Сомонаи пешина | Шб, 15 Август 2020 / 09:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 фаъолияти худро баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ равона намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардидаро мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода, дар баргузории ҷашнҳои 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Рўзи матбуоти тоҷик, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва дигар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст.

ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ САНЪАТ

ВА НАМОИШҲОИ ТЕАТРИЮ КОНСЕРТӢ

Дар нимсолаи якуми соли 2020 ҷиҳати омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангии соли ҷорӣ ва озмунҳои соҳавӣ тибқи нақша корҳои омодагӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ин давра бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, созандагиву ободонӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, бою ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеа ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон дар мавзўи муосир бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва тавассути воситаҳои ахбори омма эълон гардид. Озмуни мазкур моҳи сентябри соли 2020 ҷамъбаст мегардад. Ҳамчунин, моҳи январ мизи мудаввар бо иштироки драматургон, коргардонҳо ва роҳбарони театрҳо дар мавзўи “Проблемаҳои драматургияи муосири тоҷик” доир гардид.
Рўзи 18-уми феврали соли равон бо ҷалби коршиноси соҳа, аҳли адаб ва санъаткорони шинохта дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзўи «Санъати театрӣ ва драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он профессор Иброҳим Усмонов, театршинос Маҳмадулло Табаров, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, драмнависон – Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус, Нур Табаров, Турахон Ахмадхонов ва дигарон маърўза намуданд.
Дар ин давра, аз ҷониби вазорат лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” омода ва хулосаи вазорату кумитаҳои дахлдор гирифта шуда, айни замон дар баррасии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Боиси ифтихори аҳли фарҳангу ҳунар аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш зарурати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”- ро махсусан таъкид намуда, ҷиҳати ҳамасола доир намудани он дар назди мақомоти дахлдор, аз ҷумла Вазорати фарҳанг, вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Вобаста ба ин, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-уми феврали соли 2020, бо тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба тасвиб расид. Вазорати фарҳанг бо назардошти муҳимияти ин чорабинӣ ва бобати дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ доир гардидани озмун, як қатор корҳои мушаххасро анҷом дод. Аз ҷумла, ҳайати мутасаддиён аз ҳисоби муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳо, аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва кормандони раёсату шуъбаҳо гурўҳи корӣ таъсис дода шуд.
Рўзи 25-уми феврали соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ бо иштироки раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун, гурўҳи мутасаддиён, ҳайати корӣ, сардорони раёсатҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мудирони бахшҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он масоили вобаста ба омодагӣ ва баргузории даври якуми озмун баррасӣ гардида, дастуру супоришҳо дода шуд. Лоиҳаи тартиби баргузории даври аввали озмун аз ҷониби раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун тасдиқ гардида, ба тамоми шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Ҳамчунин, нақшаи чорабиниҳои вазорат тасдиқ гардида, дастурамали методӣ, лоиҳаи протоколи ҳайати ҳакамон таҳия шудааст.
Яке аз самтҳои фаъолияти бевоситаи муассисаҳои театрию консертӣ ташкили чорабиниҳои давлатӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ мебошад. Аз ҷумла, муассисаҳои театрию консертӣ барои баргузории ҷашнҳои 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Рўзи матбуоти тоҷик, барномаи консертӣ бахшида ба ёдбуди Шоири халқии Ўзбекистон, Қаҳрамони Ўзбекистон Эркин Воҳидов, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд, ки дар маҷмўъ 47 чорабиниро ташкил намуд.
Таҷлили 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мақсади пуршукўҳ баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ, вазорат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ, ҳайати эҷодиву маъмурии барномаро аз ҳисоби коршиносони соҳа таъсис дод.
Барномаи консертии идона, ки вобаста ба мавзўю муҳтавои ҷашн: шеъру оҳангҳои тозаэҷод дар васфи Тоҷикистон, ифтихор аз ватану ватандорӣ, сулҳу амният, меҳру муҳаббат ба ин марзу буми аҷдодӣ ва бо ҷалби беҳтарин санъаткорони кишвар таҳия гардида буд, 22-юми феврали соли 2020 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афсарону аскарони сохторҳои қудратии кишвар дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ баргузор шуд.
Рўзи Модар. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонувони фаъоли кишвар 7-уми марти соли 2020 бахшида ба Рўзи Модар дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо ҷалби беҳтарин истеъдодҳо ва гурўҳҳои ҳунарӣ барномаи ҷолиби консертӣ таҳия ва пешниҳоди иштирокчиён гардид, ки армуғони идонае барои бонувони кишвар буд.
Ёдбуди Шоири халқии Ўзбекистон, Қаҳрамони Ўзбекистон Эркин Воҳидов. Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ба муносибати зодрўзи шоири Ҷумҳурии Ўзбекистон Эркин Воҳидов 14-уми марти соли 2020 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки аҳли адаби Тоҷикистону Ўзбекистон барномаи консертии устодони санъат доир шуд.
Таҷлили Иди Наврўзи байналмилалӣ. Бо мақсади баланд бардоштани рўҳияи шаҳрвандон ва ҳамчунин бобати дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ таҷлил кардани Иди байналмилалии Наврўз тибқи Нақшаи чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 21, 22 ва 23-юми марти соли 2020 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, А.Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ воқеъ дар кўчаи Сино, Майдони 800-солагии Москва ва Муассисаи давлатии «Аҳорун» (Амфитеатр)бо ҷалби гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ ва таълимии Вазорати фарҳанг ва дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио 21 барномаи фарҳангиву фароғатӣ таҳия ва пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми марти соли равон дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар ва 22-юми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд намоишҳои пуршукўҳи театрикунонидашуда бо иштироки меҳмонону шаҳрвандон, бо пешниҳоди барномаҳои рангину хотирмон ва истифодаи техникаи муосир баҳри бошукўҳу хотирмон таҷлил намудани Наврўзи байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Бо мақсади ташвиқи дастовардҳо ва пойдории Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ ва баланд бардоштани рўҳияи шаҳрвандони кишвар бахшида ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ 25-уми июни соли 2020 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев барномаи консертии идона бо ҷалби устодони санъат ва ҳунарпешагони ҷавонони соҳибистеъдод аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бе ҳузури тамошобинон баргузор ва аз ҷониби шабакаи телевизиони “Сафина” сабт карда шуд.

Вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сирояти коронавируси COVID-19 мутахассисони вазорат ва ҳунарпешагон, аҳли эҷоди муассисаҳои театрию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи хатари ин бемории сироятӣ бо сухану эҷоди суруду оҳангҳо, расонидани кўмакҳои моддӣ сокинони кишварро ба сабру таҳаммул ва эҳсоси рўҳбаландӣ ба фардои нек даъват менамоянд.
Аз ҳисоби кормандони вазорат ва муассисаҳои театрӣ-консертӣ гурўҳи таблиғотӣ барои анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ дар кўчаву хиёбонҳои пойтахт ташкил карда шуд. Зимни суҳбату вохўриҳо бо аҳолӣ аз ҷониби аҳли ҳунару санъат риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бовар накардан ба ҳама гуна овозаҳои бардурўғу беасос, ки хатари онҳо бештар аз ин беморӣ мебошад, талқин гардид.
Ҷиҳати ба роҳ мондани ташвиқу тарғиб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муассисаҳои театрию консертӣ ва ҳунарпешагони алоҳида бо мақсади баланд бардоштани рўҳияи шаҳрвандон даҳҳо муроҷиатнома ва ролик омодаву паҳн гардид, ки дар онҳо, пеш аз ҳама, дур намудани эҳсоси тарсу навмедӣ, умеду боварӣ ба фардо ва иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри раҳоии ҳар чӣ зудтар аз ин вабо дар мадди аввал қарор доранд.
Аз ҷониби ҳайати эҷодии Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев, Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва дастгирии аҳолӣ ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ, айнакҳои тиббӣ, ниқобҳо ва хўрокворӣ харидорӣ намуда‚ ба маҳаллаҳо, беморхонаҳои пойтахт ва шаҳрҳои Ҳисор, Бохтар, Кўлоб кўмак расонида шуд. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба марказҳои саломатии шаҳрии пойтахт 2800 ниқоб, 1200 маҳлули антисептикӣ, 800 дастпўши резинӣ, 80 адад айнакҳои муҳофизатӣ ва 120 либоси муҳофизатиро тақдим намуда, маоши якрўзаи кормандони худро ба суратҳисоби махсуси Фонди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус гузаронид.
Ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский, Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ ва ҳунарпешагони алоҳида видео-роликҳои таблиғотиро бо ҷалби ҳунарпешагони шинохта, дар алоҳидагӣ ва дастаҷамъона дар ин лаҳзаҳои ҳассос таҳия намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пайваста пешниҳод намуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки вобаста ба ин мавзўъ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов суруди наверо бо номи “Дар ҳифзи ҷони миллат” (муаллиф Камол Насрулло) эҷод ва дар Шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” сабт намуд.
Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо телевизиони наврасону кўдакон “Баҳористон” барои тарбиятгирандагони кўдакистонҳо ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки айни замон дар таътил қарор доранд, силсила-барномаҳои омўзишии телевизионӣ, ба монанди “Буро, буро мехонем”, “Афсонаи шомгоҳон” ва сабти беҳтарин намоишҳо фаъолияти худро ба роҳ монда, шурўъ аз 1-уми июн барномаҳои мазкур манзури кўдакону наврасон гардонида шуда истодаанд.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 дар театрҳои касбии кишвар 15 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 5 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 10 намоиш рўи саҳна омад.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати ҳунарии театрҳои касбии кишвар дар баргузории ҷашни Рўзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар иштирок намуда, баҳри пуршукўҳ ва дар сатҳи баланди эҷодиву бадеӣ доир гардидани ин чорабиниҳо саҳми назаррас гузоштанд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар ин давра намоишҳои навро аз рўи асари Б.Ратсер ва В.Костантинов “Диоген” дар таҳияи С.Усмонов, асари А.П.Чехов “Хостгорӣ” дар таҳияи Д.Убайдуллоев ва “Ишқи Ватан”- и Р.Қудратов дар таҳияи Б.Қурбонзода саҳнавӣ намуд. Ҳамчунин муассисашаби эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатзодаро таҳти унвони “Лутфи ҳунар” ташкил ва 31-уми январ бо ҷалби кормандони мақомоти амният, 6 феврал бо иштироки кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 8-уми феврал бо ҷалби доираи васеи тамошобинон баргузор намуданд.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ. Ҳайати эҷодии театр намоишномаҳои “Найи сеҳрнок”, балетҳои “Золушка” –и С.Прокофев ва “Шелкунчик”-и П.И.Чайковскийро манзури тамошобинони ҷавону наврас гардонид.
