Сомонаи пешина | Яш, 07 Июн 2020 / 14:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба муносибати Рўзи байналмилалии Осорхонаҳо

 

Боиси фараҳмандист, ки ҳамасола 18 май дар тамоми кишварҳои дунё Рўзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил мегардад ва ин рўз дар Тоҷикистон ба яке аз рўзҳои зебои баҳорӣ мувофиқ меояд. Аз ин рў бо эҳтироми бузург аҳли фарҳангро бо ин Иди байналмилалӣ ва кормандони осорхонаҳоро бо иди касбӣ табрик мегўям.

Осорхонаҳо барои ҳар як халқу миллат бозгўкунандаи таърих, мерос ва хотираи гузаштагон мебошанд. Бесабаб нест, ки давлатҳои мутамаддин ва мутараққӣ барои ҳифзи ёдгориҳои безаволи гузаштагони худ ва мероси фарҳангиву таърихӣ пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар кишвари мо бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои ҳаёт соҳаи фарҳанг низ рушд ёфта, ба ҳифзу барқарорсозии мероси моддию ғайримоддии таърихӣ аҳамияти хоса зоҳир мегардад, то онҳо чун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузошта шаванд.

Пешвои муаззами мо зимни ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба аҳли зиёи кишвар бо изҳори боварӣ аз он, ки осорхонаҳо дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва ифтихори миллии мардуми тоҷик нақши муҳиме хоҳанд бозид, гуфта буд:

«Осорхона бахши хеле муҳими ҳофизаи таърихии инсоният мебошад. Таъсиси осорхонаҳо, ки рамзи пайванди дирўзу имрўзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд, дар раванди ташаккули миллати мо ба ҳукми анъана даромадааст”.

Нақши рўйдодҳои гузашта дар ҳар як ёдгории таърихӣ, осори қадима, катибаву сангнигораҳо, деворнигораву пештоқҳои қалъаҳои бостонӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихиву фарҳангии миллатамон ҳифз шуда, то замони мо расидааст.

Осорхона маконест, ки намунаҳои ёдгориҳои таърихиро ҳифз мекунад ва дар рў ба рўи инсоният манзараҳои таърихиро инъикос намуда, бо саҳифаҳои гуногуни таърих, ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ дар давраҳои гуногун ошно месозад.

Мутмаинем, ки кормандони осорхонаҳо минбаъд ҳам дар тарбия ва ҷалби ҷавонону наврасон ба омўзиши таъриху маданияти тоҷик саҳми муносиби хешро мегузоранд ва дар баланд бурдани маънавиёти ҷомеа нақши шоиста мегузоранд.

Рўзи байналмилалии осорхонаҳо муборак бод, ҳамватанони гиромӣ! Табъи хушу хотири ҷамъ, саодати рўзгор ва комёбиҳои касбӣ барои рушди Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ҳамқадаматон бод!