Сомонаи пешина | Дш, 01 Июн 2020 / 18:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунарпешаҳои театр ба кормандони тиб ва аҳолӣ барои мубориза бо коронавируси COVID-19 бо маводи беҳдоштӣ ва тиббӣ кӯмак мерасонанд

Имрӯзҳо, ки кормандони шарафманди соҳаи тиб барои саломатии ҳамватанонамон бо коронавируси COVID-19 мубориза мебаранд, намояндагони дигар соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла фарҳангу театр низ барои дастгирии аҳли тиб ва баҳри бартараф намудани ин вабои ҳамагир ба беморхона ва эҳтиёҷмандон кўмак намуда истодаанд.

Аз ҷумла, ҳунарпешаҳои Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва муҳимияти фаъолияти пурсамари онҳо ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат ба маблағи 1300 (як ҳазору сесад) сомонӣ маводҳои зерин: маҳлулҳои антисептикӣ‚ айнакҳои тиббӣ ва хўрока ба табибону беморони Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва Маркази миллии тиббии «Шифобахш» (Қараболо) дастрас намуданд.

Ҳамчунин ҳайати Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо мақсади дастгирии шаҳрвандон дар вазъияти кунунӣ ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ ва маводҳои антисептикиро харидорӣ намуда‚ ба маҳаллаҳо тақсим намуданд. Санъаткорони кишвар дар ин рўзҳои ҳассос дар бари мардум буда‚ баҳри бартараф намудани ин беморӣ саҳми худро минбаъд низ мегузоранд.