Сомонаи пешина | Дш, 01 Июн 2020 / 17:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

НАВБАТИ ЗАФАР ОЯД...

Дар масири пуршебу фарози тақдир халқи тоҷик шоҳиди ҳазорон ҳаводиси пуршур гаштааст. Вале ба иродаи қавӣ, фаросати азалӣ ва хирадсолориву матонатгузинӣ тоҷикон аз ин гирдобҳо чун шиновари қави азми садафҷўй баромадаанд.

Оре, имтиҳоноти сангине, ки халқи тоҷик тўли садсолаҳо паси сар намуд, рўҳи ўро шикастнопазир, матонаташро баланд, дили азалан нармашро дар ин муборизаҳо обутоб дод

Ва инак боз ба сари аҳли ҷаҳон, аз ҷумла мардуми мо вабои навбатие ба номи каронавирус бор гаштааст.

Албатта, имрўз нисбати сатҳу дараҷот, инкишоф ва коҳиши ин вабои аср тариқи васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои коршиносону аҳли илм ва мардуми оддӣ пешкаш гардида истодаанд.

Вале, як чиз муқаддам аст, ки мо набояд қабл аз ҳама ба воҳимаҳои беасосу бардурўғ бовар карда ба таҳлука афтем. Таҳлука ин худ бадтар ва гаронтар аз ҳамагуна беморист.

Дирўз Пешвои миллат зимни ироаи табрикоти худ бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барҳақ таъкид намуданд: “Мубориза алайҳи ин беморӣ, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи ҳар фарди баномус мебошад”.

Танҳо даст ба дасти ҳамдигар гирифтан, афрўхтани оташи меҳру муҳаббат дар дилҳо, шафқату ғамхорӣ ба якдигар моро метавонад аз бало эмин дорад.

Аз азал зебогиву ҳунар дунёро аз ҳама балоҳо наҷотбахш буду ҳаст. Ҳамин аст, ки имрўз аҳли санъату ҳунар чун ҳамеша дар паҳлўи мардум қарор доранд. Оҳангу сурудаҳои эшон ба дили беморон шуълаи умеду бовариро ба фардои нек фурузонтар месозад. Ин аст, ки мутахассисон ва ҳунарпешагони муассисаҳои театрию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи масъала имрўзҳо дар хиёбону маҳаллаҳои пойтахт барои анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ дар паҳлўи мардум қарор дошта, бо ибтикори худ вобаста ба имконият ба беморхонаҳо ва эҳтиёҷмандон маводҳои санитарию гигенӣ ва хўрока кўмак намуда истодаанд.

Имрўз мебояд зикр намуд, ки Ҳукумати кишвар тамоми чораҳои заруриро алайҳи пешгирии ин беморӣ андешида истодааст.

Вале, дар ин лаҳзаҳои ҳассос бояд ҳаряки мову шумо дарк намоем, ки саломатии мо қабл аз ҳама дар дасти худи мост.

Набояд мо паси воҳимаҳои беасос, ки бунёди таҳлукаву бесаранҷомист равем, балки гўш ба маслиҳати донишмандону коршиносони соҳа диҳем.

Табиби ҳар инсон худи ўст. Риояи оддитарин талаботҳои гигенӣ аз ҷониби ҳаряки мо, барои ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтани ҷомеа аз ин вабо бисёр муҳим ва зарур аст.

Биёед, дар ин лаҳзаҳои ҳассос бори дигар пеша аз солориву дурандешие, ки хоси мо тоҷикон аст, намоем.
Даст дасти ҳам гирем таронаи муҳаббату садоқати безавол хонем. Хонаи дилҳоро бо зеботарин орзуҳои фардосоз пур намоем.

Оре, ин рўзҳо мегузаранд:
Сабру зафар қарини якдигаранд,
Бар асари сабр навбати зафар ояд.

 

Мирзоолим Саидов
Сардори раёсати санъати
Вазоратии фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон