Сомонаи пешина | Дш, 01 Июн 2020 / 17:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар семоҳаи якуми соли 2020 баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, ғанӣ гардондани дунёи ботинии ҳамзамонон, шинохти таърихи гузаштаву имрўза ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ равона намуда, ба натиҷаҳои муайян ноил гардид. 

Дар ин муддат, дар мамлакат чорабиниҳо дар робита ба ҷашнҳои муҳими милливу таърихӣ, инчунин таҷлили 27-солагии таъсисиёбибии Қувваои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд, вохўрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намондагони соҳаи илму маориф ва зиёиёни эҷодкор, «Рўзи зиёиён» ва «Рўзи фарҳанг»бо мундариҷаи нав дар сатҳи баланд доир карда шуда, баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили Фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон», ҷашни Сада, Озмуни «Сайри гули лола» баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат ва ғанӣ гардидани фазои фарҳангии мамлакат заминаҳои ҷиддӣ фароҳам оварданд.

САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ СОҲА. Вазорати фарҳанг ҷиҳати таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг силсилаи тадбирҳоро андешида истодааст.
Дар ин замина, баҳри мутобиқгардонии мундариҷа ва самти фаъолияти муассисаҳои фарҳанг ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, таҷдид ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори соҳаи фарҳанг, бунёди заминаи моддӣ-техникии замонавии муассисаҳои фарҳанг, фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу ҳунар ба низоми ягонаи таҳсилот тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонии меҳнат, таъмини шароит баҳри ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд.
Аз ҷумла, баҳри дар сатҳи баланди касбию бадеӣ доир намудани чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ҷиҳати амалигардонии нишондодҳои барномаҳои соҳавӣ вобаста ба такмили минбаъдаи заминаи ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ ва илмию методии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Дар ин замина, «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021 - 2025» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, лоиҳаи якчанд барномахои дигари соҳавӣ таҳия гардида истодааст.

ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДӢ-КАСБӢ. Яке аз самтҳои фаъолияти бевоситаи муассисаҳои театрию консертӣ ташкили барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ буда, дар ин муддат муассисаҳо бо барномаҳои худ дар баргузории ҷашнҳои Артиши миллӣ, Иди Модарон, Рўзи матбуоти тоҷик, ҷашни байналмилалии Наврўз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд вадигар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат намуданд. Дар робита ба ин, дар семоҳаи якуми соли 2020 аҳли эҷоди муассисаҳои театрию консертӣ дар маҷмўъ дар 46 чорабинии фарҳангӣ ширкат намуданд.
Бо мақсади пуршукўҳ баргузор гардидани 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ, ҳайати эҷодиву маъмурии барномаро аз ҳисоби коршиносони соҳа таъсис дод.
Барномаи консертии идона, ки вобаста ба мавзўъ ва муҳтавои ҷашн: шеъру оҳангҳои тозаэҷод дар васфи Тоҷикистон, ифтихор аз ватану ватандорӣ, сулҳу амният, меҳру муҳаббат ба ин марзу буми аҷдодӣ ва бо ҷалби беҳтарин санъаткорони кишвар таҳия гардида буд, 22 феврали соли 2020 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афсарону аскарони сохторҳои қудратии кишвар дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ баргузор шуд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонувони фаъоли кишвар бахшида ба Рўзи Модар 7 марти соли 2020 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо ҷалби беҳтарин истеъдодҳо ва гурўҳҳои ҳунарӣ барномаи ҷолиби консертӣ таҳия ва пешниҳоди иштирокчиён гардид, ки армуғони идонае барои бонувони кишвар буд.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, 14 марти соли 2020 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба муносибати зодрўзи шоири Ҷумҳурии Ўзбекистон Эркин Воҳидов бо иштироки аҳли адаби Тоҷикистону Ўзбекистон барномаи консертии устодони санъат доир шуд.
Вазорати фарҳанг баҳри дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврўз дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, А.Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ воқеъ дар кўчаи Сино, Майдони 800-солагии Москва ва Муассисаи давлатии «Аҳорун» (Амфитеатр) бо ҷалби гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ ва таълимии Вазорати фарҳанг ва дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио 21 барномаҳои фарҳангиву фароғатиро таҳия ва пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонид.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 марти соли ҷорӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар ва 22 март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд намоишҳои пуршукўҳи театрикунонидашуда баҳри бошукўҳу хотирмон таҷлил намудани Наврўзи байналмилалӣ бо пешниҳоди барномаҳои рангину хотирмон ва истифодаи техникаи муосир баргузор гардиданд.
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, созандагиву ободонӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеа ва репертуари театрҳои касбии мамлакат Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии драмнависон дар мавзўи муосир тасдиқ ва тавассути воситаҳои ахбори омма эълон гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ, ҳамзамон Зимнан, бо иштироки драматургон, коргардонҳо ва роҳбарони театрҳо мизи мудаввар дар мавзўи “Проблемаҳои драматургияи муосири тоҷик” ва бо ҷалби коршиноси соҳа, аҳли адаб ва санъаткорони шинохта дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзўи «Санъати театрӣ ва драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардиданд.
Боиси сарфароизии аҳли фарҳангу ҳунар аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зарурати ҳамасола баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”-ро махсусан таъкид намуда, дар назди мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати фарҳанг вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Вобаста ба ин, 5 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба тасвиб расида, дар ин самт, бобати дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ доир гардидани озмун ҳайати мутасаддиён аз ҳисоби муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳо, гурўҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва кормандони раёсату шуъбаҳо таъсис дода шуд.

МУАССИСАХОИ ТЕАТРӢ. Дар давраи ҳисоботӣ дар театрҳои касбии кишвар 6 асари нав саҳнавӣ гардида, аз ин шумора, 3 намоиш дар театрҳои пойтахт ва 3 намоиш дар театрҳои музофотӣ саҳнавӣ гардиданд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣнамоишномаҳои “Найи сеҳрнок”, балетҳои “Золушка” –и С.Прокофев ва “Шелкунчик”-и П.И.Чайковскийро манзури тамошобинони ҷавону наврас гардонид.
Моҳи феврал бо иштироки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон операи “Хусрав ва Ширин”-и А.Мўсоев намоиш дода шуд.
Ҳайати эҷодии театр дар давоми се моҳ 40 намоиш ва барномаҳои ҳунариро манзури 11999 нафар тамошобинон гардонида, нақшаи молиявиро 151% иҷро намуд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар ин давра намоишҳои навро аз рўи асари Б.Ратсер ва В.Костантинов “Диоген” дар таҳияи С.Усмонов ва асари А.П.Чехов “Хостгорӣ” дар таҳияи Д.Убайдуллоев саҳнавӣ намуд. Ҳамзамон, якчанд маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатзода таҳти унвони “Лутфи ҳунар” бо ширкати кормандони мақомоти амният, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи тамошобинон баргузор гардиданд.
Зимнан, ҷониби Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ лоиҳаи барномаи давлатии рушди санъати опера ва балет барои солҳои 2021-2025 таҳия гардид.
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара дар ин давра намоишро аз рўи асари А.Абдураҳмонов «Тезии корд дар нўги корд» ва асари Ш.Солеҳ “Тавқи лаънат ва номзад” дар таҳияи С.Додарбеков,театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе аз рўи ҳикояҳои “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ “Пайғоми тўтӣ” дар таҳияи З.Ҷаводов, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстоннамоишномаи «Чароғи сеҳрноки Аладдин»-ро дар таҳияи Р.Раҳматуллоева рўи саҳна оварданд.
Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов, Театри мусиқӣ -драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонов ва Театри вилоятии лўхтаки “Афсона” –и шаҳри Бохтар ва Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб, Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд, Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон, Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен, Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом ва Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт дар ин давра баҳри саҳнавӣ шудани намоишҳои нав фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

МУАССИСАҲОИ ЭҶОДӢ- КОНСЕРТӢ. Дар семоҳаи якуми соли 2020 аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 36 суруду оҳангҳои тозаэҷод ва 23 номераҳои нави рақсӣ эҷод ва пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуданд.
Ҳунарпешагон ва гурўҳҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Сада”, 27-солагии Артиши Миллӣ, Рўзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд дар маҷмўъ дар 22 чорабиниҳо иштирок намуда, барномаҳои консертии ҳисоботии ҳунарпешагон Садбарг Ҳасанова, Муборакшо Сафаров, Қобилҷон Зарипов, Файзигул Юсупова, Наврўзалӣ Лутфалӣ ва ансамбли “Тарона ва рақс” дар толори муассиса ташкил ва баргузор гардиданд.
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Иди Наврўз 29 суруди ҳунарпешагони ансамблҳои “Чаман”, “Ганҷина”, “Тарона ва рақс”, “Фалак” аз ҷониби шабакаи телевизиони “Синамо” ва 6 номераи оркестри созҳои миллӣ дар телевизиони “Сафина” сабт карда шуданд.
Аҳли ҳунари Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар семоҳаи якум дар 14 чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 4 барномаҳои консертиро ба тариқи шартномавӣ ташкил намуд. Муассиса нақшаи молиявиро 105,8% иҷро кард.
Ҳайати ҳунарии муассиса 8 суруд ва 10 рақси навро эҷод карда, дар барномаҳои консертӣ иҷро намуданд.
Кормандони Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо» дар ташкил ва баргузории барномаи консертӣ бахшида ба Рўзи Модар, ки 7 март дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” доир гардид, саҳми назаррас дошт.
Муассиса як ҷо бо филиалу намояндагиҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе силсилабарномаҳои фарҳангиро ташкил ва баргузор намуд.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои нақшавӣ иштирок намуда, дар ин давра 10 асари нави мусиқиро эҷод ва пешниҳоди тамошобинон карданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзодабаҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳои 27-солагии Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модарон, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе ва дигар чорабиниҳо бо 5 рақс ва 11 суруду оҳанги нав баромад намуданд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли ҷорӣ бо намоиши “Сирки бузурги Москва ва шерҳои африқоӣ”оғоз намуда, пешниҳоди ҳаводорони санъати сиркӣ намуд.
Тибқи қарордод бо мақсади тавсеаи робитаҳо аз 22 феврал то 29 марти соли 2020 гурўҳи ҳунармандон бо номи “Сирки тиллоии Россия ва ИДМ” даъват гардид, ки аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд.
Ҳунарпешагони муассиса дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ширкат намуданд.
Гурўҳи ҳунармандони муассиса бо назардошти паҳншавии бемории COVID-19 аз Аморати Муттаҳидаи Араб бозхонда шуда, сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои Сингапур, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Хитой, Қазоқистон ва ғайра мавқуф гузошта шуданд.
Маркази эҷодии «Илҳом» таҳияи чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 27-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт, ки он 22 феврали соли 2020 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афсарону аскарони сохторҳои қудратии кишвар дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ баргузор гардид. Ҳамчунин кормандони муассиса дар баргузории намоиши театришуда бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Бохтар саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳунармандони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар ин давра дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рўзи Модар, ҷашни Артиши миллӣ, барномаҳои наврўзӣ ва таҷлили “Рўзи фарҳанг” фаъолона ширкат намуданд.
Бо мақсади болидарўҳӣ ва фароғати кўдакону наврасони душвортарбияву имконияташон маҳдуд 27 феврали соли равон дар Мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барномаи идонаи консертиро таҳти унвони “Файзи Истиқлол” ташкил ва баргузор намуд.

ФАЪОЛИЯТИИҶТИМОӢ-ФАРҲАНГӢ. Айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7070 адад муассисаҳои фарҳангӣ, ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнуъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 6075 китобхона, аз ҷумла 1 Китобхонаи миллӣ, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 7 китобхонаи вилоятӣ, 65 китобхонаи марказӣ, 1205 китобхона – филиал, 79 китобхонаи бачагонаи шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ, 135 китобхонаҳои вазорату идораҳо, 4582 китобхонаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, 2 маҷмааи фарҳангӣ, 319 қаср, кох ва хонаҳои фарҳангӣ, 394 клуби фарҳангӣ, 46 клуби сайёр, 18 марказҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, 7 филармонияҳои халқӣ, 87 боғҳои фарҳангию фароғатӣ, 22 театрҳои ҳалқӣ, 1 намоишгоҳи рассомӣ, 98 осорхона, аз ҷумла 1 Осорхонаи миллӣ, 8 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 3 осорхонаи вилоятӣ, 51 Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 24 осорхонаи вазорату идораҳо, 11 хона – осорхона ва 1 бойгонии фарҳангӣ мебошад.
Тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 24 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақомхонон, 8 ансамбли фалаксароӣ, 20 ансамбли рақсӣ, 8 ансамбли эстрадӣ, 12 ансамбли фолклорӣ – этнографӣ, 2 гурўҳи ҳаҷвнигорӣ - зарофатгўӣ, 1 гурўҳи адабӣ – бадеӣ, 1 гурўҳи карнайнавозон, 1 гурўҳи дойрабадастон, 1 оркестри нафасӣ, 1 оркестри камеравӣ, 3 ансамбли созҳои миллӣ, 1 телевизиони маҳаллӣ, 5 радиои маҳаллӣ, 22 студияи сабти овоз ва 1 маркази матбуот фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, китобхона ва осорхонаи назди вазорату идораҳо 16389 нафар кормандон кор мекунанд, ки аз ин шумора 2222 нафар бо маълумоти олии касбӣ, 3663 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 3365 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси соҳавӣ, 2064 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси ғайрисоҳавӣ, 5075 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, аз шумораи умумӣ 3351 нафар кормандони техникӣ, 7369 мардон ва 9020 нафар занон, 513 воҳиди кории холӣ (вакант) ва 4148 нафар занҳои роҳбар мебошанд. Аз ҳисоби 5075 нафар кормандони маълумоти миёнадошта 3351 нафар кормандони техникӣ мебошанд, 1724 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, 10,5%-ро ташкил медиҳад.
Дар семоҳаи аввали соли равон 25 китобхона дар назди вазорату идораҳо зиёд гардидааст.
Муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2019 баён гардиданд, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар доираи он чорабиниҳои мушаххаси фарҳангию фароғатӣ, фестивалу озмунҳо, баромади дастаҳои ҳунарӣ, конфронсу намоиши китобӣ, мулоқоту вохўриҳо ва дигар тадбирҳоро амалӣ карда истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик»барои солҳои 2021 - 2025 таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №206 аз 31 марти соли 2020 қабул шуд. Инчунин, лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-1339 аз 05.02.2020) ҷиҳати дар сатҳи баланди адабиву маънавӣ ташкил ва баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба баргузории озмуни мазкур ба тасвиб расида, лоиҳаи низомнома оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ва фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» рўзҳои 5 – 6 марти соли 2020 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Китоб - равшангари дилҳо» бо иштироки олимон, адибон ва китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Инчунин Маркази эстетикию эҷодии кўдакону наврасон таҳти унвони «Навниҳол» муаррифӣ шуда, бахшида ба баргузории фестивал аз ҷониби гурўҳи корӣ дастури таълимӣ - методӣ таҳти унвони “Тараннумгари сухан барои донишҷўён ва созмондиҳандагони фестивал” чоп карда шуд.
Аз ҷониби коршиносон дар ин давра таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ворид намудани номинатсияҳои «Рубоб» ва «Сада» ба рўйхати ЮНЕСКО анҷом дода шуд.
Бо мақсади татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №181 оид ба таҷлили «Рўзи фарҳанг» дар миқёси ҷумҳурӣ, инчунин дар сатҳи муносиб баргузор намудани чорабинӣ оид ба рушди минбаъдаи соҳа, дар толори вазорат 20 марти соли равон «Рўзи фарҳанг» ҷашн гирифта шуд.
Дар муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, иду ҷашнҳо, аз қабили Соли нави мелодӣ, ҷашни Сада, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар, Наврўзи байналмилалӣ, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028”, вобаста ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм”, «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 – 2040 силсилаи чорабиниҳо, вохўриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Тўли ин муддат дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 84840 чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо рушди устувори деҳот ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.
Даври аввали озмуни вилоятии «Сурудҳои Наврўзӣ» бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Аз ҷониби масъулини Маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанг рўйхати ғолибони даври аввали озмуни мазкур омода гардид. Даври вилоятии озмуни «Сурудҳои Наврўзӣ» бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз даҳаи дуюми моҳи март дар «Кохи фарҳанги Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ғолибони даври аввал дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.
26 марти соли равон дар Қасри Арбоб фестивали “Атлас ва адраси тоҷик - 2020”, ба ифтихори ҷашни Наврўзи оламафрўз баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ 26 марти соли равон дар ҳамин мавзеи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо - «Сайри гули лола» доир гардид. Ба ин муносибат дар Боғи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонида шуда, 34 намуди ин гулҳои тароватбахш, ба оилаи гулҳои ҳоландӣ мансуб аст ва 10 намуд гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 270 ҳазор дона шинонида шудааст. Намоиши дастурхони идонаи наврўзӣ низ бо унсурҳо ва анъанаҳои хоси ин ҷашни қадимӣ дар ҳамин мавзеъ оро ёфта буд.
Дар ҳудуди вилояти Хатлондар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бахшида ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2406 адад чорабинӣ доир намуда, дар он 345900 нафар тамошобинон ширкат варзиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 152 адад чорабинӣ ва 60211 иштирокчӣ зиёд мебошанд.
Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ - маърифатӣ дар сатҳи баланд доир гардиданд, ки дар онҳо зиёда аз 4500 нафар иштирок намуданд. Ҳамзамон, рўзи 7 апрели соли 2020 вохўрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони муассисаҳи фарҳанги вилоят доир гардид.
Дар шаҳри Ваҳдат то ин давра дар ҳамбастагии тамоми муассисаҳои фарҳангии шаҳр 272 адад вохўрию мулоқотҳо, конференсияю маҳфилҳои саволу ҷавоб ва адабӣ, озмуну викторинаҳо, чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ доир гардиданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад зиёд мебошад.
Вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастгирии ҳунармандон ва муаррифии маҳсули эҷоди онҳо фестивалу озмунҳо доир гардиданд, ки дар баргузории он аҳли фарҳангу санъати кишвар саҳми муносиб доштанд.
Санаи 26 январи соли 2020 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада бо шукўҳу шаҳомати хоса, бо риояи унсурҳои ҷашнгирӣ аз суннатҳои ниёгон, намоиши ниҳолу тухмиҳои зироати кишоварзӣ, дастранҷи марди деҳқон, ҳунарҳои бадеии халқӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил гардид. Ҳамзамон, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин иди миллию мардумӣ бо риояи анъанаҳои неки ниёгон ва барномаҳои консертӣ доир карда шуд.
Моҳи феврал дар ҳамбастагӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омўз…» доир шуд, ки дар он зиёда аз 800 нафар иштирок доштанд.
Охири моҳи январ дар ҳамҷоягӣ бо якчанд вазорату идораҳои дахлдор озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир шуд, ки дар он намояндагони корхонаҳои истеҳсоли маснуоти сангӣ иштирок намуданд.
Моҳҳои январ – феврал дар миқёси ҷумҳурӣ озмуни «Дастархонороӣ» дар се давр баргузор шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар шаклҳои гуногуни чорабиниҳои оммавӣ: намоиши китобии доимӣ 22, намоиши китобӣ ва хулосаи библиографӣ 16, суҳбат 7, хониши ифоданок ва баланд 4, саҳнача бо истифодаи бозичаҳои мулоим 3, семинари ҷумҳуриявӣ бо китобдорон 1, вохўрии адибону олимон бо хонандагон 3, маҳфили шеърхонӣ1, маҳфили адабӣ ва субҳи адабӣ 5, намоиши видеофилм 2, муаррифии китоб 1, кори амалӣ 4, саёҳат ба китобхона 2 адад, ки дар маҷмўъ 71 ададро ташкил медиҳад, баргузор намуданд. Инчунин ба фонди китобхона 82 нусха китоб ба маблағи 1506 сомонӣ, ки аз тарафи адибону шаҳрвандон тўҳфа шуда буд, ворид карда шуд. Кормандони китобхона дар ҳудуди китобхона ба 4543 нафар хонанда хизмат расонидаанд, ки ба онҳо 9579 нусха китоб дода шуд.
Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб ба маблағи 1000 сомонӣ аз нашриёти “Адиб” асари безаволи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар се ҷилд харидорӣ намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ бинои китобхонаҳои ҷамоатҳои деҳоти Яккатут, Қ. Ғиёсов ва 50 - солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби кормандон таъмир гардида, музди меҳнати якрўзаи кормандони бахш ба суратҳисоби рушди ноҳия гузаронида шудааст.
Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхўҷа Асирӣ 318 чорабиниҳои мухталиф, бо иштироки 15625 нафар ва дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ 31 бо иштироки 4961 нафар доир гардиданд.
Дар ноҳияи Ашт китобхона-бахшҳои №19,22-и Ҷамоати деҳоти Ориён ва китобхона-бахши №27 ва клуби Ҷамоати деҳоти Пунук аз тарафи соҳибкорон ба пуррагӣ таъмир гардида, клуби деҳаҳои Ғудос, Мулломир ва Сарои Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт таъмир карда шудааст.
Ба бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд 77 адад китобҳои тозанашр ба маблағи 3399 сомонӣ ва 140 адад аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба маблағи 2274 сомонӣ китоб харидорӣ гардид. Ба китобхонаи марказии шаҳри Бўстон 57 адад китобҳои тозанашр 1250 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Аз ҳисоби раёсати фарҳанги вилоят тариқи ройгон ба фонди китобии китобхонаҳои марказии шаҳри Бўстон 25 китоб ва шаҳри Гулистон 53 китоб ворид гардид.
Аз 489 адад китобхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, А. Ҷомӣ, Муъминобод, Вахш 1 ададӣ, китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кўлоб, Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кўлоб ва Ховалинг, Балҷувон, Фархор, Ҷ. Балхӣ, Кўлоб, Дўстӣ, Ҷайҳун 2 ададӣ, Норак, Ш. Шоҳин ва Восеъ 3 ададӣ таъмирталаб буда, дар шаҳру ноҳияҳои Кўшониён, Балҷувон, Восеъ, Панҷ ва Ҷайҳун 1 ададӣ, Темурмалик ва Кўлоб 2 ададӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Китобхонаи вилоятии ВМКБ дар семоҳаи аввали соли равон, 20 чорабинии фарҳангӣ баргузор намуданд, ки дар онҳо зиёда 500 нафар наврасон, ҷавонони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар ин муддат аз тарафи роҳбарияти китобхонаи вилоятӣ ба китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 семинар гузаронида, тавсияҳои методӣ расонда шудаанд.
Дар бахши фарҳанги ноҳияи Ишкошим 6 адад китобхонаҳои ноҳия дар синфхонаҳои мактабҳо ҷой дода шудаанд. Инҳо китобхонаҳои деҳаҳои Сист, Туғгоз, Зумудг, Исор, Лангар ва Вранг мебошанд. Муассисаҳои фарҳанги вилоят ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо бо нақлиёт таъмин нестанд.
Дар ноҳияи Рўшон 4 адад китобхонаҳои оммавӣ дар хонаҳои шахсӣ, 4 адад дар мактабҳо ва 4 адад дар дигар иморатҳо ҷойгир мебошанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 ба захираи «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» - и шаҳри Душанбе 217 нусха китоб, ҷузва ва рўзномаву маҷалла ворид гардид, ки аз ин 151 нусха китоб, 7 адад ҷузва харидорӣ шуда, 58 нусха ба таври ройгон аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ворид карда шудааст.
Шумораи китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳри Ҳисор 25 адад, аз ин 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 23 филиал - китобхона, ки дар ин давра кормандони китобхона 1045 чорабиниҳои гуногун доир намудаанд ва омаду рафти хонандагон 23275 нафар ва 5905 хонандаи нав ба қайд гирифта шуда, ки аз ин 2841 хонандагони то синни 15 сола, 55106 нусха китобро барои мутолиа гирифтаанд.
Дар бахши фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ 37 китобхонаҳои давлатӣ – оммавӣ, аз ҷумла 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона ва 35 филиал - китобхонаҳои шаҳраку деҳот фаъолият намуда, дар онҳо 54 нафар китобдорон ба мардум хизмати китобӣ мерасонанд. Дар ин давра 940 нафар хонанда аз китобхонаи марказӣ ва 765 нафар аз китобхонаи бачагона истифода бурданд.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии хонандагони китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳри Ваҳдат 9994 нафарро ташкил дода, ба онҳо 43491 китоб дода шудааст. Фонди умумии китобҳо 179846 ададро ташкил намуд. Дар арафаи ҷашни Наврўз дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат китобхона бо фонди китобии 1700 адад ташкил карда шуд.
Давоми се моҳи соли равон 9 бинои китобхона дар деҳоти ноҳияи Тоҷикобод тармим гардидааст.
Захираи осорхонаҳои ҷумҳурӣ фарогири 444447 нигораҳо мебошад, ки аз ин шумора 58000 дар захираи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 87668 дар захираи нигоравии осорхонаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 132930 дар осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 63337 дар осорхонаҳои вилояти Суғд, 46329 дар осорхонаҳои вилояти Хатлон, 16956 дар осорхонаҳои ВМКБ, 39227 дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳфузанд.
Дар “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ”-и шаҳри Панҷакент 68473 номгўй (аз он ҷумла 34410 зебу зинати қабри “Маликаи Саразм”) ашёи осорхонавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ маҳфуз буда, 17351 онҳо дар фонди асосӣ, 12046 дар Фонди ёрирасон ва 39076 нигораҳо дар экспозитсияи толорҳо нигоҳ дошта шудаанд. Дар семоҳаи аввал ба фонди осорхона аз тарафи шаҳрванди шаҳри Панҷакент Ҳамроева Назира 24 медалҳо, 18 шаҳодатномаҳои медалҳо, 2 расми иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳамроев Ҷумъабой супорида шуд.
Тайи давраи ҳисоботӣ ба “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ”- и шаҳри Панҷакент дар маҷмўъ 954 нафар тамошобинон, аз ҷумла 200 нафар ба тариқи ройгон, 14 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 740 нафар меҳмонони ватанӣ ташриф оварданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъбаи бостоншиносӣ дар толори Саразм гўшаҳои “Саразм” бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ва “Нахусткашшофи Саразм” бо ду забон (тоҷикӣ, русӣ) дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразм бо аксҳо аз нав тарҳрезӣ карда шуданд. Инчунин, тибқи Нақша - чорабиниҳои шуъба дар соли 2020 экспозитсияи толори Саразм бо гўшаҳои “Робитаҳои тиҷоратии Саразм” ва “Куруши Кабир” бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) такмил ва ғанӣ гардонида шуд. Дар нақшаи мавзўӣ - экспозитсионии (намоишии) толори Саразм тағйирот ворид карда шуда, намоишгоҳҳои “Қабри Маликаи Саразм” ва “Ороишоти занона ва зарфҳои сафолӣ аз қабристони Дашти Қозӣ” таҷдид ва аз нав тарҳрезӣ карда шуданд.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ 3 чорабинии фарогири мавзўъҳои фарҳангӣ - маърифатӣ доир гардид, ки дар онҳо 184 нафар аҳолии касбукори гуногуни кишвар ва 4 нафар шаҳрвандони давлатҳои хориҷа иштирок намуданд.
Намоиши сайёри нигораҳои осорхонавӣ 1, мақолаҳои илмӣ дар матбуоти даврӣ 1, фаъолияти илмӣ – равшаннамоӣ дар муассисаҳои таълимӣ - 4 гузаронида шуд, ки ҷалби аҳолӣ дар маҷмўъ 380 нафарро ташкил намуд.
Дар ин давра баҳисобгирии фонди осорхонавии муассиса гузаронида шуд, ки дар маҷмўъ 2700 нигора, аз ҷумла, 39 созҳои мусиқӣ, 400 пластинкаҳои ҳунармандони мухталифи ҷаҳон, 18 ашёи рўзгор, 19 ҳуҷҷатҳо аз марҳилаҳои зиндагии композитор З. Шаҳидӣ, 102 асарҳои нотавӣ аз композиторони дохилӣ ва хориҷӣ, 2122 китобҳо ба соҳаи мусиқӣ ва ғайраро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин давра кормандони «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб» дар чорабиниҳои мухталиф, аз қабили конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм (21.02.2020), дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб, чорабинӣ бахшида ба Саразми бостонӣ (26.02.2020) дар Коллеҷи милитсияи шаҳри Кўлоб, Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Мутолиоти ҷавомеъи форсизабон» (аз 4 то 16. 03.2020) дар давлати Ҳиндустон, ки дар он Ҳотам Асозода дар мавзўи «Маҳбубияти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Хатлон» баромад намуд, иштирок доштанд.
Бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода, аз ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса корҳои зиёди бунёдкорӣ дар самти таҷдиду бозсозии экспозитсияи толорҳои намоишӣ ба вуҷуд омаданд. Дар се моҳи аввали соли 2020 шумораи тамошобин беш аз 7712 нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 58 нафар зиёд мебошад. Шумораи умумии нигораҳо беш аз 11 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар се моҳи сипаригашта ба фонди муассиса 24 адад нигора ба таври харид ворид гашт.
Дар вилояти Хатлон 20 адад осорхонаҳо бо теъдоди 32130 адад нигораҳо фаъолият доранд. Дар осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паём ҷамъомад таҳти унвони “Аз Паём то Паём” бо иштироки донишҷўёни факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар хона - осорхонаи ба номи С. Турдиеви ноҳияи Балҷувон корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз гардида, гирду атрофи мақбараи Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ аз тарафи кормандони бахши фарҳанг тозаю озода гардонида шудаст.
Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон ва осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ёвон дар ҳолати садамавӣ ва осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Хуросон таъмирталаб мебошанд.
Дар ҳудудивилояти Суғд 1 Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 Осорхонаи таърихиивилоят, 9 осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, 4 осорхонаҳои шахсӣ дар шаҳри Исфара ва 6 хона - осорхона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд.
Дар фонди осорхонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 48304 адад нигора мавҷуд буда, аз осорхонаҳо 18216 нафар тамошобинон дидан намуданд. Дар осорхонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба рўзҳои ҷашн 147 чорабиниҳои адабӣ - фарҳангӣ, аз қабили вохўрӣ сўҳбат, мизи мудаввар, лексия, конфронс, намоиш бо иштироки олимон, мутахассисони соҳа ва омўзгорони фанни таърихи муассисаҳои олии вилоят гузаронида, 502 сайри илмӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилоят 2340 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд.
Дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Ваҳдат намоиши нигораҳо ва саволу ҷавобҳо аз таърихи ниёгон гузаронида шуд, ки дар он беш аз 700 нафар иштирок намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз сокинони шаҳри Ваҳдат 1 табақи чинии гулдори қадима ба андозаи 36х36, як рўймолчаи дўхти қадимаи силсиладори миллӣ бо андозаи 40х40, 1 нигораи булўрини аз гил сохта шуда ба андозаи 30х20 ба фонди осорхона ворид гардид.
Дар давоми 3 моҳи аввали соли 2020 аз осорхонаи таърихӣ - кишваршиноси ноҳияи Рўдакӣ 300 нафар дидан намуданд, ки қисми зиёди онҳоро хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ташкил медиҳад.
Айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 87 адад боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 30 адад, дар вилояти Суғд 21 адад, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 4 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 адад ва дар шаҳри Душанбе 18 адад боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 1930 нафар кормандон фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Дар боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 52 аттраксион, 62 чархофалакҳои хурду калони гуногун, 9 лимпопо, 25 тақвияти овоз, 2 нақлиёти хизматӣ ба мардум хизмат мекунад.
Дар ҳудуди вилояти Суғд 21 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ фаъолият дошта, 19 боғ ба Раёсати фарҳанги вилоят ҳисоботдиҳанда маҳсуб меёбад. Бинобар фаъолияти хусусӣ доштани Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Наврўзгоҳ” ва “Ғалаба”-и шаҳри Хуҷанд, боғҳои мазкур фаъолияти худро бе мувофиқаи Раёсати фарҳанг ва бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба роҳ мондаанд.
Дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 аттраксион, 62 чархофалакҳои хурду калони гуногун, 9 лимпопо, 25 тақвияти овоз, 2 нақлиёти хизматӣ ба мардум хизмат мерасонанд.
Дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ 31 чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо 14 217 нафар сокинон ширкат варзиданд.
Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ 5500 м2 майсазор, 68029 гул, 5614 дарахтони сояафкан шинонида шуда, 144 чароғпояҳо насб карда шудааст.
Дар ВМКБ 4 адад боғи фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият дорад. Тибқи таҳлили шуъбаи фарҳанги ВМКБ вазъи боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рўшон, Мурғоб, Ишкошим ба талаботи рўз ҷавобгў набуда, ба воҳидҳои корӣ ва таҷҳизоти техникии замонавӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар оғози соли 2020 дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби соҳибкорон 20 адад арғунчаку аттраксионҳо, 3 адад чархофалаки хурд, 5 адад Батут ва Лимпопо, 2 нуқтаи аксбардор, 4 нуқтаи тезтайёр, 1 нуқтаи омода ва фурўши самбўса таъсис ёфта, ҳаҷми умумии маблағи воридоти моҳона аз хизматрасониҳо 15600 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои Балҷувон ва Ёвони вилояти Хатлон, Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Зафарободи вилояти Суғд, Дарвоз, Ванҷ, Рўшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ, ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, Нуробод, Рўдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт барои бунёди боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуда бошад ҳам, вале то ҳанўз корҳои созандагию ободонӣ дар ин самт оғоз нагардидаанд.
Корношоям гардидани аксарияти аттраксионҳо, чархофалаку арғунчакҳои ба меросмонда, мавҷуд набудани биноҳои маъмурӣ, шаҳодатномаҳои техникӣ, сертификатҳои ҳуқуқи истифодабарии замин ва дигар асноди зарурӣ мушкилоти асосӣ ва ҳалталаби боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ маҳсуб меёбад.
Имрўз дар миқёси мамлакат 786 муассисаҳои клубӣ бо шумораи 3089 корманд фаъолият менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мудирони клубу китобхона, хонаи фарҳанги деҳаҳои Дархон, Каленинобод, Яхтан, Лолазор, Даштикон ва Ғазантараки ноҳияи Деваштич аз ҷониби масъулини маркази илмӣ - методии вилояти Суғд семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Таъмири бинои хонаи фарҳангӣ деҳаи Калининобод ва хонаи фарҳанги деҳаи Далёни поён дар ноҳияи Деваштич бомаром ҷараён дорад. Давоми соли 2020 дар шаҳри Гулистон таъмири хонаи фарҳанг “Кўҳкан”-и шаҳраки Консой ба маблағи 460 000 сомонӣ, клуби “Геология”-и шаҳраки Сирдарё ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Азнавбарқароркунии Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, сохтмони Қасри фарҳанг дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Мастчоҳ бомаром ҷараён дорад.
Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ба бахши фарҳанги ноҳияи Темурмалик ба маблағи 40 000 сомонӣ либосҳои саҳнавӣ ва 10 000 сомонӣ созҳои миллии мусиқӣ харидорӣ гардида, барои навиштани шиору овезаҳо 12 000 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 42 бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 204 бинои муассисаҳои клубӣ таъмирталаб мебошанд.
Аз 285 адад муассисаҳои клубӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ёвон, Муъминобод, Қубодиён ва Кўшониён 1 ададӣ, Балҷувон, Дўстӣ ва Восеъ 2 ададӣ, Данғара, Ҳамадонӣ, Ш. Шоҳин ва Фархор 3 ададӣ, Ҷ. Балхӣ ва Панҷ 4 ададӣ ва шаҳри Кўлоб 11 адад таъмирталаб буда, дар ноҳияҳои Шаҳритус, Шамсиддин Шоҳин, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ ва Кўшониён 1 ададӣ, Темурмалик 2 адад дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар вилояти Суғд, 3 бино дар ҳолати садамавӣ, 63 бино таъмирталаб, дар ВМКБ, 20 адад бино дар ҳолати садамавӣ, 42 адад таъмирталаб, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 57 бино таъмирталаб мебошанд.
Дар бахши фарҳанги ноҳияи Ишкошим клубҳои деҳаҳои Лангар, Исор, Яхшвол, Баршор, китобхонаҳои деҳаҳои Лангар, Исор, Ямг, Зумудг, Кўҳи Лаъл ва хонаи фарҳанги деҳаи Намадгут дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 17 адад муассисаҳои фарҳангӣ ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Дар ноҳияи Рўшон аз 71 адад муассисаҳои фарҳангӣ 22 муассиса таъмирталаб ва 15 адад дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 4 адад клуби сайёр дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.
Дар 786 адад муассисаҳои клубии (қаср, кох ва хонаҳои фарҳангӣ, марказҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, клуб ва филармонияҳои халқӣ) шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2122 адад созҳои мусиқии миллӣ ва барқии аврупоӣ мавҷуд буда, ба ҳар як муассисаи клубӣ 2,6 адад сози мусиқӣ рост меояд, ки 17%-ро ташкил медиҳад.
Дар аксарияти хонаҳои фарҳангу клубҳои деҳотии шаҳру ноҳияҳо мутахассисон бо созҳои мусиқӣ ва дастгоҳи тақвияти овоз пурра таъмин нестанд.
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба намоишномаҳои театрӣ ва дарёфти падидаҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бохтар, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Рашт, Сангвор, Деваштич, Мастчоҳ, Ёвон, Муъминобод, Ҷайҳун, Рўшон, Ванҷ, Ишкошим ва Мурғоб 22 адад театрҳои халқӣ фаъолият доранд, ки шумораи кормандонашон 102 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ 98 адад ансамбл бо шумораи 1320 нафар кормандон, 7 адад филармонияи халқӣ бо шумораи 120 нафар кормандон фаъолият доранд.
Дар ҷумҳурӣ 24 ансамбли тарона ва рақс дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Кўлоб, Хоруғ, Истарафшан, Панҷакент, Лахш, Тоҷикобод, Ховалинг, Ҷайҳун, Данғара, А. Ҷомӣ, Бохтар, Муъминобод, Шаҳритус, Хуросон, Темурмалик, Ёвон, Зафаробод, Б.Ғафуров, Ашт, Ишкошим, Дарвоз, Рошқалъа, Шуғнон фаъолият мекунанд, ки шумораи кормандонашон 178 нафарро ташкил медиҳад.
Айни ҳол, дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 16 ансамбли шашмақомхонон мавҷуд буда, дар онҳо 285 нафар ҳунармандон фаъолият доранд. Аз ҷумла дар назди раёсати фарҳанги вилояти Хатлон 1 ансамбл бо 36 нафар ҳунарманд, дар назди раёсат ва бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 11 адад ансамбли шашмақомхонон бо 204 нафар ҳунарманд фаъолият доранд. Дар назди шуъба ва бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 ансамбл бо 46 нафар ҳунарманд фаъолият доранд. Аз ҷумла Ваҳдат бо 14 нафар ҳунарманд, Ҳисор бо 12 нафар ҳунарманд, Турсунзода бо 12 нафар ҳунарманд, Файзобод бо 8 нафар ҳунарманд.
Ансамблҳои номбурда ҳамеша бо барномаҳои хубу гуворо ба мардум хизмати фарҳангӣ расонида, ҳунари волою қадимаи мақомхонӣ, ганҷинаи бебаҳои ниёгонамонро сайқал медиҳанд.
Дар ҷумҳурӣ 8 ансамбли фалаксароӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Гулистон, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор ва Файзобод, фаъолият мекунанд, ки шумораи кормандон 134 нафар мебошад.
Дар ҷумҳурӣ 23 ансамбли рақсӣ, 8 ансамбли эстрадӣ, 12 ансамбли фолклорӣ, 1 ансамбли карнайнавозон, 1 ансамбли доирабадастон, 3 ансамбли созҳои миллӣ, 1 ансамбли созию овозӣ «Борбад» ва 1 адад оркестри нафаси камеравӣ фаъолият мекунанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Б. Ғафуров, Айнӣ, А. Ҷомӣ ва Ваҳдат 5 адад радиои маҳаллӣ, дар шаҳри Роғун маркази матбуот, маҳфили адабӣ-бадеӣ, дар ноҳияи Мастҷоҳ телевизиони маҳаллӣ, дар шаҳри Хуҷанд студияи ҳаҷвӣ як ададӣ фаъолият мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ 7 Филармонияи халқӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ҳисор, Мастчоҳ, Ҳамадонӣ, Кушониён, Файзобод ва Восеъ фаъолият доранд.

ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ. Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра дар маҷмўъ 12 номгўй китоб, бо теъдоди 8415 нусха ба маблағи 835216 сомонӣ адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.
Муасисисаи нашриявии "Адиб"дар давоми се моҳи соли 2020 фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ амалӣ намуда, намоиш-фурўши китобро ташкил намуд, ки он ҳар ҳафта рўзҳои шанбе дар Китобхонаи миллӣ, Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ, саҳни Сирки давлатӣ баргузор гардид.
Маъракаи фурўши китоб таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» бори аввал дар чунин сатҳи баланд роҳандозӣ гардид. Дўстдорони адабиёт тавонистанд дар ин чорабинии фарҳангӣ китобҳои адибони номдори кишвар Гулназар, Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Гулрухсор, Фарзона, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло ва дигаронро бо соядастҳои муаллифон соҳиб гарданд. Намоиш-фурўши китоб собит намуд, ки мардуми тоҷик соҳиби китоб, китобхон ва китобдўст аст.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 аз ҳисоби даромадҳои дохилии нашриёт китобҳои чопшуда 4 номгўй мебошад, ки 70 ҷузъи чопӣ, теъдоди нашр 3000 нусха ва маблағи сарфшуда 108219,99 сомониро ташкил медиҳанд.
Муассисаи нашриявии "Адиб" дар ҷараёни се моҳи аввали соли 2020 ба Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои "Китоб" ва дигар корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи шартномавӣ, инчунин аз намоиш-фурўши китоб ба маблағи умумии 437685 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.
Дар анбори нашриёт то 31. 03. 2020 - 464 номгўй китоб, бо шумораи 158195 нусха мавҷуд аст, ки 2649823,12 сомониро ташкил медиҳад.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои дар Паёми Сарвари давлат ироа шуда дар дохили бинои нашриёт китобхонатаъсис дода шуд, ки дорои 3000 нусха китоб мебошад. Аз китобхона кормандони нашриёт, сокинони маҳалла ва хонандагони мактабҳо истифода мебаранд.
Муасисаи нашриявии «Ирфон» тибқи нақшаи табъу нашри китобҳо дар давоми се моҳи соли 2020 «Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва самтҳои асосии он»-ро зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳаҷми 9,5 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 1000 нусха ба маблағи 15000 сомонӣ, китоби мусаввараи Тоҷикистон, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, дар ҳаҷми 40,0 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 340 нусха ба маблағи 14880 сомонӣ ва китоби “Тоҷикон” –и Б. Ғафуровро дар ҳаҷми 78 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 75 нусха ба маблағи 32586 сомонӣ чоп намуд. Дар маҷмўъ дар ин давра 1415 нусха китоб ба маблағи 62466 сомонӣ чоп гардид.
Китобҳои « Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷилди 19 дар ҳаҷми 36 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 2000 нусха, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» бо забони ангилисӣ дар ҳаҷми 74 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 1000 нусха. «Независимость Таджикистана и возраждение нации» ҷилди 18, дар ҳаҷми 36 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 1000 нусха дар марҳилаи чоп қарор доранд.
Дар ин муддат Муассисаи нашриявии «Ирфон» аз ҳисоби додани тамға (гириф ва рақамҳои ISBN) ба 33 адад китобҳо маблағи 5165 сомонӣ даромад ба даст овардааст. Аз фўруши китобҳо, ки 1700 ададро ташкил медиҳанд, маблағи 62571 сомонӣ даромад гирифтааст. Дар анбори муассиса 16647 адад китоб ба маблағи 767280 сомонӣ мавҷуд аст.
Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи Миллии тоҷик»дар 3 моҳи соли 2020 ҷилди 4-уми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» -ро вобаста ба «Таъомҳо» дар 168,12 ҷузъи чопии нашриву ҳисобӣ (772 саҳифа) бо теъдоди 3000 нусха, китоби «Ибни Халдун» бо теъдоди 200 нусха, тақвими рангаи «Ёдгориҳои 5500-солагии Саразми Бостонӣ» (100 нусха дар шакли А4), «Обҳои сарзамини ориёӣ» дар ҳаҷми 196 саҳифа бо теъдоди 500 нусха ва китоби «Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳаҷми 220 саҳифаи А5 бо теъдоди 200 нусха ба чоп омода намуда, ба нашр расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ 842 адад китоб бо арзиши 64299 сомонӣ барои фурўш аз анбори муассиса бароварда шуд. Дар анбор 37576 китоб бо арзиши 4180320 сомонӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар Википедияи тоҷикӣ 170 мақола нашр шуда, беш аз 300 мақолаи пештар мавҷудбуда вироиш шуданд. Ҳамчунин, 22 шаблон ва 3 модул, ки дар рафти кор ба Википедияи тоҷикӣ зарур буд, сохта шуда, баъзе аз шаблону модулҳо навсозӣ шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ муассиса китобҳои зеринро ба чоп омода намудааст:
1. «Энсклопедияи миллии тоҷик» ҷилди 8. Ба хониши назорати илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон равон карда шуд;
2. «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ҷилди 5 мавсум ба «II Таъомҳо». Матни китоб таҳрир шуда, расмҳояш ҷобаҷо карда мешаванд;
3. «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои асри 21» ҷилди 2. (Ҳарфҳои “А” ва “Б”) дар 552 саҳифа (фарогири аҳволу осори беш аз 70 донишманди тоҷик) хондаву таҳрир шуда, ҳамчунин зиёда 100 анкета (аз ҳарфҳои дигар) ба редаксия ворид шуд;
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» барои иҷрои нақшаи соли 2020 аз осори бузургон асарҳои ҷолибро вобаста ба синну сол ва зеҳни кўдак омода намуда, дар оянда бо мақсади таъмини насли наврасу ҷавон бо адабиёти бачагона тадбирҳои судманд меандешад. Айни замон, аз ҷониби муассиса лоиҳаи барномаи давлатии рушди ададбиёти бачагона таҳия гардида истодааст.
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» дар 3 моҳи аввали соли 2020 бамаблағиумумии 45500 сомонӣ китоб ба фурўш гузоштааст.
Ба таърихи 20.03.2020 дар анбори корхона 112113 адад китоб ба маблағи 1010153 сомонию 22 дирам маҳфузаст.
Ташкили намоиш ва фурўши китобҳо дар ҳошияиозмуни ҷумҳуриявии “Фурўғисубҳидоноӣ....” роҳандозӣ мешавад. Корхона дар чорабинӣ дар Иттифоқинависандагон, бо намоиш-фурўши китоб дар Театри опера ва балет, Рўзитаъсисёбии Артиши миллӣ, дар конфронс ва тадбирҳоифарҳангии ҲХДТ дар ноҳияиФирдавсӣ, дар Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат (18.03.2020) бо намоиш ва фурўши китоб ширкат варзид.
Дар се моҳи аввали соли 2020 ба бойгонии «Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон» зиёда аз 312 нусха китоб, 850 нусха рўзнома, 85 нусха маҷалла ва 95 нусхаи фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ ворид гардид, ки мавриди таҳлилу коркарди библиографӣ қарор дода шуда, вориднамоии онҳо ба феҳристи ҷории давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад. Кормандони муассиса ба зиёда аз 70 матбааву нашриётҳо, редаксияи маҷаллаву рўзномаҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мағоза ва дўконҳои фурўши китоб бо мақсади назорати фаъолият ва расонидани ёрии методӣ рафта, иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муассисаи давлатии рўзномаи “Баҳори Аҷам” дар давоми 3 моҳисоли равон 10 шумораи рўзномаро бо сифати баланд ва бо фарогирии маводҳои инъикосгари рўйдодҳои муҳими рўз ба табъ расонид.
Дар саҳифаҳои рўзнома “Паёми Пешвои муаззам – роҳнамо барои бунёди ояндаи обод”, “Омили вусъати маърифатнокӣ”, “Паём – роҳнамои фатҳи қуллаи ормонҳои миллат”, “Паём – роҳнамо ба амалҳоихайр”, “Ҳар ҳарфи Паём ҳикмати айём аст”, “Саразми куҳан – ифтихори Ватан”, “Саразм – намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон”, “Саразм – хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик” ва ба муносибати идома ёфтани эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мақолаҳои “Чакандўзӣ бароям ифтихораст”, “Тоқиивахонӣ – намунаи нодири санъати гулдўзӣ”, “Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳимми фарҳанги миллӣ”, “Фарҳанги миллӣ – рукни муҳимтарини тарбия” ва вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ мақолаҳои “Интихобот – ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ”, “Иродаи халқ – асоси давлати демократӣ” ва ғайра нашр гардиданд. .
Муассисаи давлатии «Маҷаллаи илм ва ҳаёт» дар семоҳаи аввали соли 2020 шумораҳои №1,2 маҷалларо якҷоя ба нашр расонид.
Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ, очеркҳо ва гузоришу навгониҳои илму техника, лаҳзаҳои ҷолиб аз рўзгори одамони наҷиб нашр гардиданд.
Аҳли эҷоди маҷаллаи «Фирўза» дар семоҳаи аввали соли 2020 як шумораи маҷалларо ба табъ расонданд, ки он бо инъикоси маъракаи муҳими сиёсии мамлакат – интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар мақолаи «Маъракаи муҳими сиёсӣ» аз ҷумла дар қатори мардон интихоби зан оғоз ёфтааст. Мақолаҳои маҷалла мавзўъҳои: ифтихори ватандорӣ, муқаддас донистани обу хоки Ватан, ҳифзи муҳити зист, зиракии сиёсӣ, маърифати оиладорӣ, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвар ба хориҷа, бахусус, бонувон, шароити зисту фаъолияти онҳо, маърифати ҳуқуқӣ, одоби муошират, ахлоқи онҳо дар берун аз кишвар, бетараф набудан нисбати ҳодисаҳои нангини фанатизми динӣ, одамрабоӣ, куштор, худсўзӣ, танфурўшӣ ва ғайраро фаро гирифтаанд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” дар давраи ҳисоботӣ се шумораи рангаи маҷалларо дар мавзўъҳои муҳими рўз ва аксу суратҳои ҷолиб ба табъ расонид.
Мақолаҳои танқидиву ҳаҷвии “Дузди зўр, “Ангуштатонро ҳам бурида монед...”, “Руҳшиносон”-и ниёзманд ба табобат”, “Чорпохўрони дупо”, “Феъли бад” ва “Гўр сўзаду дег ҷўшад”, “Агар боғча ҳамине...”, “Хоби хирсона”-и масъулини Бохтар”, “Ришва ва ришваситонӣ”, “Як сў Париж як сў мусор”, шеъри ҳаҷвии Гурез Сафар “Бо дурўғу бо фиребу воҳима”, расми Хайрулло Давлат “...бақияи пули маро надодед...”дар шумораҳои маҷалла чоп шудаанд.
Идораи маҷалла аз аввали сол озмуни ҷумҳуриявиро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ байни рассомони ҳаҷвнигор эълон намуд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи «Чашма» маҷалларо бо замимаҳояш бо теъдоди 3000 нусха ба нашр расонид.
Дар саҳифаҳои маҷалла афсона, ҳикоя, чистону тезгўяк, муаммо, ҳарфёбаку ребус, шеър ва маҳсули эҷоди омўзгорону хонандагон ва хабару мақолаҳо оид ба таҷлили иди байналмилалии Наврўз, Рўзи модар, маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон ба чоп расиданд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи «Тоҷикистон» дар давоми се моҳи соли 2020 шумораи 1-2-и маҷалларо дар ҳаҷми 4,5 ҷузъи чопӣ омода намуда, бо теъдоди 1300 нусха ба нашр расонид.
Дар маҷалла мақолаҳо ва гузоришҳо оид ба сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷашни Сада ва хабарҳои ҷолиби фарҳангӣ чоп шудаанд.

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН. Дар семоҳаи якуми соли 2020 соҳаи ҳуқуқи муаллиф фаъолияти худро ба татбиқи қонуну қарорҳои соҳавӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳои корӣ бо вазорату муассисаҳое, ки бо объектҳои ҳуқуқи маллиф сару кор мегиранд, таҳияи маводҳои аҳдномаҳои байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи соҳавӣ равона сохт.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 «Дар бораи барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2020, №238”дар муассисаҳои зерсохтор вохурӣ багузор карда шуд.
Ҳисоботи навбатии солонаи котиботи давлатии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардида, хулоса пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин лоиҳаи нави Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мавриди омўзиш ва таҳлил қарор гирифта, ба вазорати дахлдор ирсол гардид.
Мутахассисони вазорат ба маърўзаи чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иловатан пешниҳоди вазоратро омода намуда, ба раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, манзур намуд.
Ба лоиҳаи китоби Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст (ба 110 саҳифа) хулосаи вазорат омода гардид.
Вазорат пешниҳоди худро оид ба Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо барои соли 2020 таҳия намуда, ба Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии рушди моликияти зеҳнӣ пешниҳод намуд.
Дар ин давра муаллифон ва соҳибҳуқуқоне, ки асарҳояшонро барои сабти ном ба шуъба пешниҳод карданд, аз ҷониби кормандон ва коршиносон асарҳо баррасӣ гардид ва тибқи “Тартиби бақайдгирии асарҳои муаллифон”, ба ду нафар муаллиф шаҳодатномаи муаллифӣ дода шуд.
Дар се моҳи аввали соли 2020 ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои амволии муаллифон, мутобиқи низомнома ва ўҳдадориҳои соҳавӣ аз ташкилоту муассисаҳое, ки асарҳои муаллифонро истифода менамоянд ба маблағи 24889,72 (бисту чор ҳазору ҳаштсаду ҳаштоду нуҳ) сомониву 72 дирам ҳаққи қалами муаллифон ҷамъ оварда шуда, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардашуда ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) (1% ва 25%) ба маблағи 4426,39 (чор ҳазору чорсаду бисту шаш) сомониву 39 дирам ва ба андоз аз даромад аз шахсони воқеӣ (13%) ба маблағи 2213,19 (ду ҳазору ду саду сенздаҳ) сомониву 19 дирам ва ба Вазорати молия (пардохти барзиёди даромад нисбат ба хароҷот 10% ) 2488,97 (ду ҳазору чорсаду ҳаштоду ҳашт) сомониву 97 дирам ва (барои захираҳои иловагии молиявӣ 5%) 1120,04 (як ҳазору яксаду бист) сомониву 04 дирам ва ба муаллифон ба маблағи 14456,99 (чордаҳ ҳазору чорсаду панҷову шаш) сомониву 99 дирам ҳаққи қалам пардохта шуд.

РУШДИ ИЛМ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ва илмии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ корҳои мушаххасро ба анҷом расониданд.
Дар оғози сол тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 45 нафар барои фиристодан ба хориҷии кишвар дар Вазорати фарҳанг номнавис шуда, санҷишро аз фанни забони русӣ супорида, аз суҳбати пешакӣ гузаштанд. Натиҷаи имтиҳонҳо ва суҳбат дар нимаи дуюми моҳи апрел маълум карда мешавад.
Барои дар сатҳи баланд гузарондани имтиҳонҳо аз ҷониби мутахассисони Маркази тестӣ ва хизматрасонии техникӣ барномаи нав барои таҳсилоти фосилавӣ ва рўзона таҳия ва дар амал татбиқ карда шуд. Раёсати таълими Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода якҷо бо садорати факултаҳо, мудирони кафедраҳо, Маркази тестӣ ва хизматрасонии техникӣ ва бахши мониторинги сифати таҳсилот фанҳои таълимиро тибқи нақшаи таълим дақиқ омўхта, қабули имтиҳонҳоро дар шакли тестӣ ва эҷодӣ муайян намуд. Сессияи зимистонаи соли хониши ҷорӣ дар асоси санадҳои меъёрии муқаррарнамуда ташкил ва баргузор карда шуд.
Фоизи азхудкунии даври фаъоли сессия 63,1% ва сифати таълим 22,2 % -ро ташкил дод. Пас аз баргузор гардидани даври иловагии сессияи имтиҳонӣ фоизи азхудкунӣ ба 96,5% ва сифати таълим ба 24,4 % баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1% зиёд мебошад.
Барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим Раёсати таълим якҷо бо факултаи такмили ихтисос дар мавзўи “Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим”, 17-18 январи соли ҷорӣ, семинари омўзишӣ доир намуд, ки дар он мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 92 нафар омўзгорони донишкада ширкат варзиданд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Дар ин давра 2 нафар устодони донишкада- дар мавзўъҳои “Традиции пехлевийской андарзноме в “Шахнаме” Абулкасыма Фирдоуси” ва “Шароитҳои ташкили педагогии ташаккули сифатҳои маънавии ахлоқии ҷавонон дар муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд.
Магистрон ва докторантон аз рўи ихтисос (PhD) тибқи қарори Шўрои олимони донишкада дар муҳлатҳои муайяншуда ба роҳбари илмӣ вобаста карда шуда, мавзўъҳои илмию барномаҳои кориашон тасдиқ гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар самти корҳои эҷодӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузаронда шуданд. Аз ҷумла, дар толори «Арғунун» -и донишкада, 8 - уми январ, филми мустанади «Номус», аз рўи асари барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ Муҳаммад Ғоиб, ки аз ҷониби донишҷўи курси 4- уми факултаи фарҳангшиносӣ, Сайфиддин Наврўзов наворбардорӣ шудааст, ба намоиш гузошта шуд.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оғози семоҳаи аввали соли 2020 бо ҷараёни сессияи зимистона мувофиқ омад.
Натиҷаи ҷамъбастии сессияи имтиҳонотии зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 (95,4) нисбат ба сессияи имтиҳонотии зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 (90,2%) бо афзоиши донишазхудкунӣ (+5,2%) натиҷагирӣ карда шудааст.
Дар натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистонаи таҳсили 2019-2020 17 нафар донишҷў, бинобар сабаби қарзи академӣ, аз сафи донишҷўён хориҷ карда шуданд.
Дар доираи таҷлил аз «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Соли нави мелодӣ”, “Рўзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзимодарон”, “Иди Наврўзи байналмилалӣ”, дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Фаъолияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов баҳри беҳдошти сифати таълим, таҳия ва татбиқи стандартҳо, нақшаҳои таълимӣ, корҳои илмӣ-методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодиву иҷрокунандагӣ, ҳавасмандсозии омўзгорони ҷавон роҳандозӣ кардашудааст.
Азхудкунии дониши донишҷўён дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 дар консерватория 93 % - ро ташкил дод.
Сохторҳои асосии таълимӣ-эҷодии консерватория–оркестри симфонӣ, оркестри созҳои миллӣ, ансамбли эстрадӣ, студияи операвӣ, ансамбли мақомхонӣ, ансамбли фалакхонӣ фаъолияти эҷодии хешро пурзўр гардониданд.
Дар ҳар як дарсҳои тарбиявӣ дар факултетҳои консерватория оид ба мавзўи “Терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир”, “Муқовимат бо терроризм ва ифродгароӣ”, “Ифротгароӣ – омили ташвишовар дар ҷомеа”, “Интернет ва хавфухатарҳои эктремистӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳуҷҷатҳои сеномзади арзандаи консерватория аз ҳисоби ҳунармандон барои гирифтани унвони илмии профессориву дотсентӣ барои баррасӣ дар шўрои олимон ва ирсол намудан ба КОА назди Презденти ҶТомода кардашуданд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 иҷрои мавзўъҳои илмӣ аз ҷониби ходимони илмииПажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тибқи нақшаҳои фардии корҳои илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 36 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 2 китоб, 9 мақолаи илмӣ, 15 мақолаи илмию оммавӣ ва 10 нашри электронӣ мебошанд.
Иловатан, бештар аз 45-мақола доир ба фарҳангуҳунар, махсусан луғатномаи тафсирии мусиқӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ–Википедия (tg.wikipedia.org) воридкардашуд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси олимони пажўҳишгоҳ 3 чорабинии илмӣ, аз қабили конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардид. Дар ин давра ходимони илмии пажўҳишгоҳ дар 9 ҳамоиши илмӣ, конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби олимони Пажўҳишгоҳ бо ҳамкории зичи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмўи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои –“Рубоб” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон), – “Ҷашни Сада” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон). – “Кашидадўзӣ” (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Қазоқистон), – “Латифаҳои Насриддин Афандӣ” (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ўзбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд. Айни замон таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҷеъ ба номинатсияи миллии “Фалак”омода гардида, дар рўзҳои наздик ба қароргоҳи ЮНЕСКО фиристода мешавад.
Дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз рўи нақшаҳои таълимӣ, нақшаи раванди таълим, барномаҳои корӣ, тематикаи мавзўъҳо аз нав дида баромада шуд. Дар соли таҳсили 2019 - 2020 фаъолияти таълимӣ аз рўи стандарти нав ва барномаҳои ба он мувофиқ амалӣ гардонида шуда истодаанд.
Санҷишу имтиҳонот аз рўи ҷадвалҳои имтиҳонии тасдиқшудаи қисми таълим ва билету саволномаҳои тасдиқшуда дар асоси нақшаи раванди таълим, сессияи имтиҳонии зимистона аз 06.01.2020 то 18.01.2020 гузаронида шуд. Аз шумораи умумии 373 нафар донишҷў 373 донишҷў ба сессияи санҷишию имтиҳонотии зимистона роҳ дода шуда, 353 нафар донишҷў сессияро бо муваффақият ҷамъбаст намуданд.
Мувофиқи нақшаи таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова дар нимсолаи якуми соли хониш барои санҷидани маҳорати дарсазхудкунии хонандагон сессияи санҷишу имтиҳонот дар семоҳаи аввали соли 2020 гузаронида шуд. Ба сессияи зимистона 94 нафар хонандагону донишҷўён иҷозат дода шудаанд.
Аз таърихи 15.01.2020 то 28.01.2020 донишҷўёни курсҳои 1-4 барои таҷрибаомўзии таълимӣ ба муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамблирақсии“ Гулрез”, “Зебо”ва“Парасту” фиристонида шуданд.
Хонандагону донишҷўёни шўъбаи рақси классикӣ дар муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ; дар намоишҳои ”Хусрав ва Ширин”, “Шопениан”, “Кармен”, “Шелкунчик”, “Золушка” “Шоми мусиқӣ ва балет”, “Шоми рақси эстрадӣ”, инчунин дар чорабиниҳои давлатӣ, ки бахшида ба “Рўзи Артиши миллӣ”, “Рўзи Модарон” шуда гузашт, иштироки фаъолона доштанд.
Фаъолияти семоҳаи аввал дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кўлоб ба номи К. Қурбонов аз супоридани санҷишу имтиҳонҳои сессияи зимистона, аз 25.12.2019 оғоз ёфта, то 16.01.2020 давом намуд. Дар сессияи зимистона 295 нафар донишҷў иштирок намуданд. Аз инҳо дар шуъбаҳои рўзона 13 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 159 нафар донишҷў сессияро бомуваффақият супориданд. 10 нафар донишҷў бо сабаби қарздориашон аз сафи донишҷўён хориҷ гардидаанд.
Дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бо назардошти пешбурди раванди таълим 13 шуъбаи рўзона аз рўи 20 ихтисос ва 3 шуъбаи ғоибона аз рўи 3 ихтисос фаъолият мебаранд.
Санҷишу имтиҳонҳои сессияи зимистона аз 16.12.2019 то 03.02.2020 гузаронида шуд.
Аз шумораи умумии 396 нафар донишҷў дар шуъбаи рўзона 396 донишҷў ба сессияи санҷишию имтиҳонотии зимистона роҳ дода шуда, 392 нафар донишҷў сессияро бомуваффақият ҷамбаст намудаанд. 4 нафар донишҷў аз сафи донишҷўён хориҷ карда шуданд.
Дар шуъбаи ғоибона бошад, аз шумораи умумии 161 нафар донишҷў 157 нафар донишҷў сессияро бомуваффақият ҷамъбаст намудаанд ва 4 нафар донишҷў аз сафи донишҷўён хориҷ карда шуданд.
Фаъолияти таълимию тарбиявӣ дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» аз рўи нақшаи солона фаъолият мекунад. Дар ин давра се маротиба Шўроҳои педагогӣ гузаронида шуданд, ки масъалаҳои муҳимтарин вобаста ба таълиму тарбия баррасӣ гардиданд. Иштироки омўзгорон ба дарсҳои якдигар ташкил карда шудааст, ки сифати таълимро беҳтар мегардонад.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2020 аз ҷониби омўзгорон ва мураббиёну шогирдони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев як қатор чорабиниҳои ба нақша гирифташуда иҷро гардид, ки натиҷаи таълиму тарбия ва баҳогузории чорабиниҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва мусиқӣ дар шўрои омўзгорӣ санаи 30.03.2020 қаноатбахш арзёбӣ шуд. Дар бахши таълими санъат хонандагони муассиса дар баробари таълими мусиқӣ, худомўзӣ, рассомӣ, супоридани имтиҳонҳои техникӣ, инчунин дар чорабиниҳои берун аз мактабӣ фаъолона иштирок намуданд. Ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълими мусиқӣ ва санъат дар шуъбаҳои мусиқӣ консертҳои синфии омўзгорон доир гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки хонандаи мактаб-интернат Тошев Идибек барои иштирок дар “Бозиҳои Делфи”-и Федератсияи Россия роҳхат гирифт.
Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимии тобеи вазорат бо мақсади ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ, гирду атрофи муассисаҳо ва хобгоҳи донишҷўён маҷмўи чорабиниҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ҳар рўзи шанбе дар муассисаҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷўён бо қувваи кормандони хоҷагӣ ва донишҷўёну устодон шанбегиҳо гузаронда мешавад.

ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанг ба ҳисоб меравад. Вобаста ба татбиқи нишондоди Паём дар давоми семоҳаи аввали соли 2020 дар асоси банди 6-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, мутахассисони вазорат дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзўи «Саразм намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон» бахшида ба баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо иштироки васеи олимони соҳавӣ ва воситаи ахбори омма баргузор намуданд.
Оид ба муносиб муаррифӣ намудани шаҳри Саразми бостонӣ тарғиби ёдгории мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шуда, инчунин тақвими рангаи «Саразм-2020» таҳия ва чоп гардид. Ҷиҳати омўзиш ва таҳқиқҳои бостоншиносӣ дар ёдгории болозикр ба кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи милли илмҳои Тоҷикистон як «Варақаи кушод» пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони вазорат вобаста ба ин мавзўъ бо шабакаҳои телевизиону радиои ватанӣ аз ҷумла «Тоҷикистон», «Баҳористон» ва радиои «Ватан» навору намоишҳо ва гузоришҳои ҷолиб омода шудаанд, ки тавассути расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ пайваста намоиш дода мешаванд.
Ҷиҳати тарғиби сазовори таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар намунаи ёдгории шаҳри асримиёнагии Ҳулбук аз ҷониби мутахассисони соҳавии вазорат ва кормандони мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук китоби «Ремесленное производство средневекового Хутталя» бо забони русӣ таҳия гардидааст.
Дар маҷмўъ вобаста ба тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангии ғайриманқули кишвар тавассути васоити ахбори омма 15 намоишу гузоришҳо, 1 мақола ва 4 тақриз ба корҳои амалӣ таҳия ва пешниҳод гардид.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавиро ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок, инчунин мутобиқат бо талаботҳои байналмилалӣ қонунгузорӣ мунтазам мукаммал менамояд. Вобаста ба ин кормандони вазорат мутобиқи сархати 3, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025-ро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар омода намуда, онро барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 теъдоди меҳмонони сатҳи давлатӣ, сайёҳон, меҳмонони дохилӣ ва хориҷии аз ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар боздиднамуда ба 30142 ҳазор нафар баробар мебошад.
Вобаста ба пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин оид ба андешидани тадбирҳо барои саҳм гузоштан дар ҳифзу таҳкими сулҳу суботи кишвар, кормандони шуъба дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ташхисҳои соҳавиро ба анҷом расониданд, ки 9 адад мансуб ба қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиб ва паҳн намудани маводҳои номатлуб дар ҷомеа мебошад.
Барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Муъминобод, Масҷиди Чилсутун, Қалъаи Вамар, мақбараи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Мавлоно Юсуф, Қалъаи Балҷувон идома доранд. Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, ки тибқи лоиҳаи «Барқарорнамоии ёдгориҳои шаҳри Ҳисор вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор» амалӣ мегардад, дар семоҳаи аввали соли 2020 вобаста ба имкониятҳои молиявии кишвар мавқуф гузошта шудааст. Ҳамин тариқ, дар давраи солҳои 2012-2020 иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барнома ҳамагӣ 18,9 фоизро ташкил медиҳад.
Мушкилоти пешбурди фаъолияти ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои ғайриманқули кишвар дар соҳаи мазкур ин маҳдудияти воҳидҳои корӣ, норасоии дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир, ки бевосита барои баргузории ташхисҳои тахассусӣ зарур мебошад, ба ҳисоб меравад.
Амалӣ намудани корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии ба Нақшаи Барнома воридгардида дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ»-и вазорат ба анҷом расонида мешавад. Тибқи мактуби муассисаи болозикр №8 аз 19.03.2020с. аз сабаби маблағгузорӣ нагардидани корҳои тармим ва барқарорнамоӣ, кормандони муассиса ба рухсатии меҳнатии бемузд фиристода шудаанд.
Кормандони Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дар маҷмуъ ба 8488 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ба 213 нафар меҳмонони расмии ҳукуматӣ хизматрасонии фарҳангиро ба анҷом расониданд. Муассиса дар номинатсияи «Беҳтарин минтақаи сайёҳииТоҷикистон», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, сазовори ҷоиза ва нишон шуд.
Маъмурияти Муассисаи давлатии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук” ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани солҳои 2019-2021-«Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» самаранок фаъолият намуда, дар номинатсияи «Беҳтарин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, сазовори ҷоиза ва нишон шуд.
Маъмурияти муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ҷиҳати эҳё ва рушди анъанаю сунатҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиса пурра азнавсозӣ гардида, ду толори намошӣ ва таҳхона бо масоҳати умумии 534м2 мавриди истифода қарор дода шуд. Шумораи умумии нигораҳои муассиса ба 2283 адад расонида шудаст.

