Сомонаи пешина | Яш, 07 Июн 2020 / 14:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҲУШДОР БА НОТАВОНБИНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ СИЁСИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

 

Эй қавми бедиёнату, эй қавми бе ватан,
Эй қавми дар муоширати хеш сагдаҳан.
Олудаи ҳақорату иғво макун сухан,
Санги маломатат бигир аз дӯши анҷуман.

Коре накардаӣ,ки савобе ба ту расад,
Дар назъи ҷон, ки қатраи обе ба ту расад.

Ҷуз кина нест дар дилат, эй чуғзи шумхабар,
З-ин рӯй ҷои наҳсу харобе ба ту расад.
Бо оби шӯр ширдаҳан гаштаӣ, тфу!
Рӯ бар наҷосативу заған гаштаӣ, тфу!

Не сӯи пеш дорӣ раҳу не ба сӯи пас,
Бар хоҷагони хеш "какан" гаштаӣ, тфу!
Баски ҳаромзодаӣ, лафзат ҳалол нест,
Дар мазҳабе туӣ, ки савобу убол нест.

Даъво макун, макун ба мақому ба мартабат,
Хар ҳеҷ гоҳ лоиқи ҷоҳу ҷалол нест.

Номи азизи САРВАРИ моро магир каҷ,
Варна чуноне наҳ бизанемат шавӣ фалаҷ.
Як бор бӯй гир гиребони хешро,
Пас ҳарф гӯй, ҳарф зи боби хараҷ, мараҷ.

Дигар баҳона нест ба ҳар мавзӯе магар,
Дастак намуда кори "вабо"-ро ба баҳру бар?
Бар аҳли байти хеш назар кун, пасон бигӯ,
Ҳарфи ҳақорате, ки раво бинӣ бар дигар.

Ҳар кас, ки ёфт чеҳраи худро ба шеъри ман,
Мардонавор тавба кунад пеши анҷуман.

Варна ба зарби "сахт" чунон мешавад фано
Н-орад дигар ба ёд гап аз Миллату Ватан!

ТАВЗЕҲ:
Касе, ки хар бошад,
Касе, ки сагдаҳан бошад,
Касе, ки чуғзу зоғи шумхабар бошад,
Касе, ки бо наҷосат ширдаҳан шудаву хоин бошад,
Пас сар боло карда, дар "комент"-ҳо эътирофу эътироз мекунад.

Давлат Сафар