Моҳи феврал барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон операи “Хусрав ва Ширин”-и А.Мўсоев намоиш дода шуд.
Моҳи апрел нахустнамоиши операи “Хонум пик”–и П.Чайковский баргузор гардид.
Ҳайати артистони хор, солистони опера, ҳунарпешагони балет ва оркестри симфонии театр дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз фаъолона ширкат намуданд.
Ҳайати эҷодии театр дар давоми шаш моҳ 40 намоиш ва барномаи ҳунариро манзури 11 999 нафар тамошобин гардонид.
Рўзи 19-уми апрели соли ҷорӣ нахустнамоиши «Бонуи Пик» манзури ҳамводорони санъати театрӣ гардонида шуд. Намоишҳои мазкур ба ҷашни 180-солагии композитори рус Пётр Чайковский бахшида шудааст.
Сомонаи «Тур Стат» дар сомонаҳои театрӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ раддабандии беҳтарин театрҳои операвии ИДМ-ро аз ҷиҳати маъруфияти тамошобин ва пахши онлайн пешниҳод намуд. Дар ин раддабандӣ Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин театрҳои операи ИДМ шомил гардид.
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ - драмавии ноҳияи Данғара дар ин давра намоишро аз рўйи асари А.Абдураҳмонов «Тезии корд дар нўги корд» ва асари Ш.Солеҳ “Тавқи лаънат ва номзад” дар таҳияи С.Додарбеков, Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе аз рўйи ҳикояҳои “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ “Пайғоми тўтӣ” дар таҳияи З.Ҷаводов, Театри мусиқӣ– мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиши “Гурбаи мўзапўш”-и Ҷ.Қуддус дар таҳияи Т.Султонов, Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Бўстон намоишномаи «Чароғи сеҳрноки Аладдин» дар таҳияи Р.Раҳматуллоева ва“Дети генералов”- и Н.Шарипов бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд намоиши “Дўсти ҳақиқӣ”-и Н.Бартенев, дар таҳияи Н.Аҳмадов, Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиши “Вирод” (Бародар)-и Мансур Суруш дар таҳияи У.Хисравов, Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон асари “Кали зирак ва бой”-и Н.Шарипов дар таҳияи Н.Аҳмадова, Театри вилоятии лўхтаки “Афсона” –и шаҳри Бохтар намоишномаҳои “Ба некӣ бадӣ нашояд”- и Т.Маҳмадризоев ва “Мор ва гаҳвораҷунбон”-и З.Ибод дар таҳияи А.Абдураҳмонов рўи саҳна оварданд.
Муассисаҳои Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов, Театри мусиқӣ –мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонов, Театри мусиқӣ–мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб, Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен, Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом ва Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт дар ин давра нақшаи репертуарии худро иҷро нанамуданд.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 муассисаҳои консертӣ дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд, ки дар маҷмўъ 42 чорабиниро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 36 суруду оҳанги тозаэҷод ва 23 номераи нави рақсӣ эҷод ва пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуданд.
Ҳунарпешагон ва гурўҳҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Сада”, 27-солагии Артиши Миллӣ, Рўзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд дар маҷмўъ дар 22 чорабинӣ иштирок намуда, дар толори муассиса барномаҳои консертии ҳисоботии ҳунарпешагон Садбарг Ҳасанова, Муборакшо Сафаров, Қобилҷон Зарипов, Файзигул Юсупова, Наврўзалӣ Лутфалӣ ва ансамбли “Тарона ва рақс” ташкил ва баргузор гардиданд.
Муассиса дар баргузории барномаи консертӣ бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки 25 июни соли 2020 аз ҷониби телевизиони “Сафина” сабт гардид, ширкати фаъолона дошт.
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Иди Наврўз 31 суруди ҳунарпешагони ансамблҳои “Чаман”, “Ганҷина”, “Тарона ва рақс”, “Фалак” аз ҷониби шабакаи телевизиони “Синамо” ва 6 номераи оркестри созҳои миллӣ дар телевизиони “Сафина” сабт карда шуданд.
Аҳли ҳунари Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар шашмоҳаи якум дар 14 чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуд, ки аз ин 6 ададро барномаҳои консертии ба тариқи шартномавӣ ташкил намуд. Муассиса нақшаи молиявиро дар нимсолаи якум 60,07% иҷро кард.
Ҳайати ҳунарии муассиса 4 суруди умумӣ, 10 суруд ва 10 рақси навро эҷод ва дар барномаҳои консертӣ иҷро намуданд.
Кормандони Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо» дар ташкил ва баргузории барномаи консертӣ бахшида ба Рўзи Модар, ки 7-уми март дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” доир гардид, саҳми назаррас дошт.
Муассиса як ҷо бо филиалу намояндагиҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе силсила барномаҳои фарҳангиро ташкил ва баргузор намуд.
Новобаста ба вазъи эпидемиологии баамаломада муассиса дар нимсолаи якум ҷиҳати пешниҳоди дастаҳои ҳунарии тоҷик бо кишварҳои Халиҷи Форс (АМА, Қатар, Кувейт), Чин, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Федератсияи Россия гуфтушунидҳо анҷом дод.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои нақшавӣ иштирок намуда, дар ин давра 10 асари нави мусиқиро эҷод ва пешниҳоди тамошобинон карданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳои 27-солагии Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модарон, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳо бо 7 рақс ва 11 суруду оҳанги нав баромад намуданд.
Дар ин давра, бинои муассиса ба пуррагӣ тармиму таҷдид карда шуд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли ҷорӣ бо намоиши “Сирки бузурги Москва ва шерҳои африқоӣ” оғоз намуда, пешниҳоди ҳаводорони санъати сиркӣ намуд.
Тибқи қарордод бо мақсади тавсеаи робитаҳо аз 22 феврал то 29 марти соли 2020 гурўҳи ҳунармандон бо номи “Сирки тиллоии Россия ва ИДМ” даъват гардид, ки аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд.
Гурўҳи ҳунармандони муассиса бо назардошти паҳншавии бемории коронавирус аз Аморати Муттаҳидаи Араб бозхонда шуда, сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои Сингапур, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Хитой, Қазоқистон ва ғайра мавқуф гузошта шуданд.
Сирки сайёри муассиса дар ин давра ба ноҳияҳои Кушониён, Дўстӣ, Фархор, Леваканд ва Восеъ сафарҳои ҳунарӣ намуданд.
Маркази эҷодии «Илҳом». Муассиса таҳияи чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт, ки он 22 феврали соли 2020 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афсарону аскарони сохторҳои қудратии кишвар дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ баргузор гардид. Ҳамчунин кормандони муассиса дар баргузории намоиши театришуда бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Бохтар саҳми арзанда гузоштанд.
Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон. Ҳунармандони муассиса дар ин давра дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рўзи Модар, ҷашни Артиши миллӣ, барномаҳои наврўзӣ ва таҷлили “Рўзи фарҳанг” ширкат намуданд.
Бо мақсади болидарўҳӣ ва фароғати кўдакону наврасони душвортарбияву имконияташон маҳдуд 27 феврали соли равон дар Мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барномаи идонаи консертӣ таҳти унвони “Файзи Истиқлол” ташкил ва баргузор гардид.
Фаъолияти муассисаҳои Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ шашмоҳаи якумро бо нишондодҳои хуби молиявӣ ҷамъбаст намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо назардошти хуруҷ намудани бемории сирояткунандаи короновирус дар ҷаҳон ва андешидани чораҳои пешгирӣ аз ин вабои асри муосир, тибқи дастур баргузории намоишҳои оммавӣ, аз ҷумла намоишҳои театрӣ бо иштироки тамошобинони наврас ва донишҷўён маҳдуд карда шудааст, ки ин раванд дар иҷрои нақшаи молиявию эҷодӣ ва сафарҳои ҳунарии муассисаҳои театрию консертӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бе таъсир намонд.
Айни замон, як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки садди роҳи фаъолияти пурсамари театрҳо ва муассисаҳои консертӣ гашта ба фаъолияти пурмаҳсули онҳо монеа эҷод менамоянд:
1. Бо вуҷуди андешидани чораҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва роҳбарияти муассисаҳо норасоии кадрҳои баландихтисос, аз қабили коргардонҳо, ҳунарпешагони касбӣ, равшанидиҳандагон, пардозгарон, мутрибон, коргардонҳои овоз ва ғайра дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ ба назар мерасад.
2. Норасоии техникаи саҳна дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ аз қабили воситаҳои рўшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақвияти садо, таҷҳизоти саҳна, асбобҳои мусиқӣ, сару либоси саҳнавӣ ва воситаҳои нақлиётӣ ташвишовар боқӣ мемонад.
3. То ҳанўз бинои Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом дар ҳолати ногувор қарор дошта, масъалаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҳалли худро наёфтааст.
4. То рафт зиёд гардидани шумораи чорабиниҳои фарҳангии ройгон аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳо ба коҳиш ёфтани сатҳу сифати барномаҳо ва хароб гардидани базаи моддию техникии муассисаҳо оварда расонида истодааст.
Бо назардошти мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли саривақтии онҳо пешниҳод карда мешавад, ки дар солҳои минбаъда дар буҷет ба муассисаҳои театрию консертӣ барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ маблағҳо пешбинӣ карда шаванд. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати муассисаҳои фарҳангии давлатӣ имтиёзҳо муайян ва ба мақомотҳои иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дастгирии муассисаҳои касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур ироа гардад.

ФАЪОЛИЯТ ВА РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ–ФАРОҒАТӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7075 муассисаҳои фарҳангӣ, ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнуъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ин шумора 6077 китобхона, аз ҷумла 1 Китобхонаи миллӣ, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 7 китобхонаи вилоятӣ, 65 китобхонаи марказӣ, 1206 китобхона – филиал, 79 китобхонаи бачагона, 136 китобхонаи вазорату идораҳо, 4582 китобхонаи соҳаи маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, 98 осорхона, аз ҷумла 1 Осорхонаи миллӣ, 8 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 3 осорхонаи вилоятӣ, 51 осорхонаи таърихӣ–кишваршиносӣ, 24 осорхонаи вазорату идораҳо, 11 хона – осорхона, 321 қаср, кох ва хонаҳои фарҳангӣ, 394 клуб, 45 клуби сайёр, 18 маркази фарҳангӣ–фароғатӣ, 7 филармонияи халқӣ, 88 боғи фарҳангию фароғатӣ, 22 театри ҳалқӣ, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 арт–галерея, ва 1 бойгонии фарҳангӣ мебошад.
Тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 25 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақомхонон, 8 ансамбли фалаксароӣ, 19 ансамбли рақсӣ, 7 ансамбли эстрадӣ, 12 ансамбли фолклорӣ – этнографӣ, 2 гурўҳи ҳаҷвнигорӣ–зарофатгўӣ, 1 гурўҳи адабӣ–бадеӣ, 1 гурўҳи карнайнавозон, 1 гурўҳи дойрабадастон, 1 оркестри нафасӣ, 1 оркестри камеравӣ, 3 ансамбли созҳои миллӣ, инчунин 1 телевизиони маҳаллӣ, 5 радиои маҳаллӣ, 22 студияи сабти овоз ва 1 маркази матбуот фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, китобхона ва осорхонаи назди вазорату идораҳо 16 767 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 2248,5 нафар бо маълумоти олии касбӣ, 3685,75 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 3369,25 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси соҳавӣ, 2123,75 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси ғайрисоҳавӣ, 5340 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд. Аз шумораи умумӣ 3734 нафар кормандони техникӣ, 7564,25 мардон ва 9203 нафар занон буда, 356,75 воҳиди кории холӣ (вакант) ва 4154 нафар зан–роҳбар мебошад.
Дар муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ 1603 нафар норасоии кадрҳо ба назар мерасад, ки 9,6%–ро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 393 нафар ё 13,7%, Суғд 348 нафар ё 10,4%, ВМКБ 80 нафар ё 8,3%, ШНТҶ 142,5 нафар ё 9,4% ва шаҳри Душанбе 174 нафар ё 9,2%, китобхонаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм 456 нафар ё 9,6%, осорхонаҳои тобеи вазорату идораҳо 13 нафар ё 12,1% мебошад.
Муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2019 баён гардиданд, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар доираи он чорабиниҳои мушаххаси фарҳангию фароғатӣ, фестивалу озмунҳо, баромади дастаҳои ҳунарӣ, конфронсу намоиши китобӣ, мулоқоту вохўриҳо ва дигар тадбирҳоро амалӣ карда истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик» барои солҳои 2021 - 2025 таҳия гардида, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №206 аз 31 марти соли 2020 қабул шуд. Инчунин, лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-1339 аз 05.02.2020) ҷиҳати дар сатҳи баланди адабиву маънавӣ ташкил ва баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти №42, аз 24.02.2020 фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба баргузории озмуни мазкур ба тасвиб расида, лоиҳаи низомнома оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Мувофиқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 53, аз 9 феврали соли 2016 тасдиқ гардидааст ва дар асоси банди 4 фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02.2020, №23 дар бораи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон» рўзҳои 5 – 6 марти соли 2020 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Китоб - равшангари дилҳо» бо иштироки олимон, адибон ва китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Инчунин Маркази эстетикию эҷодии кўдакону наврасон таҳти унвони «Навниҳол» муаррифӣ шуда, бахшида ба баргузории фестивал аз ҷониби гурўҳи корӣ дастури таълимӣ - методӣ таҳти унвони “Тараннумгари сухан барои донишҷўён ва созмондиҳандагони фестивал” чоп карда шуд.
Ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба номинатсияи «Рубоб» ва «Сада» аз ҷониби гурўҳи корӣ моҳи марти соли ҷорӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода гардида, барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои корбарӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд.
Дар муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, иду ҷашнҳо, аз қабили Соли нав, иди Сада, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар, Рўзи фарҳанг, Наврўзи байналмилалӣ, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028”, вобаста ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм”, «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 – 2040 силсилаи чорабиниҳо, вохўриву суҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ин муддат 10362 чорабинӣ доир гардида, дар он 1 590 823 нафар тамошобинон иштирок намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 396 адад чорабинӣ ва 359 523 нафар иштирокчӣ кам мебошад.
Муассисаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар ин давра 3869 чорабинӣ доир намуданд, ки 458 172 нафар тамошобин фаро гирифта шуд ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 141 адад чорабинӣ ва 15 981 нафар иштирокчӣ кам мебошад.
Дар ин давра, дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 686 чорабинӣ доир гардида, дар онҳо зиёда аз 108 263 нафар иштирок намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1300 чорабинӣ доир гардида, 195 000 нафар ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 600 чорабинӣ ва 90 000 нафар тамошобин кам мебошад.
Тўли ин муддат муассисаҳои фарҳанги тобеи раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе 206 чорабинии фарҳангию маърифатӣ доир намуда, зиёда аз 30 900 нафарро фаро гирифтанд.
Бо назардошти вазъи имрўзаи ҷомеа, яъне сироятёбӣ ба вируси COVID–19 баргузории чорабиниҳо муваққатан боз дошта шуд.
Дар робита ба ин, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳисоби масъулини бахшҳои фарҳанг гурўҳҳои корӣ таъсис ёфта, байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.
Тайи ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Гулистон, Бўстон, Исфара, Хоруғ, Бохтар, Кўлоб, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Рўшон, Ишкошим, Шуғнон, Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Панҷ, Восеъ, Кушониён, Варзоб, Рашт, Файзобод мағозаю дўконҳои фурўши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли атласу адрас ва корхонаҳои дўзандагию бофандагӣ ифтитоҳ ёфта истодаанд. Аз ҷумла, шумораи мағозаҳои фурўши армуғонҳо 140 адад мебошад, ки аз ин шумора дар ВМКБ 7 адад, дар Хатлон 55 адад, дар Суғд 30 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 адад ва дар шаҳри Душанбе 35 ададро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси беназир ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд унсурҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳанги моддию ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Дар робита ба ин, номинатсияҳои ҷашни «Сада», матоъҳои миллии «Атласу адрас», «Кашидадўзӣ», мусиқии «Фалак», сози миллии “Рубоб”, ёдгории таърихии “Қалъаи Ҳулбук”, маҷмааи меъмории “Кохи Наврўз”, номинатсияи муштараки “Ҳазлҳои Хоҷа Насриддин” барои шомил намудан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мавриди корбарӣ қарор доранд.
Тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021» (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП–1140) аз ибтидои соли равон якчанд фестивалу озмунҳо доир гардиданд, ки баҳри муаррифии шоистаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик, дастгирии ҳунармандон ва рушди инфрасохтори сайёҳию ҳунармандӣ заминаи мусоид гузоштанд.
Рўзи 26-уми январи соли 2020 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса, бо риояи унсурҳои ҷашнгирӣ аз суннатҳои ниёгон, намоиши ниҳолу тухмиҳои зироати кишоварзӣ, дастранҷи марди деҳқон, намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил гардид. Ҳамзамон, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин иди миллию мардумӣ бо риояи анъанаҳои неки ниёгон ва барномаҳои консертӣ доир карда шуд.
Моҳи феврал Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омўз…» баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 800 нафар иштирок доштанд.
Охири моҳи январ озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» сурат гирифт, ки дар он намояндагони корхонаҳои истеҳсоли маснуоти сангӣ иштирок намуданд. Даври ҷамъбастии он бо иштироки наздики 400 нафар дар толори ҶДММ «Зари Тоҷик», доир гардид.
Моҳҳои январ – феврал дар миқёси ҷумҳурӣ озмуни «Дастархонороӣ» дар се давр баргузор шуд. Даври ҷамъбастии он дар тарабхонаи «Истаравшан»–и шаҳри Душанбе сурат гирифт, ки дар он зиёда аз 700 нафар иштирок доштанд.
Ҳамзамон, ба ифтихори «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар фестивалу озмунҳо, конференсияву намоишгоҳҳо доир карда шуда, дар ҳамаи муассисаҳои фарҳангӣ гўшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардиданд. Баргузории чорабиниҳо таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз», «Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор», «Ҳунар аз нуқраву тиллою зар беҳ», «Зи баҳри ҳунар шуд гиромӣ гуҳар», «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст», «Деҳи ман як гўшаи хоки Ватан» ва ғайраҳо баҳри рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба кишвар заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Омаду рафти хонанда ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ин муддат 59061 нафар буда, аз ин 6440 аъзои нав мебошад, таъмини мавод 59941 адад, аз ҷумла 52391 нусха китоб, 7550 маводи электронӣ, воридоти китоб 7768 нусха ва 7 чорабинӣ доир карда шудааст.
Дар ин давра, кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар 104 чорабинӣ, аз ҷумла 22 намоиши китобии доимӣ, 27 намоиши китобӣ ва хулосаи библиографӣ, 15 суҳбат, 4 хониши ифоданок ва баланд, 3 саҳнача бо истифодаи бозичаҳои мулоим, 1 семинари ҷумҳуриявӣ бо китобдорон, 3 вохўрии адибону олимон бо хонандагон, 2 маҳфили шеърхонӣ, 13 маҳфили адабӣ ва субҳи адабӣ, 4 намоиши видеофилм, 2 муаррифии китоб, 5 кори амалӣ ва 3 саёҳат ба китобхона доир намуданд. Ба фонди китобхона 495 нусха китоб ба маблағи 9563,10 сомонӣ, аз ҷумла аз нашриёти “Маориф” 300 нусха ба маблағи 6023,10 сомонӣ, аз адибон 144 нусха ба маблағи 2485 сомонӣ, аз Маркази миллии тестӣ 37 нусха ба маблағи 604 сомонӣ, аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш 4 нусха ба маблағи 200 сомонӣ ва аз ҳисоби худи китобхона 10 нусха ба маблағи 251 сомонӣ ворид шудааст.
Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб ба маблағи 1000 сомонӣ аз нашриёти Адиб асари безаволи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар се ҷилд харидорӣ намуда, ба беҳтарин шахсиятҳои дорои фарҳанги баланди китобхонидошта тақдим намуд. Тўли ин муддат, ба хазинаи китобии муассиса 208 нусха адабиёт ворид гардида, 1439 чорабинии китобхонавӣ баргузор шуд ва ба 17 737 нафар хонанда хизмат расонида шуда, аз хазинаи китобӣ 60 154 нусха китоб мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бинои китобхонаҳои ҷамоати деҳоти Яккатут, Қ.Ғиёсов ва 50–солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби кормандон таъмир гардида, музди меҳнати якрўзаи кормандони бахш ба суратҳисоби рушди ноҳия гузаронида шудааст.
Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхўҷа Асирӣ 318 чорабинии мухталиф, аз қабили 206 намоиши китобию матбуотӣ, 7 вохўрӣ, 12 суҳбат, 18 маҳфили дўстдорони китоб, 4 муаррифии китоб, 15 картотекаи мавзўӣ, 1 лавҳа, 25 хулосаи библиографӣ, 18 рўйхати тавсиявӣ, 11 гўшаи тарғиботӣ бо иштироки 15 625 нафар доир гардид.
Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ 31 чорабинӣ, аз қабили 1 вохўрӣ, 7 суҳбат, 6 маҳфил, 1 намоиши китобӣ, 2 субҳи адабӣ, 4 саёҳат ба китобхона, 1 семинар, 3 лавҳа, 2 ҷузвдони мавзўӣ, 1 баргаки мавзўӣ, 3 хулосаи библиографӣ бо иштироки 4961 нафар доир гардид.
Ба бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилояти Суғд 77 адад китоби тозанашр ба маблағи 3399 сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 140 адад китоб ба маблағи 2274 сомонӣ харидорӣ гардида, дастрас карда шуд.
Ба китобхонаи марказии шаҳри Бўстон барои харидории 57 адад китоби тозанашр 1250 сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҳисоби раёсати фарҳанги вилоят тариқи ройгон ба фонди китобхонаҳои марказии шаҳри Бўстон 25 китоб ва шаҳри Гулистон 53 китоб ворид гардид.
Дар ноҳияи Ашт китобхона–бахшҳои №19, 22–и ҷамоати деҳоти Ориён, китобхона–бахши №27 ва клуби ҷамоати деҳоти Пунук аз тарафи соҳибкорон ба пуррагӣ таъмир гардида, клуби деҳаҳои Ғудос, Мулломир ва Сарои ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт таъмир карда шудааст.
Аз 489 китобхонаи ҳудуди вилояти Хатлон, Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кўлоб, Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кўлоб, китобхонаи шаҳру ноҳияҳои Панҷ, А.Ҷомӣ, Муъминобод, Вахш 1 ададӣ, Кўлоб, Ховалинг, Балҷувон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Дўстӣ, Ҷайҳун 2 ададӣ, Норак, Ш.Шоҳин ва Восеъ 3 ададӣ таъмирталаб буда, дар шаҳру ноҳияҳои Кўшониён, Балҷувон, Восеъ, Панҷ ва Ҷайҳун 1 ададӣ, Темурмалик ва Кўлоб 2 ададӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Китобхонаи вилоятии ба номи А.Рўдакии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят тўли ин муддат 1494 чорабинӣ доир намуданд.
Дар нимсолаи аввали соли равон фонди китобии Китобхонаи вилоятии ба номи А.Рўдакиро 193 761 нусха китоб ташкил медиҳад. То ин муддат, 1158 нафар хонандаи нав аъзои китобхона шуда, ба онҳо 3136 нусха адабиёт дастрас карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки китобхона дар бинои таъмирталаб ҷойгир буда, ба талаботи хадамоти китобхонавӣ мувофиқ нест ва як толор ҳам барои хониш ва ҳам барои маҷлисгоҳ истифода мешавад. Китобхона 4 утоқи корӣ дошта, аксари китобҳо дар даҳлезу роҳравҳо ҷойгир шудаанд, ки ҳатто ба талаботи хадамоти зиддисўхторӣ низ ҷавобгў нестанд. Хулоса, китобхона ба бинои нав ва ё азнавсозӣ ниёз дорад.
Дар ин давра, ба Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ 1113 нафар хонанда барои гирифтани китоб муроҷиат карданд, ки дар натиҷа 11 275 китоб мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, 64 нусха китоб ворид шуд, ки 20 нусха ройгон ва 44 нусха ба маблағи 1738 сомонӣ харидорӣ гардид. Ин китобхона низ ба бинои нав ва ё азнавсозии куллӣ ниёз дорад.
Китобхонаҳои деҳоти Сист, Туғгоз, Зумудг, Исор, Лангар ва Вранги ноҳияи Ишкошим дар синфхонаи мактабҳо ҷойгиранд.
Дар ноҳияи Рўшон 4 адад китобхона дар хонаи шахсӣ, 4 адад дар мактаб ва 4 адад дар дигар иншоот ҷойгир мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба захираи «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ» – и шаҳри Душанбе 217 нусха китоб, ҷузва ва рўзномаву маҷалла ворид гардид, ки аз ин 151 нусха китоб, 7 адад ҷузва бо маблағи 2968 сомонӣ харидорӣ ва 58 нусха ба таври ройгон аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида мебошад.
Шумораи китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳри Ҳисор 25 адад, аз ин 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 23 филиал – китобхона мебошад. Дар ин давра кормандони китобхона 1045 чорабинии гуногун доир намуданд ва омаду рафти хонандагон 23275 нафар мебошад. Ҳамзамон 5905 хонандаи нав ба қайд гирифта шуд, ки аз ин 2841 нафар то синни 15 сола буда, ва 55106 нусха китобро барои мутолиа гирифтаанд.
Дар ноҳияи Рўдакӣ 37 китобхонаҳои давлатӣ – оммавӣ, аз ҷумла 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона ва 35 филиал – китобхонаҳои шаҳраку деҳот фаъолият намуда, дар онҳо 54 нафар китобдорон ба мардум хизмати китобӣ мерасонанд. Дар ин давра, 940 нафар хонанда аз китобхонаи марказӣ ва 765 нафар аз китобхонаи бачагона истифода бурданд.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии хонандагони китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳри Ваҳдат 17864 нафарро ташкил дода, таъмини китобӣ 76806 адад буда, фонди умумии китобҳо 179796 адад, 348 чорабинӣ ва гардиши фонди китобӣ 1,1 маротибаро ташкил намуд. Бо ташаббуси шуъбаи фарҳанги шаҳр ба китобхонаҳо 25 адад курсиҳои нав ба маблағи 1600 сомонӣ харидорӣ гардид. Дар арафаи ҷашни Наврўз бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат китобхона бо фонди китобии 1700 нусха ташкил карда шуд.
Санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳанўз пояи моддию техникии китобхона – филиалҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ: компютер, принтер, сканер, проектор, дастгоҳҳои нусхабардорию суратгирӣ, телевизор ва интишороти маълумотӣ – библиографӣ таъмину муҷаҳҳаз нагардидаанд. Қисми зиёди китобхонаҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар деҳот, дар биноҳои номувофиқ, фарсуда ва таъмирталаб ҷойгир карда шуда, ба одитарин талаботе, ки барои ҷойгирнамоии захира ва рафту омади аъзоёни китобхона заруранд, мутобиқат намекунанд. Теъдоди бештари китобхонаҳо дар мавсими зимистон бо гармӣ таъмин карда намешаванд. Дар китобхонаҳои деҳот системаҳои шамолдиҳӣ ва чангу ғуборкашӣ вуҷуд надоранд, ки ба нигоҳдории захираи китобӣ ва ҷалби хонандагон таъсири манфӣ мерасонанд. Аксарияти китобхонаҳо ба қадри кофӣ бо таҷҳизоти китобдорӣ: рафҳои китобгузорӣ, ҷевонҳо, қуттиҳои махсуси феҳристнигоҳдорӣ, навъҳои мебелҳои зарурӣ барои китобхона ва ғайраҳо таъмин нестанд.
Захираи осорхонаҳои ҷумҳурӣ фарогири 444447 нигораҳо мебошад, ки аз ин шумора 58000 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 87668 дар осорхонаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 132930 дар осорхонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 63337 дар осорхонаҳои вилояти Суғд, 46329 дар осорхонаҳои вилояти Хатлон, 16956 дар осорхонаҳои ВМКБ, 39227 дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳфузанд.
