Сомонаи пешина | Ҷм, 03 Апрел 2020 / 16:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи фарҳанг

20 марти соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи фарҳанг конфронси илмӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” бо иштироки олимону зиёиён, собиқадорони соҳа, адибону ҳунармандон, кормандони муассисаҳои зертобеи вазорат баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани табрикотии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ҳусни ифтитоҳ ёфт. Вазири фарҳанг аҳли фарҳангу ҳунарро бо Рӯзи фарҳанг ва Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта иброз дошт:

“Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ватан ва зери сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳангу санъати миллӣ рӯ ба инкишоф ниҳода, баҳри рушди соҳа тадбирҳои муҳиму саривақтӣ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ амалӣ шуда истодаанд”.

Баъди табрикот Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода фаъолони соҳаро бо нишонҳои “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, инчунин Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда, ба собиқадорон туҳфа ва Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.

Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат Ҷурбон Ғуломзода оид ба нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар татбиқи амалии сиёсати фарҳангии ҳукумати кишвар ибрози андеша намуд. Ӯ изҳор дошт, ки вазифаҳои глобалии муассисаҳои фарҳангию иттилоотии кишвар дар ибтидои асри бисту як иборат аз ба шаҳрвандон, хусусан ба ҷавонон фаҳмонида додани роҳи стратегии фарҳанг, аз ҷумла ташвиқу тарғиб ва дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, мунтазам баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маънавиёти шаҳрвандон мебошад.

Сипас директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, Шариф Комилзода дар мавзӯи “Рисолати ваҳдатофарии фарҳанг дар андешаҳои Пешвои миллат”, муовини директори пажӯҳишгоҳи мазкур, номзади илмҳои таърих Абӯбакр Зубайдӣ дар мавзӯи “Таҷаллии фарҳанги миллӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи “Рушди ВАО” дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат” баромад намуда, ба суолҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.

Инчунин имрӯз дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тобеи вазорат ба муносибати таҷлили Рӯзи фарҳанг чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ,дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунар, қадрдонии фаъолони соҳа сурат гирифтанд.

Боиси зикр аст, ки моҳи апрели соли 2017 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловҳо ворид намуданд, ки тибқи он 20 март ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи фарҳанг бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешавад.