Сомонаи пешина | Яш, 07 Июн 2020 / 13:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба ифтихори 20-умин солгарди «Рўзи “Шашмақом”

Муҳтарам аҳли санъату ҳунар!

Бо арзи эҳтиром‚ шумоёнро ба муносибати 20-умин солгарди Рўзи “Шашмақом” самимона шодбош менамоям.

Миллати тоҷик дар гузашта ва имрўз‚ пеш аз ҳама бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Фарҳанги миллии мо, аз ҷумла санъати Шашмақом дар тарбияи худшиносии миллӣ нақши муҳим бозида‚ дар ташаккули маънавиёти ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Ин аст, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 май таҳти рақами № 294 «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии Шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки саҳми муҳимро барои дастгирӣ ва рушди санъати Шашмақом гузоштааст.

Имрўз, мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории фарҳанги башарият аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуда, ҳамасола 12-уми май расман таҷлил карда мешавад.

Ин ҳама далолати он аст, ки имрӯз санъати Шашмақом дар арсаи ҷаҳонӣ беандоза вусъат гирифта, мавқеъ ва мақоми он дар байни ҷомеаи мусиқии ҷаҳонӣ устувор гардидааст.

Яъне, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба фарҳанги тоҷик, аз ҷумла ба Шашмақом рўҳу мадоъи тоза бахшид. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди минбаъдаи ҳунари Шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили рушди нави Шашмақомхонӣ дар саросари Тоҷикистон гардид.

Ҷашни фархундаи Шашмақом ин ҷашни ҳамагонист ва бо ин мақсад тамоми аҳли кишварро бо ҷашни хуҷастаи зебоиву ҳунар, бо 20-умин солгарди Рўзи “Шашмақом” самимона шодбошу муборакбод мегўем ва барои ҳама саодату хушрўзгорӣ ва парвози нави эҷодиро таманно менамоем.