Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 15:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили идона таҳти унвони “Сафои субҳи хонадон аст, Наврӯз”

 

Дар китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ субҳи адабии идона таҳти унвони “Сафои субҳи хонадон аст, Наврӯз” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, Усмонова Фароғат-мутахассиси пешбари Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МҲИД-и вилояти Сущд, Раҳимова Хайринисо собиқадори соҳаи китобдорӣ, Раҳмонов Абдураҳмон- мушовири Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот,варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Саиднабӣ Наҷимӣ- рӯзноманигор, адиби кӯдакон Камоли Рӯмон, шоири бачаҳо, омӯзгори мусиқӣ, Азимова Мукаррам-раиси Шӯрои кумитаи занҳои маҳаллаи Ҷ.Расулов, Сайфиева Шарифа-роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, инчунин хонандагони фаъол ва муштариёни доимии китобхона иштирок доштанд.

Чорабиниро директори китобхона М.Расулова ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи аҷам табрик намуд. Хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ №49- н.Б.Ғафуров композитсияи адабӣ-мусиқии омода кардаи худро пешкаш намуда, дар васфи баҳору Наврӯз шеъру таронаҳо қироат намуда, суруди “Бойчечак” ва “Наврӯз”-ро сароиданд. Рақси зебо аз тарафи хонандагон хеле ҷолиби диққат буд. Меҳмонон дар васфи баҳор, Наврӯз, аз таърих, анъана, оинҳои наврузӣ сухан карда, хонандагонро дар пос доштан ва эҳтиром намудани суннатҳои ниёгони худ ҳидоят намуда, ба хонандагони китобхони рафтори намунавӣ, хониши хубу аъло таманно карданд ва гуфтанд, ки мунтазам китоб хонанд.

М. Болтубоева,
мушовири китобхонаи вилоятии
бачагонаи ба номи А.Шукӯҳӣ