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Вазорати фарҳанг дар семоҳаи аввали соли 2020 мувофиқи нақшаи корӣ дар амри густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ тадбирҳои мушаххас ба анҷом расонид.
Бо назардошти нақшагирии баргузор намудани Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 таърихи мушаххаси Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ўзбекистон ва Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мукотибаи расмӣ ва розигии тарафайн муайян карда шуда, айни замон зимни иҷозату ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №26/10-1 аз 23.01.2020 ҷиҳати дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабиниҳои номбурда корҳои омодагӣ идома доранд.
Дар ин давра кормандони вазорат дар ҷаласаҳои гурўҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Украина ва Беларус иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас ворид шуданд.
Барои таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷи кишвар 10 нафар ҳунармандон дар Фестивали 33-уми байналмилалии «Сураҷкунд-мелла», ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор шуд, иштирок намуданд.
Дар ҳошияи ҳамкориҳои дуҷониба бо кишвари Ҷумҳурии Исломии Покистон дар таърихи 6 марти соли 2020 дар толори театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат ва намояндагони корпуси дипломатӣ Рўзи фарҳангии Покистон дар сатҳи муносиб баргузор гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ин дар лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маъқул донистани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Созишнома байни давлатҳо иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи корҳои осорхонавӣ, гирифтани имзоҳои роҳбарони аввали вазоратҳои дахлдор мебошад.
Ҳамзамон, дар ин муддат вохўрии роҳбарияти вазорат бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорь Лякин – Фролов, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерлин Йосефсон, Сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Риффат Кёксал ва Сафири Япония Такаюки Мияшита баргузор гардида, масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ муҳокима гардиданд.