Дар “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ”–и шаҳри Панҷакент 68493 номгўй (аз ҷумла 34410 зебу зинати мақбараи “Маликаи Саразм”) ашёи осорхонавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ маҳфуз буда, 17371 адад дар фонди асосӣ, 12046 дар фонди ёрирасон ва 39076 нигораҳо дар экспозитсияи толорҳо нигоҳ дошта шудаанд. Дар ин муддат, ба фонди осорхона аз тарафи шаҳрванди шаҳри Панҷакент Ҳамроева Назира 24 медал, 18 шаҳодатномаи медал, 2 расми иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳамроев Ҷумъабой супорида шуд. Аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ 16 адад ашё харидорӣ гардид. Дар асоси санади Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад сиккаи давраи Россияи подшоҳӣ ба Фонди осорхона ворид гардид. Ҳамчунин, 12 зеваролот, 5 зарфи мисӣ ва 6 адад либосҳо тоза ва тармим карда шуданд. Ба “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ”– и шаҳри Панҷакент 1197 нафар тамошобин, аз ҷумла 210 нафар ба тариқи ройгон, 14 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 973 нафар меҳмонони ватанӣ ташриф оварданд. Дар ин давра кормандони илмии Осорхона зиёда аз 52 сайрҳои илмӣ ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ гузарониданд. Аз ҷониби шуъбаи бостоншиносӣ дар толори Саразм гўшаҳои “Саразм” бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ва “Нахусткашшофи Саразм” бо ду забон (тоҷикӣ, русӣ) дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 5500 – солагии шаҳри Саразм бо аксҳо аз нав тарҳрезӣ карда шуданд. Инчунин, тибқи Нақша – чорабиниҳои шуъба дар соли 2020 экспозитсияи толори Саразм бо гўшаҳои “Робитаҳои тиҷоратии Саразм” ва “Куруши Кабир” бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) такмилу ғанӣ гардонида шуданд. Дар нақшаи мавзўӣ – экспозитсионии (намоишии) толори Саразм тағйирот ворид карда шуда, намоишгоҳҳои “Қабри Маликаи Саразм” ва “Ороишоти занона ва зарфҳои сафолӣ аз қабристони Дашти Қозӣ” таҷдид ва аз нав тарҳрезӣ карда шуданд.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ 4 чорабинии фарогири мавзўъҳои фарҳангӣ – маърифатӣ доир гардид, ки дар он 610 нафар аҳолии касбу кори гуногун, аз ҷумла 4 нафар шаҳрванди хориҷӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, намоиши сайёри нигораҳои осорхонавӣ 2 адад, мақолаҳои илмӣ дар матбуоти даврӣ 1 адад, фаъолияти илмӣ – равшаннамоӣ дар муассисаҳои таълимӣ 5 адад гузаронида шуд, ки ҷалби аҳолӣ дар маҷмўъ 980 нафарро ташкил намуд. Дар мутолиаи маводҳои нашршуда дар саҳифаи фейсбукии осорхона 1260 нафар ширкат доштанд. Тавассути рўзномаи “Баҳори Аҷам”, оҷонсии иттилоотии “Ховар” ва шабакаҳои телевизионӣ 4 намоишу гузориш таҳия шуд. Дар ин давра, баҳисобгирии фонди осорхонавии муассиса гузаронида шуд, ки дар маҷмўъ 2700 нигора, аз ҷумла, 39 созҳои мусиқӣ, 400 пластинкаҳои ҳунармандони мухталифи ҷаҳон, 18 ашёи рўзгор, 19 ҳуҷҷатҳо аз марҳилаҳои зиндагии композитор З. Шаҳидӣ, 102 асарҳои нотавӣ аз композиторони дохилӣ ва хориҷӣ, 2122 китоби марбут ба соҳаи мусиқӣ ва ғайраро ташкил медиҳад.
Кормандони «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб» тўли ин муддат дар конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 5500–солагии Саразм дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб, ҳамоиш бахшида ба Саразми бостонӣ дар Коллеҷи милитсияи шаҳри Кўлоб, Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Мутолиоти ҷавомеъи форсизабон» (аз 4 то 16.03.2020) дар давлати Ҳиндустон, ки дар он сарвари муассиса Ҳотам Асозода иштирок намуда, дар мавзўи «Маҳбубияти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Хатлон» баромад намуд. Бо мақсади огаҳии саривақтии кормандон аз воқеоти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб» ба 60 номгўй рўзномаву маҷаллаҳо ба маблағи умумии 6370 сомонӣ обуна шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 21 номгўй зиёд аст. Маблағи умумии обуна 1868 сомонӣ аст.
Бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса корҳои зиёди бунёдкорӣ дар самти таҷдиду бозсозии экспозитсияи толори намоишӣ ба вуҷуд омаданд. Дар толори “Истиқлолият”-и Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кўлоб тамоми гўшаҳо бозсозӣ ва гўшаи “Хонаи дўстии халқҳо” бо пешниҳоди 4 хўса (падар, модар, духтар ва набера) дар хонаи русии солҳои 70-уми асри гузашта бо тамоми ҷузъиёт ташкил гардид. Дар шаш моҳи аввали соли 2020 шумораи тамошобинҳо 7712 нафарро ташкил дода, дар ин муддат, ба фонди муассиса 24 адад нигора ба таври харид ворид гардид.
Дар вилояти Хатлон 20 осорхона бо теъдоди 32 130 адад нигораҳо фаъолият доранд. Дар осорхонаи таърихӣ–кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” ҷамъомад таҳти унвони “Аз Паём то Паём” доир шуд ва 515 аксияҳои иттилоотӣ аз таърихи мамнўъгоҳи Бешаи палангон паҳн гардонида шудааст.
Дар хона – осорхонаи ба номи С. Турдиеви ноҳияи Балҷувон корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз гардида, гирду атрофи мақбараи Шоҳ Неъматуллои Заробӣ аз тарафи кормандони бахши фарҳанг тозаю озода гардонида шудаст.
Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон ва осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии Ёвон дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, осорхонаи таърихӣ–кишваршиносии ноҳияи Хуросон таъмирталаб мебошад.
Дар вилояти Суғд 1 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 осорхонаи таърихии вилоят, 9 осорхонаи таърихӣ–кишваршиносӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин, 4 осорхонаи шахсӣ дар шаҳри Исфара ва 6 хона – осорхона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд. Дар фонди осорхонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 48304 адад нигора мавҷуд буда, аз осорхонаҳо 18216 нафар тамошобин дидан намуданд. Дар ин муддат, 147 чорабиниҳои адабӣ – фарҳангӣ, аз қабили вохўрию суҳбат, мизи мудаввар, лексия, конфронс, намоиш бо иштироки олимон, мутахассисони соҳа ва омўзгорони фанни таърихи муассисаҳои олии вилоят гузаронида, 502 сайри илмӣ баргузор шуд.
Дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Ваҳдат намоиши нигораҳо ва саволу ҷавобҳо аз таърихи ниёгон гузаронида шуд, ки дар он беш аз 700 нафар иштирок намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз сокинони шаҳри Ваҳдат 1 табақи чинии гулдори қадима ба андозаи 36х36, як рўймолчаи дўхти қадимаи силсиладори миллӣ бо андозаи 40х40, 1 нигораи булўрини аз гил сохташуда ба андозаи 30х20 ба фонди осорхона ворид гардид.
Аз Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Рўдакӣ 300 нафар дидан намуданд, ки қисми зиёди онҳоро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ташкил медиҳад.
Санҷиш, омўзиш ва таҳлили амиқи фаъолияти осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки дар марҳилаи ҳозира фаъолияти аксарияти осорхонаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ба талаботи замони муосир мувофиқ набуда, биноҳое, ки дар он осорхонаҳо ҷойгир шудаанд, барои фаъолияти махсуси осорхонавӣ бунёд нагардидаанд. Низоми ба намоиш гузоштани (экспозитсияи) нигораҳои осорхонаҳо дар асоси нақшаи мавзўӣ – экспозитсионӣ таҳия (ТЭП) нагардидаанд, дар ҷо ба ҷогузории пайдарҳамии мантиқию таърихии мавзўъҳо, шакли ороиши бадеии осорхонаҳо ва тартиби ба намоишгузории нигораҳо нуқсонҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Дар аксарияти осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо таҷҳизоти техникии осорхонавӣ – тахтаҳои (витринаҳои) намоишӣ, рафҳо, ҷевонҳо, зермонҳо, стендҳо, васоити равшанидиҳанда, шамолдиҳию гармидиҳӣ ва ғуборкашӣ мавҷуд набуда, раванди ташкилу созмондиҳии ҷамъоварии осори таърихию фарҳангӣ ва ҳолати ҳифзу нигаҳдошти онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Масъалаи бо кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи осорхонашиносӣ ва забондон таъмин кардани осорхонаҳои шаҳру наҳияҳо ҳалли фаврӣ металабад.
Дар аксарияти осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо кормандони ғайриихтисос фаъолият дошта, раванди пешбурди корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ (таҳия, таълиф ва интишори мақолаҳои илмӣ – оммавӣ, буклет, брошюра, каталог ва дигар маводи чопӣ) аз мадди назар дур мондааст ва аксари кормандони осорхонаҳо то ҳанўз аз технологияи муосири иттилоотӣ истифода намебаранд.
Теъдоди бештари осорхонаҳо ба таъмири асосӣ ниёз дошта, як қисми онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
То ҳанўз дар шаҳру ноҳияҳои Бўстон, Дўстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Кўшониён, Восеъ, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Варзоб, Тоҷикобод, Сангвор, Деваштич, Мастчоҳ, Дарвоз ва Ванҷ осорхонаҳои таърихӣ – кишваршиносӣ таъсис дода нашудааст.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 87 боғи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 30 адад, дар вилояти Суғд 21 адад, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 4 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14 адад ва дар шаҳри Душанбе 18 адад бо шумораи 1930 нафар корманд амал мекунанд.
Дар ҳудуди вилояти Суғд 21 боғи фарҳангию фароғатӣ фаъолият дошта, 19 боғ ба Раёсати фарҳанги вилоят ҳисоботдиҳанда маҳсуб меёбад. Бинобар фаъолияти хусусӣ доштан боғҳои фарҳангию фароғатии “Наврўзгоҳ” ва “Ғалаба”–и шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро бе мувофиқаи раёсати фарҳанг ва бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба роҳ мондаанд.
Дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 52 аттраксион, 62 чархофалакҳои хурду калони гуногун, 9 лимпопо, 25 дастгоҳи тақвияти овоз, 2 нақлиёти хизматӣ ба мардум хизмат мекунад.
Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ 5500 м2 майсазор, 68029 гул, 5614 дарахтони сояафкан шинонида шуда, 144 чароғпояҳо насб карда шудааст.
