҳанг, аз ҷумла муовини директор оид ба таъдим Аттоев Абдураҳмон, мудири китобхона Нематов Мирзо, омӯзгорон Собиров Тоҳир, Саидов Мҳаммад ва дигарон роҳбалида карда, онҳоро бо устодону донишҷӯён, китобхона, синфхонаи компютерӣ, аудиторияҳои муҷаҳаз, толори варзишӣ, хобгоҳи таълимгоҳ шинос намуданд.

Дар рафти сӯҳбату вохӯриҳо зикр гардид, ки айни ҳол дар Коллеҷи фарҳанг аз рӯи ихтисосҳои таълими мусиқӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ (фолклор) мутахассисони миёнаи касбӣ таёр карда мешавад. Барои ба талаботи бозор ҷавобгӯ таёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг дар Коллеҷ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё мебошад.

Шумораи довталабон, ки зиёда 60 нафарро ташкил медод, изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳуҷҷатҳояшонро ба Коллеҷ супорида, дар оянда мутахассис шуда, дар рушди фарҳанг саҳми худро мегузоранд.

Миралӣ Воҳидов