СИЁСАТИ КАДРӢ. Мавриди зикр аст, ки оид ба вазъи воқеии омори кадрӣ дастгоҳи марказӣ ва 52 ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат теъдоди кормандон мувофиқи ҷадвали корбаст 3488 нафарро ташкил медиҳад, ки айни замон 3031 нафар фаъолият карда истодаанд, ки аз ин -961 нафар ҳайати хизматрасон (кормандони техникӣ), теъдоди мардҳо -1737 нафар, аз ҷумла занон -1294 нафар, теъдоди роҳбарон 432 нафар, яъне 14,2% буда, аз ҷумлаи занони роҳбарикунанда 130 нафар, яъне 30,1%-ро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки дар соҳаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 2480 муассиса вуҷуд дорад, ки оид ба вазъи воқеии омори кадрӣ бо дарназардошти дастгоҳи марказӣ ва 52 ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар ташкилоту муассисаҳои театрӣ, фарҳангӣ – фароғатӣ ва муассисаҳои таълимии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттиллоъ медиҳад, ки теъдоди кормандон мувофиқи ҷадвали корбаст 16078,75 нафар буда, айни замон 15136 нафар фаъолият мекунанд.
Теъдоди мардҳо 7975 нафар, яъне 52,6%, теъдоди занон 7161 нафар, яъне 47,3%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди роҳбарон 2520 нафар, яъне 16,6% буда, аз ҷумлаи занони роҳбарикунанда 1000 нафар, яъне 39,6%-ро ташкил медиҳад.
Айни ҳол, дар дастгоҳи марказии вазорат 59 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 37 нафарашон мардҳо ва 23 нафар занон мебошанд. Қайд бояд намуд, ки 7 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва 2 ҷойи кории холӣ дар ҳайати техникӣ ва хизматрасонии дастгоҳи марказии вазорат мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ чораҳо андешида мешаванд.
Дар давраи ҳисоботии дастгоҳи марказии вазорат тибқи санадҳои амалкунанда тавассути шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус 140фармоиш, аз ин 67 фармоиши шахсӣ, 38 фармоиши рухсатии меҳнатӣ, 22 фармоиши сафари хизматӣ ва 13 фармоиши умумӣ таҳия гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва интизоми меҳнатии кормандон ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат аз ҷониби хадамоти кадрӣ оиди риояи талаботи Кодекси меҳнат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи муқаррароти он ва дигар санадҳои муқарраргардида, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 1 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки аз тарафи 10 нафар довталабон барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод гардид, аз ин 3 нафарашон ҷиҳати фаъолияти минбаъда ба мансаб таъин карда шуданд.
Ҷиҳати татбиқи иҷрои Нақшаи зикргардида, дар семоҳаи аввали соли 2020 4 нафар хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии хизматчиёни давлатӣ дар курси такмили ихтисос аз рўи барномаҳои «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони истиқлолият ва дурнамо», «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Идоракунии ҳайат дар замони муосир», «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ва 1 нафар дар курси азнавтайёркунӣ аз рўи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарАкадемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзишҳои кўтоҳмуддатро ба анҷом расониданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашнҳои «Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рўзи фарҳанг» як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ ва соҳаҳои вазорат бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

СОХТМОНИ АСОСӢ. Вазорати фарҳанг ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба иншоотҳои сохтмони асосӣ тибқи муқаррароти муайянгашта омода намуда, барои кушодани маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Дар семоҳаи якум барои идома додани иҷрои корҳои сохтмонӣ таввасути пудратчиёне, ки солҳои гузашта корҳои сохтмониро дар иншоотҳои сохтмони асосӣ пеш мебурданд, ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда шуд.
Маълумотнома ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади иҷрои банди 13 Протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва рўйхати дегхонаҳои дар тобеияти муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг қарордошта пешниҳод карда шуд.
Дар ин давра тибқи мактуби муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №25/1-581 аз 25.02.2020 кормандони вазорат барои гузаронидани санҷиши бехатарӣ аз сўхтор дар бино ва ҳудуди иншоотҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.

АУДИТИ ДОХИЛӢ. Дар семоҳаи якуми соли 2020 аз ҷониби мутахассисони шуъбаи аудити дохилии вазорат мувофиқи нақша, ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар 7 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар як муассисаи театрӣ, як муассисаи консертӣ, се муассисаи нашриявӣ ва ду муассисаи таълимӣ вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузаронида шуд.
Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар баъзе аз муассисаҳо зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо бақияи маблағҳои буҷетии хароҷот нагардида, зиёд пардохти сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор, барзиёд пардохт намудани музди меҳнат ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ташкил намуд.
Инчунин вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30.08.2013, «Дар бораи тасдиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи дохилиидоравии зиддикоррупсиони соҳаи фарҳанг барои соли 2020, ки бо фармоиши вазири фарҳанг аз 16.01.2020, №14 тасдиқ гардида буд, вохўрӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳи ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони масъули моддӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳо, бе асос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ, кам кардани бақияпулиҳо ва саривақт бартараф кардани қарзҳои беасоси дебиторӣ ва кредиторӣ, аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.

ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ. Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат дар семоҳаи аввали соли 2020 – 19094,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки аз ҷумла: ба соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт –1298,4 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ -8196,9 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат-8462,4 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ –548,4 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ – 588,0 ҳазор сомонӣ.
Буҷети Вазорати фарҳанг дар семоҳаи аввали соли 2020 ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадори марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2019


Соҳаҳо Нақша
Ҳақиқӣ

Таносуби иҷро
Тасдиқ шуда Иҷрошуда Маблағи истифоданашуда %
2019 2020 2019 2020
2019 2020 2019 2020
1
Матбуоти
даврӣ ва
нашриёт 898,5 1298,4 898,5 1298,4 0 0 100 100
Муассисаҳои таълимӣ 7432,8
8196,9 6198,7 6952,6 1234,1 1244,3 83,4 84,8
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат 8388,1
8462,4 7026,3
6941,5 1361,7 1520,9 83,8 82
Дастгоҳи марказӣ 429,3
548,4 371,2
440,2 58,0 108,2 86,5 80,2
Сохтмони асосӣ 527,0
588,0 0 0 527,0 588,0 0 0
Ҳамагӣ 17675,7
19094,1
14494,7
5632,7 3180,8
3461,4
82,0 81,9

Тавре, ки аз ҷадвал дида мешавад, иҷрои ҳақиқии буҷет дар семоҳаи аввали соли 2019 маблағи 14494,7ҳазор сомонӣ ё нисбати нақша 82 %-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт -898,5 сомонӣ ё ин ки 100%, муассисаҳои таълимӣ -6198,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 83,4 %, ба соҳаи санъат ва фарҳанг-7026,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 83,8%, дастгоҳи марказӣ-371,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86,5%, маблағгузорӣ шуда буд. Дар семоҳаи аввали соли 2019 –3180,8 ҳазор сомонӣ ҷудо нагардида буд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ маблағи 15632,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 81,9 %-и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт– 1298,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100 %, муассисаҳои таълимӣ – 6952,6ҳазор сомонӣ ё ин ки 84,8%, соҳаи фарҳанг ва санъат – 6941,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 82 %, дастгоҳи марказӣ –440,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 80,2% ҷудо гардидааст.
Дар миқёси вазорат дар семоҳаи аввали соли 2020 маблағҳои ҷудонашуда 3461,4 ҳазор сомонӣ мебошад, ки он 23,9 %-и нақшаро ташкил медиҳад, ки қисман аз чунин моддаҳо иборат мебошад; сафарҳои хизматӣ, харидории таҷҳизот, таъмир ва ғайраҳо.
Маблағгузории барномаҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввал тибқи сметаҳои хароҷоти 327,1 ҳазор сомонӣ буда маблағи хароҷотгардида 125,1 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 – 14 номгўи китобҳо ба теъдоди умумии 8,3 ҳазор нусха чоп шуда, маблағи фурўши китобҳо 315,0 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботӣ 13 шумораи маҷаллҳо бо теъдоди 14230 ва 13 шумораи рўзномҳо бо теъдоди 12550 нусха чоп гардида, маблағи умумии ба фурўш рафтаи онҳо 95,6 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Ҳаҷми гардиши мол дар семоҳаи аввали соли 2020 маблағи 45,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, аз он ҷумла фурўши чакана – 13,6 ҳазор сомонӣ иҷро шуд.
Шумораи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 –56 % иҷро шудааст (мувофиқи нақша –371 адад ҳақиқӣ – 207 адад), шумораи тамошобинон –65 % (мувофиқи нақша –95,7 ҳазор нафар, ҳақиқӣ – 62,2 ҳазор нафар), даромад аз фурўши чипта – 89,9 % (нақша – 1052,2 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ – 946,5 ҳазор сомонӣ) ва дигарнамуди даромадҳо 49% (нақша –435,6 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ –215,3 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил намуданд.
Ҳамзамон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории солона, ҳармоҳаи меҳнат, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг дар соли 2021 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2022-2023, инчунин маълумотҳоро оид ба ҳисоби воридот аз рўи даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ бо назардошти иҷрои воқеии соли 2019, баҳодиҳӣ барои соли 2020, дурнамои соли 2021 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2022-2023 ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ. Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 1320 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 366 ададаш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 3 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад фармон, 1 фармоиш, 7 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 318 ададро ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Аз 318 санад, ки аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, 126 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 177 адади он иҷро гардида, 63 адад мавриди иҷро қарор дорад.
Ҳамзамон, дар ин давра 47 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 36 адади он иҷро, 11 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 12 адад иҷро гардида, 3 адад мавриди иҷро қарор дорад. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 79 нафар қабул гардиданд.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 954 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 447 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 356 адади он иҷро гардида, 151 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 847 санад омода карда, ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 158 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 689 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 63 адад фармоиш, 47 адад шартнома ба қайд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон дар самти таъмини бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, сари вақт дастрас намудан, назорат намудани ҳуҷҷатҳои воридотӣ, содиротӣ ва назоратӣ, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.
Вазорати фарҳанг аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 26 декабри соли 2019 ироа гардид, рўҳбаланд гардида, санади мазкурро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, шинохти таърихи гузаштаву имрўза, таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ ва ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кўшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангро равона хоҳад намуд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри татбиқи сиёсати фарҳангииҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар заминаи ҳифз, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллии замони истиқлол, арзишҳои умумибашарӣ, ташаккули симо ва сирати фарҳангии ба таҳаввулоти замони муосир рақобатпазир, ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, рушди илму фарҳанг ва адаб, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри эҷоди низоми арзишҳои устувори маънавӣ дар ҷомеа ва таъмини воқеии соҳибихтиёрии миллӣ-фарҳангӣ, эҳё ва рушди фаъолияти тамоми равияҳо, шаклҳо ва намудҳои соҳаи фарҳанги миллӣ, азнавсозӣ ва мукаммалгардонии мундариҷа тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.