Дар ВМКБ 4 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ фаъолият дошта, шумораи кормандони он 15 нафар мебошад. Тибқи таҳлили шуъбаи фарҳанги ВМКБ вазъи боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рўшон, Мурғоб, Ишкошим ба талаботи имрўза ҷавобгў набуда, ба воҳидҳои корӣ, таҷҳизоти техникии замонавӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби соҳибкорон 20 адад арғунчаку аттраксионҳо, 3 адад чархофалаки хурд, 5 адад Батут ва Лимпопо, 2 нуқтаи аксбардор, 4 нуқтаи тезтайёр, 1 нуқтаи омода ва фурўши самбўса таъсис гардид, ки ҳаҷми умумии маблағи воридоти моҳона аз хизматрасониҳо 15 600 сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки корношоям гардидани аксарияти аттраксионҳо, чархофалаку арғунчакҳои ба меросмонда, мавҷуд набудани биноҳои маъмурӣ, шаҳодатномаи техникӣ, сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ва дигар асноди зарурӣ мушкилоти асосӣ ва ҳалталаби боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ маҳсуб меёбанд.
Имрўз дар миқёси мамлакат 786 муассисаҳои клубӣ бо шумори 3089 корманд фаъолият менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мудирони клубу китобхона, хонаи фарҳанги деҳаҳои Дархон, Калининобод, Яхтан, Лолазор, Даштикон ва Ғазантараки ноҳияи Деваштич аз ҷониби масъулини маркази илмӣ – методии раёсати фарҳанги вилояти Суғд семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Ба Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич ба маблағи 1800 сомонӣ таҷҳизот ва лавозимот харидорӣ шуд.
Таъмири бинои хонаи фарҳанги деҳаи Калининобод ва хонаи фарҳанги деҳаи Далёни поён дар ноҳияи Деваштич бомаром ҷараён дорад.
Дар шаҳри Гулистон таъмири хонаи фарҳанги “Кўҳкан”–и шаҳраки Консой ба маблағи 460 000 сомонӣ, клуби “Геология”–и шаҳраки Сирдарё ба маблағи 600 000 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Азнавбарқароркунии Қасри фарҳанг дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, сохтмони Қасри фарҳанг дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Мастчоҳ бомаром ҷараён дорад.
Бо иқдоми шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат Қасри фарҳанги шаҳр ва хонаҳои фарҳанг дар ҷамоати деҳот бо 35 курсиҳои мулоим ва 10 таҳкурсиҳо барои нишаст ба маблағи 3600 сомонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 42 бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 204 бинои муассисаҳои клубӣ таъмирталаб мебошанд.
Аз 285 адад муассисаҳои клубӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ёвон, Муъминобод, Қубодиён ва Кўшониён 1 ададӣ, Балҷувон, Дўстӣ ва Восеъ 2 ададӣ, Данғара, Ҳамадонӣ, Ш. Шоҳин ва Фархор 3 ададӣ, Ҷ. Балхӣ ва Панҷ 4 ададӣ ва шаҳри Кўлоб 11 адад таъмирталаб буда, дар ноҳияҳои Шаҳритус, Шамсиддин Шоҳин, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ ва Кўшониён 1 ададӣ, Темурмалик 2 адад дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар вилояти Суғд 3 бино дар ҳолати садамавӣ, 63 бино таъмирталаб мебошад. Дар ВМКБ 20 бино дар ҳолати садамавӣ, 42 бино таъмирталаб аст. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 57 бино таъмирталаб мебошанд.
Дар ноҳияи Ишкошим 10 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла клубҳои деҳоти Лангар, Исор, Яхшвол, Баршор, китобхонаҳои деҳоти Лангар, Исор, Ямг, Зумудг, Кўҳи Лаъл ва хонаи фарҳанги деҳаи Намадгут дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Дар ноҳияи Рўшон аз 71 адад муассисаҳои фарҳангӣ 22 муассиса таъмирталаб ва 15 адад дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 4 адад клуби сайёр дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.
Дар 786 муассисаи клубии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2122 адад созҳои мусиқии миллӣ ва барқии аврупоӣ мавҷуд буда, ба ҳар як муассисаи 2,6 адад сози мусиқӣ рост меояд, ки 17% -ро ташкил медиҳад.
Дар аксари муассисаҳои клубии деҳоти шаҳру ноҳияҳо мутахассисон бо созҳои мусиқӣ ва дастгоҳи тақвияти овоз таъмин нестанд.
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба намоишномаҳои театрӣ ва дарёфти падидаҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бохтар, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Рашт, Сангвор, Деваштич, Мастчоҳ, Ёвон, Муъминобод, Ҷайҳун, Рўшон, Ванҷ, Ишкошим ва Мурғоб 22 театрҳои халқӣ бо 102 нафар корманд фаъолият доранд.
Дар ҷумҳурӣ 98 ансамбл бо шумораи 1320 нафар корманд ва 7 филармонияи халқӣ бо шумораи 120 нафар корманд фаъолият доранд.
Дар ҷумҳурӣ 24 ансамбли тарона ва рақс дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Кўлоб, Хоруғ, Истарафшан, Панҷакент, Лахш, Тоҷикобод, Ховалинг, Ҷайҳун, Данғара, А.Ҷомӣ, Бохтар, Муъминобод, Шаҳритус, Хуросон, Темурмалик, Ёвон, Зафаробод, Б.Ғафуров, Ашт, Ишкошим, Дарвоз, Рошқалъа, Шуғнон бо шумори 178 нафар корманд фаъолият мекунанд.
Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 16 ансамбли шашмақомхонон мавҷуд буда, дар онҳо 285 нафар ҳунармандон фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар назди вилояти Хатлон 1 ансамбл бо 36 нафар ҳунарманд, дар вилояти Суғд 11 ансамбл бо 204 нафар ҳунарманд фаъолият доранд. Дар назди раёсати фарҳанги вилояти Суғд ансамбли “Нури Хуҷанд” бо 57 нафар ҳунарманд, 1 ададӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан бо 10 ҳунарманд, Исфара бо 15 ҳунарманд, Хуҷанд бо 23 ҳунарманд, Конибодом бо 10 ҳунарманд, Панҷакент бо 16 ҳунарманд, Бўстон бо 13 ҳунарманд, Бобоҷон Ғафуров бо 13 ҳунарманд, Ҷаббор Расулов бо 13 ҳунарманд, Деваштич бо 9 ҳунарманд, Зафаробод бо 16 ҳунарманд фаъолият доранд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 адад бо 46 нафар ҳунарманд, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ваҳдат бо 14 ҳунарманд, Ҳисор бо 12 ҳунарманд, Турсунзода бо 12 ҳунарманд ва Файзобод бо 8 нафар ҳунарманд фаъолият доранд. Ансамблҳои номбурда ҳамеша бо барномаҳои хубу гуворо ба мардум хизмати фарҳангӣ расонида, ҳунари волою қадимаи мақомхонӣ, ганҷинаи бебаҳои ниёгонамонро сайқал медиҳанд.
Дар ҷумҳурӣ 8 ансамбли фалаксароӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Гулистон, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор ва Файзобод фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 134 нафар корманд кор мекунад.
Дар ҷумҳурӣ 23 ансамбли рақсӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 19 ансамбл бо воҳиди корӣ амал мекунад. Дар шаҳри Бўстон ансамбли рақсии “Ёсуман” бо 12 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ансамбли “Бунафша” бо 14 воҳиди корӣ, дар шаҳри Гулистон ансамбли “Сафина” бо 6 воҳиди корӣ, дар шаҳри Истиқлол ансамбли “Садбарг” бо 14 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Ашт ансамбли “Малика” бо 7 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Мастчоҳ ансамбли “Садбарг” бо 5,5 воҳиди корӣ ва гурўҳи рақсӣ дар назди ансамбли фолклорию этнографии “Нақш” бо 6 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Айнӣ бо 16 воҳиди корӣ, дар шаҳри Исфара ансамбли “Зумрад” бо 24 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ансамбли “Таманно” бо 14 воҳиди корӣ, дар шаҳри Хуҷанд ансамбли “Парниён” бо 34 воҳиди корӣ, дар шаҳри Конибодом ансамбли “Гулдаста” бо 20 воҳиди корӣ фаъолият мебаранд.
Инчунин, дар назди Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ансамблҳои рақсии “Чаманоро” бо 20 воҳиди корӣ, “Маҳастӣ” бо 20 воҳиди корӣ, “Гулноз” бо 23 воҳиди корӣ, дар назди Кохи фарҳанги “Суғдиён” ансамбли рақсии ба номи “Ғаффор Валаматзода” бо 48 воҳиди корӣ, “Зебо” бо 48 воҳиди корӣ, “Балет” 32 воҳиди корӣ, дар назди ансамбли фолклорию этнографии “Фалак” ансамбли рақсӣ бо 10 воҳиди корӣ, дар назди Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назаров гурўҳи рақсӣ бо 19 воҳиди корӣ таъсис дода шудааст. Дар назди бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич 2 ансамбли рақсӣ “Гулоро” бо 8 нафар ва “Парасту” бо 13 нафар, дар ноҳияи Спитамен “Анора” бо 35 нафар дар се гурўҳ ва “Сафина” бо 3,5 воҳиди корӣ, дар ноҳияи Шаҳристон “Чаманоро” бо 19 нафар, дар ноҳияи Зафаробод бо 12 нафар ансамбли рақсӣ бо номи “Навои Суғд” бе воҳиди корӣ бо ҷалби хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мебаранд. Инчунин, дар шаҳрҳои Бохтар ва Хоруғ 2 ададӣ ансамбли рақсӣ фаъолият мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ 8 ансамбли эстрадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бўстон, Истаравшан, Ашт, Хоруғ ва Ваҳдат бо шумораи 97,5 воҳиди корӣ фаъолият мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ 12 ансамбли фолклорӣ – этнографӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Зафаробод, Мастчоҳ, Ҷ. Расулов, Бохтар, Хоруғ, Рушон, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав ва Файзобод бо шумораи 138 нафар корманд фаъолият мекунанд.
1 ансамбли карнайнавозон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад. Шумораи кормандон 5 нафар.
1 ансамбли дойрабадастон дар шаҳри Конибодом фаъолият мекунад. Шумораи кормандон 5 нафар.
3 ансамбли созҳои миллӣ, 1 ансамбли созию овозии «Борбад» ва 1 оркестри нафасии камеравӣ дар шаҳри Хуҷанд бо шумораи 101 нафар кормандон фаъолият доранд.
Дар ҷумҳурӣ 7 Филармонияи халқӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ҳисор, Мастчоҳ, Ҳамадонӣ, Кушониён, Файзобод ва Восеъ фаъолият доранд. Шумораи кормандон 120 нафар мебошад.
Айни замон инфрасохтори соҳаи фарҳанги деҳот ба таҷдиди назар, ташаккулу такмил ниёз дорад. Бо мақсади тақвият додани мақоми иҷтимоии муассисаҳои фарҳанг, қабл аз ҳама, таҳияи лоиҳаҳои намунавӣ ҷиҳати бунёди қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, марказҳои муоширати ҷавонон ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Зеро алҳол теъдоди бештари биноҳои дар ихтиёри муассисаҳои фарҳанг будаи деҳоти ҷумҳурӣ бе назардошти хусусияти хосу талаботи махсуси соҳаи фарҳанг бунёд гардидаанд. Таъсиси марказҳои фарҳангӣ – фароғатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти яке аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун муассисаҳои таҷрибавӣ (эксперименталӣ), ки дар онҳо китобхона, клуб, кошонаи ҳусн, мағозаи фурўши китоб, армуғон, чойхона шомил мегарданд, ба мақсад мувофиқ мебошад. Муддатҳои зиёд аст, ки дар деҳоти ҷумҳурӣ зарурати тарҳрезии нақшаи мушаххаси компютеркунонии осорхонаҳо, клубҳо, китобхонаҳо ва пайваст намудани онҳо ба шабакаи интернет ба миён омадааст, зеро дар аксари муассисаҳои деҳоти ҷумҳурӣ то ҳол набудани компютерҳо ба назар мерасад. Айни замон ягон шуъба ё бахшу муассисаҳои фарҳангӣ автоклуб ва библиобус надоранд, ки ин самаранокии фаъолияти онҳоро хело паст мегардонад.
Дар тамоми муассисаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо камбудию мушкилоти ҳалталаб, аз қабили норасоии либоси саҳнавӣ, созҳои миллии мусиқӣ ва барқӣ, воситаҳои тақвияти овоз, нақлиёти сафарӣ, мизу курсӣ, рафҳои китобмонӣ, китобҳои тозанашр, компютеру принтерҳо, маблағҳои лозимӣ ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳо ва мутахассисони соҳибкасб ҷой доранд. Инчунин, аксари муассисаҳо ба воҳиди кории коргардон, актёр, актриса, балетмейстер, навозандагони созҳои мусиқии миллии чанг, қонун, уд, ғижжак, созҳои аврупоии нафасӣ – труба, флейта, габай, созҳои торию камонӣ – виолончел, контрабас, скрипка ниёз доранд.

ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра дар маҷмўъ 16 номгўй китоб, бо теъдоди 13135 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.
Муассисаи нашриявии “Адиб” дар шаш моҳи соли 2020 фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ амалӣ намуда, аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ чор номгўй китоб, 70 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 3000 нусха ва бо маблағи 108219, 99 ба нашр расонд. Аз он ҷумла, асарҳои Неъмати Ҳабиб “Атри садо”, коллектив “Садои дил зи ҳар маҳфил”, “Тоҷикистон ватани Наврўз аст” ва “Андарзи бузургон” мебошанд. Дар китоби “Тоҷикистон Ватани Наврўз аст” ашъори ба муносибати Наврўзи ҷаҳонӣ бахшидаи 140 нафар шоирони муосири тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмўа аз устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ то шоирони муосири нисбатан ҷавонро фаро гирифтааст.
Муассисаи нашриявии "Адиб" дар ҷараёни се моҳи аввали соли 2020 ба Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои "Китоб" ва дигар корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи шартномавӣ, инчунин аз намоиш-фурўши китоб ба маблағи умумии 586983,82 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.
Дар ин муддат ба маблағи 128393,00 – музди меҳнат, 61060,00 – андоз, 9726,00 – хизмати коммуналӣ пардохт карда шуд.
Ҳолати анбори нашриёт то 17.04.2020 – 1238 номгўй китоб, бо шумораи 160343 нусха ва бо маблағи 2691459,4,12 сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи мазкур 1052 номгўй китоб бо теъдоди 10948 нусха, ки маблағи умумиашон 52113,4 сомониро ташкил медиҳад, ба тариқи ройгон ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осоишгоҳи бачагонаи касалиҳои дил ва тарбоди ноҳияи Варзоб, Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар, Хонаи китоби Тоҷикистон таҳвил гардид.
Муҳаррирон ва ходимони нашриёти "Адиб" аз тариқи шабакаҳои гуногуни телевизион, радио ва дигар васоити ахбори омма, борҳо роҷеъ ба китоб ва моҳияти он дар боло бурдани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеаи кишвар суҳбату барномаҳо баргузор намуданд.
Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар шаш моҳи аввали соли 2020 чопи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Независимость Таджикистана и возрождение нации» ҷилди 18, бо теъдоди 1000 нусха, дар ҳаҷми 36 ҷузъи чопӣ, бо маблағи 50700 сомонӣ, китоби «Тоҷикон” – и Б. Ғафуров дар ҳаҷми 55, 25 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 830 нусха, ба маблағи 73098 сомонӣ, Китоби мусаввараи Тоҷикистон, дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 1075 нусха ба маблағи 194879 сомонӣ, китоби “Тафсири пайём” дар ҳаҷми 10,7 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 1000 нусха ба маблағи 15000 сомонӣ, китоби “Каронавирус - “Набард бо сояи худ” дар ҳачми 3,5 ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 50 нусха ба маблағи 750 сомонӣ нашр гардиданд. Дар маҷмўъ 3955 нусха ба маблағи 334427 сомонӣ.
Ба ҳолати 01.07.2020 дар анбор 15878 нусха китоб ба маблағи 851765 сомонӣ мавҷуд аст.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» бо кўмаку дастгириҳои ҳамаҷонибаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чопи асарҳои бачагонаро то имрўз бо мақсади таъмин намудани насли наврасу ҷавон бо адабиёти бачагона пурра иҷро намуда истодааст.
Муассиса дар давраи шаш моҳи соли 2020 китоби “Ҳикояҳо барои бачаҳо”-и Пўлод Толисро бо теъдоди 2800 нусха, ки маблағи 28000 сомониро дар бар мегирад, ба табъ расонида, вориди анбори китоб намуд.
Қобили зикр аст, ки дар моҳи май ва июни соли 2020 муассиса ба маблағи 50 ҳазору 165 сомонӣ китобҳоро ба фурўш баровард, ки аз ин ҳисоб 13 ҳазор сомонӣ қарзҳои андоз ва боқимонда 37 ҳазору 165 сомонӣ бақияи қарзи музди меҳнати кормандон, ки аз соли 2019 монда буд, пардохт намуд.
Бақияи анбори китоб то ба ҳолати 18-уми июни соли 2020 ба миқдори 61 ҳазору 522 нусха китоб ба маблағи 295 ҳазору 601 сомонию 37 дирам мебошад.
Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 китобҳои “Муқаддимаи Ибни Халдун” бо теъдоди 2000 нусха, “Ремеслённое производство Средневекового “Хутталя” бо теъдоди 100 нусха, “Файзи Қуддус” бо теъдоди 500 нусха, “Обҳои сарзамини Ориёӣ” бо теъдоди 500 нусха, “Ёдгориҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ” бо теъдоди 80 нусха ва “Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бо теъдоди 200 нусха ба нашр расонд. Муассисаи мазкур дар маҷмўъ 6 номгўй китоб бо теъдоди 3 380 нусха ба табъ расонд.
Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Таъминот ва савдои китоб” дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии 45500 сомонӣ китоб ба фурўш рафтааст.
Ба таърихи 18.06.2020 дар анбори корхона 112368 адад китоб ба маблағи 232398 сомонию 44 дирам маҳфуз аст.
«Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон» ҷиҳати таҳияи репертуари мукаммали китобҳои тоҷик аз солҳои 1918 то соли 1957 ва то ҷашни 85-солагии Хонаи китоби Тоҷикистон интишор ва дастрас намудани он, барганависӣ ба китобу ҷузваи алоҳидаи воридгардида ва ҷойгирнамоии он дар феҳристи бойгонӣ, таъмини нашриётҳо ва чопхонаҳо бо шаҳодатномаи узви комилҳуқуқи «Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон» барои гирифтани рақами стандарти байналмилалии китоб ISBN ва нусхаҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таҳия ва нашри “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давраи моҳҳои 10-12-и соли 2018 ва 1-3, 4-6, 7-9, 10-12-и соли 2019, таҳияи феҳристи тарҷеии “Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (барои солҳои 2016 – 2020), омода намудан ва интиқоли гузориш оид ба истифодаи рақамҳои байналмилалии стандарти китоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази байналмилалии ISBN (Лондон), иҷрои хадамоти библиографӣ, иттилоотӣ, фактографӣ ва оморӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, ташкилоту идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо истифода аз бойгонии муассиса, тадбирҳои иловагӣ барои аз нав дида баромадани маблағгузории лоиҳаи хурди «Созмондиҳии захоири электронии матбуоти тоҷик дар давраҳои солҳои 1924-1945 (барои солҳои 2019 – 2021)», бори дигар пешниҳод намудани лоиҳаи инвеститсионӣ дар мавзўи “Таъмири капиталӣ, азнавсозии асосҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон (барои солҳои 2022 – 2024)” ба Комиссияи инвеститсионии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), ҳамоҳангсозии маблағгузории лоиҳаи “Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон” аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии JICA ва Сафоратхонаи Ҷопон, омоданамоии рўйихатҳои библиографӣ дар мавзўъҳои: “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, “Мубориза бар зидди коррупсия”, “Мубориза алайҳи терроризм”, “Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра корҳои мушаххасеро анҷом дод.
