Сомонаи пешина | Дш, 01 Июн 2020 / 19:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД...

 

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волою асил, маданияти баланд ва идроки хуби сиёсӣ будааст. Новобаста аз кучак будани сарзамин ва рў ба рў шудан бо муборизаҳои шадиди таърихӣ аз ҷониби душманонаш ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ягон давру замон мавқеи худро аз даст надодааст. Албатта дар такя ба донишу иродаи мардуми ватандўстамон итминони комил дорем, ки имрўз ва ҳатто дар оянда ҳам, ин миллат бузургӣ ва устувории хешро аз даст нахоҳад дод.

Табиист, ки баъзан берун аз ихтиёр ҳодисаву воқеаҳое ғайричашмдошт рух медиҳанд, ки инсоният ҳеҷ мунтазираш нест. Маҳз чунин як рўйдоди нохуш ё худ балои азиме бо номи «Коронавируси нав ё COVID -19» имрўзҳо болои сари тамоми мардуми сайёра омадааст, ки на танҳо ҷумҳурии кучаки мо, балки тамоми давлатҳои абарқудрат рў ба рўйи он оҷиз мондаанд. Вируси карона душманест, ки ба чашм ноаён аст ва метавон гуфт, ки муқобили чунин хасм ба пуррагӣ дар ҳолати омодабош қарор доштан ғайриимкон аст. Мутаасифона, ин вабои аср ба ҷумҳурии мо ҳам омада расида ва беш аз ҳазор нафар ба он мубтало гардида, даҳҳо нафар аллакай аз дасти ин мараз қурбон гардидаанд. Аммо боз ҳам мардуми шариф ва қавииродаи тоҷик дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ва нангин дар муқобили ин балои азим бо истифода аз нерўи тавоно ва дониши азаллӣ шадидан мубориза бурда истодаанд, ки шоистаи ҳама гуна таҳсину офарин мебошад.

Дар ин самт тамоми қишри ҷомеа якҷоя синаҳоро сипар намуда, бо душмани ноайён дар набарданд. Яке бо роҳи маблағгузорӣ, дувумин бо роҳи кумакҳои хайриявӣ ва табибони мушфиқу ғамхор ҳамчун афсари ҷасур рў ба рў бо вируси карона меҷанганд. Ҳатто шахсоне, ки имкони чунин дастгириҳоро надоранд, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ақаллан тавассути сухани нарму тасаллобахш якдигарро дилбардорӣ намуда, дар муқобили ин бемории фарогир ё ба истилоҳ «пандемия» истодагарӣ намоянд. Ҳанўз даҳ аср пеш пири табибон, аллома Абуалӣ ибни Сино низ сухани нек ва лафзи ширинро барои ҳама навъи беморӣ чун беҳтарин табобат тавсия дода буд.

Аммо боиси таассуф аст, ки дар қатори мардуми поктиннату меҳандўст баъзан ашхосе кўтоҳандешу хоин пайдо мешаванд, ки ба муқобили мавҷи дарё шино карданӣ шуда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд вазъиятро ноором созанд. Ҳикматҳои қадимаи халқист, ки «гул бе хор» ва ё «ҷангал бе шағол намешавад». Албатта феълан дар кишвари мо Ҳукумати конститутсионӣ пурра побарҷо буда, ҳар як амалу ҳодиса таҳти назорати ҷиддии давлат ва ҳукумат қарор дорад. Аммо аксари онҳое, ки муқобили сулҳу суботи кишвар ва оромии Тоҷикистони биҳиштосо мебошанд, феълан берун аз Ватан қарор дошта, бо супориши хоҷагони хориҷии худ баҳри мардуми тоҷик хизматҳои хирсона мекунанд.

Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос, ки мардум ҷон рўйи каф бо пандемияи «COVID -19» якдилона мубориза бурда истодаанд, зархаридони хориҷии мо, гўё, аз омадани ин вабо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хурсандӣ карда, дар афзудани шумораи навбатии мубталоёни вабо ва дар ҳолати марги мардум каф мекўбанд. Онҳо тавассути сомонаҳои махсус, аз қабили akhbor.com, payom.net, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, risolat.tj, isloh.net ва ғайра, ки аксаран аз ҷониби хоҷагонашон маблағгузорӣ мешаванд, барномаҳои видеоӣ ва ё гузоришҳо паҳн намуда, гўё гунаҳкорони қазияро ҷустанӣ мешаванд. Онҳо гўё намедонанд, ки асоси хуруҷи одитарин беморӣ тарс аст.

Илми тиб собит намудааст, ки андак бемориро ваҳму тарс, ки боиси суст гардидани иммунитет мегардад, оҳиста-оҳиста ба хуруҷ ва бемориҳои марговар бурда мерасонад. Дар сурате, ки «Коронавируси нав ё COVID -19» душмани андак нест ва бояд муқобили он инсон нерўи қавӣ дошта бошад. Гумон меравад, ки ташкилкунандагон ва гузоришдиҳандагони сомонаҳои мазкур хуб медонанд, ки видеогузоришу мақолаҳои воҳимаангези онҳо ба ҳолати рўҳии ҷомеаи мо, бахусус беморон бетаъсир намемонад. Табиист, ки амалҳои онҳо пурра ғаразнок буда, дар самти пешгирии ин вабо на кумак ва ё дастгирӣ, баръакс роҳи афзоиши «Коронавируси нав ё COVID -19» ва боз чандин маризиҳои дигар мебошад. Бояд гуфт, ки яке аз бемориҳои мудҳише, ки худи онҳо ба он гирифторанду мехоҳанд дигаронро ҳам ба он гирифтор намоянд, “мағзшўйӣ” мебошад, ки мутаассифона, ин вабо аз коронавирус ҳам бадтар буда, на ваксина дораду на даво. Шояд дар замони паҳншавии пандемия онҳо боиси марги чанде аз ҳамватанонамон гардида онро барои худ пирўзии навбатӣ шуморида, хурсандӣ ҳам карда бошанд.

Ба ҳар сурат, чуноне ки болотар ишора шуд, мо ба донишу хирад ва ақлу заковати мардуми шарифи Тоҷикистон боварӣ дорем ва умедворем, ки ба чунин найрангу дасисаҳо дода нашуда, дар мубориза ба ин вабои аср аз донишу таҷриба ва маслиҳатҳои муфиди табибон ва шахсони шифоёта истифода хоҳанд кард. Албатта, дер ё зуд олимону коршиносон давои марази мазкурро пайдо менамоянду ин вабо аз рўйи олам несту нобуд мегардад. Мо яқинан медонем, ки то ин муддат вабоҳои зиёде ба сари мардуми сайёра омада буду инсоният аз ин ҳам рўзҳои мушкилро паси сар намуда буд. Мақоли халқии «ҳар чи ояд бар сари фарзанди одам бигзарад», шояд маҳз барои чунин рўзҳои мушкилу ҳассос офарида шуда бошад.

Мавриди зикр аст, ки аз нахустин рӯзҳои зуҳури ин беморӣ дар қаламрави кишвар, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати пешгирии он аз сӯйи Ҳукумати мамлакат чораҳои мушаххас андешида шуд. Аз ҷумла, ситоди умумиҷумҳуриявии доимоамалкунанда ба фаъолият шурӯъ кард ва дар заминаи он, ба хотири монеъ шудан дар густариши ин беморӣ, дар шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе ин гуна ситодҳо таъсис ёфтанд. Ситодҳои ташкилшуда бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб аз тариқи васоити ахбори омма, бавижа телевизион ва радио, ба шаҳрвандон оид ба вируси Корона ва роҳҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин бемори маълумот ва тавсияҳо пешниҳод намуданд. Тамоми шаҳрвандони аз хориҷи кишвар ворид шуда, ба карантини муваффақатӣ ҷалб шуданд.

Дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаъолияти бемористону дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ зери назорати қатъӣ гирифта шуд. Дар тамоми бозору марказҳои савдо, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, истгоҳҳои нақлиёти мусофирбар ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ чораҳои безараргардонӣ, тавассути маводҳои махсуси кимиёвӣ ба роҳ монда шуд, Чандин бемористон, дар саросари кишвар, бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ таҷҳизонида шуда, дар шаҳри Душанбе беморхонаи махсуси табобати ин вирус ба фаъолият шурўъ кард, муассисаҳои тиббӣ бо табибони соҳибтахассус ва дорувории зидди ин вирус таъмин карда шуданд, ки имрӯз фаъолияти пурсамар доранд ва барои қабули гирифторони вируси Корона ҳамаҷониба омода ҳастанд.

Натиҷаи ин ҳама чорабиниҳои саривақтӣ буд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат садҳо нафар сироятёфтагон ин бемориро сабук пушти сар карда, шифои комил ёфтанд ва аз бемористонҳо ба хонаҳои худ баргаштанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бар онанд, ки бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз тарафи шаҳрвандон, рӯз то рӯз шумори гирифторони вируси Корона коҳиш меёбад ва он рӯз дер нест, ки мо тоҷикистониён аз ин вабои аср раҳо меёбем. Танҳо бо устуворию матонат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи Роҳбарияти олии кишвар мо метавонем ба он пирӯз гардем. Моро мебояд дар раванди мубориза бар зидди бемории вируси Корона Давлату Ҳукуматро кӯмак намоем, хонаву манзили худро тозаву озода нигоҳ дорем ва то ҷое имкон дорем, дар хонаҳои худ бимонем. Ин амали мо мусоидат ба нерӯҳои беҳдоштии кишвар намуда, риояи тавсияҳои беҳдоштӣ дар роҳи пешгирии ин оризаи номатлуб кори хайру савоб хоҳад буд.

Садди роҳи густариши ин беморӣ гардидан, дар радифи роҳбарияти давлату ҳукумат, вазифаи асосӣ ва муҳимтарини ҳар як шаҳрванд маҳсуб мегардад ва дар ин раванд мо низ метавонем саҳмгузорони асосӣ бошем. Аз ин нуқтаи назар, тавре Созмони байналмилалии тандурустӣ тавсия медиҳад, ҳар қадар масофаи байни одамон зиёд бошад, ҳамон қадар хатари мубтало гардидан ба вируси Корона камтар аст. Бо маҳдуд кардани робитаҳои иҷтимоӣ мо метавонем густариши ин ваборо пешгирӣ кунем. Муҳимтар аз ҳама дар ин лаҳзаҳои ҳассос, мо набояд ба тарсу воҳима дода шавем, зеро тарсу воҳима яке аз сабабҳои асосии мубтало гаштан ба ин беморист.

Пешвои миллат дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 75-солагии Ғалаба бори дигар аз зарурати иттиҳоду ҳамдилӣ ва муборизаи дастаҷамъона барои мағлуб намудани коронавирус ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем.

Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем”.

Мутмаинем, ки Ҳукумати кишвар чораҳои фарогиру заруриро ҷиҳати пирӯзӣ ба ин вабои аср боз ҳам пурқувват мекунад ва мақсадҳои бадхоҳони мо чун ҳамешагӣ ба боди фано меравад. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад». Мунтаҳо, дуо мекунем, ки:

Шавад гум аз ҷаҳон номи «Корона»,
Зи вирди ҳар забон, номи «Корона».
Ба эъҷози Худои ҷовидон, мон,
Шавад гум ҷовидон номи «Корона».

Аминов А., Давлатов Ф.
ходимони ПИТФИ