Беш аз 1600 нусха китоб ва 455 нусхаи фишурдаи [автореферати] дар соли 2019 воридшуда мавриди коркард ва барганависиву ҷойгирнамоӣ ба феҳристи алифбоӣ қарор доранд, ки тибқи муқаррарот дар Бойгонии матбуоти муассиса китобҳо, ҷузва ва фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ дар қуттиҳои махсус мутобиқ ба рақамҳои мушаххас ва соли воридот ҷойгир ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегарданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба бойгонии муассиса зиёда аз 520 нусха китоб, 1690 нусха рўзнома, 142 нусха маҷалла ва 173 нусхаи фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ ворид гардид, ки мавриди таҳлилу коркарди библиографӣ қарор дода шуда, вориднамоии онҳо ба феҳристи ҷории давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад. Кормандони муассиса ба зиёда аз 165 матбааву нашриётҳо, редаксияи маҷаллаву рўзномаҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мағоза ва дўконҳои фурўши китоб бо мақсади назорати фаъолият ва расонидани ёрии методӣ ташриф оварда, иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд қайд кард, ки таъмиру тармими бинои бойгонии нодири чопии ҷумҳурӣ ва бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир таъмин намудани он, таъминоти муассиса бо мутахассисони гуногун, аз ҷумла, барномарезон, библиографони касбӣ, олимони соҳавӣ, мутахассисони дастгоҳҳои нусхабардорӣ ва кор бо дастгоҳи ЭларСкан (8 нафар), кормандони илмӣ (10 нафар), барқчиён, таъмингари ҳолати муътадили ҳавои дохили бойгонӣ, таъмиргарони компютерҳо ва бунёдкунандагони сомонаи «Агентии миллии СБРСК – Хонаи китоби Тоҷикистон» бо ҷалби воҳидҳои нави корӣ (дар ҳудуди 20 воҳиди корӣ), пешбинии маблағ барои таъсиси захираи электронӣ, таъминнамоӣ бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони компютерӣ, бунёди пойгоҳи захоири рақамии доимоамалкунандаи маҷозӣ, сомонаи доимоамалкунанда дар шабакаи интернет, пардохти ҳамасолаи тарофаи домен ва хостинг, ҳаққи барномарезон ва воридкунандагони маълумот.
ҶСК “Матбуот” дар нимсолаи аввали соли 2020 ба маблағи 4000 сомонӣ маҳсулоти полиграфиро истеҳсол намуд. Корхона дар ин давра як фармоишро қабул намудааст, ки ҳаҷми умумии он 5,0 ҷузъи чопӣ буда, теъдоди он 40,000 нусха китобу ҷузваро ташкил медиҳад.
Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг – «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак», «Баҳори Аҷам» ва «Анбоз» дар муҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд.
Муассисаи давлатии рўзномаи “Баҳори Аҷам” давоми 6 моҳи соли равон мувофиқи нақша 18 шумораи рўзномаро бо сифати баланд ва бо фарогирии маводҳои инъикосгари рўйдодҳои муҳими рўз ба табъ расонд.
Рўзнома дар ҷараёни фаъолияти рўзмарраи ҷумҳурӣ қарор дошта, рўйдодҳои муҳими ҳаёти мамлакат аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ба таври мукаммал дар саҳифаҳои он инъикос гардиданд. Дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати ҷашнҳои 27-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Рўзи матбуоти тоҷик, Наврўзи байналмилалӣ зери унвонҳои “Паёми Пешвои муаззам – роҳнамо барои бунёди ояндаи обод”, “Омили вусъати маърифатнокӣ”, “Паём – роҳнамои фатҳи қуллаи ормонҳои миллат”, “Паём – роҳнамо ба амалҳои хайр”, “Ҳар ҳарфи Паём ҳикмати айём аст” “Саразми куҳан – ифтихори Ватан”, “Саразм – намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон”, “Саразм – хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик”, “Интихобот – ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ”, “Иродаи халқ – асоси давлати демократӣ”, “Сада – нахустин муждаи баҳор” ва ғайра ба табъ расиданд.
Дар рўзнома ба масъалаҳои доғи рўз низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Мақолаҳо доир ба зарари маводи мухаддир, хатарнокии амалҳои коррупсионӣ, хатари миллӣ ва глобалӣ будани ифротгароии динӣ, сарнавишти фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо, ба вуҷуд омадани равияю жанрҳои барои мусиқии миллӣ бегона, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ дар маҳалҳо, пандемияи коронавирус, посух ба иғвогариҳо дастраси хонандагон гардиданд.
Муассисаи давлатии рўзномаи “Анбоз” дар нимсолаи аввали соли 2020 тибқи нақшаи таҳиягаштаи ҳайати эҷодӣ ва бо назардошти фармоишу супоришҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 шумораи рўзномаро аз чоп баровард. Дар шаш моҳи соли 2020 ҳайати эҷодии рўзнома дар бораи коррупсия, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, терроризму экстремизм, ҷашну маросимҳои миллии Сада, Наврўз ва Меҳргон, мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён, тандурустӣ ва бисёр дигар мақолаҳоро ба нашр расонд. Дар ин давра бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ мақолаи номзади илмҳои таърих А. Раззоқовро таҳти унвони «Моҳияти ҷаҳонии Саразм» аз чоп баровард. Таҳти гўшалавҳаи «Бузургони миллати тоҷик» доир ба рўзгору ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар таъриху тамаддуни халқи тоҷик мақоларо бо унвони «Имоми Бухорӣ» ба нашр расонид. Инчунин вобаста ба ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» мавод таҳия ва чоп кард, ки дар он навидҳо аз рафти чорабинӣ оварда шуда, аз иштироки ғолибони озмун маълумот дода мешавад.
Муассисаи давлатии маҷаллаи «Истиқбол» маҷаллаи адабӣ-бадеии ҷавонон ва наврасон буда, дар се моҳ як бор ба нашр мерасад.
Дар шумораи нахустини маҷаллаи “Истиқбол” дар панҷ моҳи аввали соли 2020 бо такя ба дастуру фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои “Наврўзу навбаҳорон бар дўстон муборак”, “Китоби бетафсир”, “Номваре аз табори бузургон”, “Барои ҷавонон ҳоло ҳама шароит муҳайёст”, “Дўст дорам шамъ бошам”, “Базморо, базмҳоро нозанин оростӣ”, “Баҳористон” -- ҷўёи истеъдодҳо” нашр гардиданд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи “Фирўза” Кормандони эҷодии маҷаллаи «Фирўза» дар нимсолаи аввали соли 2020 чор шумораи маҷалларо ба табъ расонид, ки дар баробари инъикоси муҳимтарин рўйдоди сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, аз ҳаёти ибратомўзи бонувони дар корҳои давлатӣ, соҳибкорони муваффақ ва занони шинохтаву ҳунарманд, мавзўъҳои доғи рўз, оилаҳои намунавӣ мақолаҳои хонданибоб ба нашр расидаанд.
Мақолаҳои «Модар, китоб ва фарзанд», «Покизарўзгор», «Мададрасону ғамхор», «Азизи дилу дида» аз бобби касбу ҳунар, мартаба, меҳру муҳаббати зан-модар қисса мекунанд. Дар ин шумора аз эҷоди бонувон, ҳамчунин дар бораи ҷашни «Сада» шеърҳои хонданбоб нашр шудаанд.
Муассисаи давлатии Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» нашрияи илмиву оммавии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар як сол чор маротиба дар ҳаҷми 32 саҳифа, бо теъдоди 1000 нусха чоп ва тариқи обунаву фурўши озод паҳн мегардад.
Дар шумораи №1, 2020-и маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» барои ҳаводорон як қатор мақолаҳои илмӣ, очеркҳо ва гузоришу навгониҳои илму техника, лаҳзаҳои ҷолиб аз рўзгори одамони наҷибро, аз қабили «Ҷавононро аз хатарҳо бояд пешгирӣ намуд», «Адабиёти нафиса ва раванди диалектикӣ», «Таъсири аскарида ба инсон», «Гулдастаи дўстӣ» ва ғайра нашр гардиданд. Дар ин давра шумораи №2 , 2020, бо маводҳои ҷолиб барои нашр омода гардида ба матбаа супорида шуд.
Муассисаи давлатии маҷаллаи ҳаҷвии“ Хорпуштак” дар давоми 6 моҳи соли равон шаш шумораи рангаи маҷалларо бо маводҳои хонданбоб дар мавзўҳои муҳими рўз ва аксу суратҳои ҷолиб ба табъ расонид. Мазмуну мундариҷаи мавод ва аксу суратҳои чопшуда мавзўъҳои Ваҳдати миллӣ, дуздию қаллобӣ, ришваю ришваситонӣ, каронавирус, партов ва ифлосиҳо, ғизои солим, риоя нагардидани қонунҳо ва ғайраро дарбар гирифтаанд:
Муассисаи давлатии маҷаллаи «Чашма» бо замимаҳои худ маҷаллаи «Офтобак» ва рўзномаи «Зангўла» ҳар кадоме тибқи нақшаи тасдиқшуда то имрўз 5-6 шуморагӣ нашр шуданд. Дар шумораҳои нашршуда вобаста ба супоришу дастури Ҳукумати кишвар доир ба Соли нави милодӣ, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи модар, Иди байналмилалии Наврўз, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», пешгирии нашъамандӣ ва гаравидани наврасон ба созмону гурўҳҳои манфиатталаби бегона ва дигар мавзўъҳои муҳим мавод ба нашр расид.

ҲУҚУҚ, ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ
ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Вазорат оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, № 691 «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ( СУС)» дар нимсолаи якуми соли 2020 маълумоти дахлдор таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намуд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи милли рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014-2020 ва « Нақшаи кори Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» дар бораи рафти корҳои иҷрошуда, ба котиботи Шўро ва ба мақомоти дахлдор ҳисобот пешниҳод карда шуд.
Кормандони вазорат барои ҳимояи манфиатҳои иҷрогарон дар асарҳои аудиовизуалӣ, матни «Шартномаи Пекин оид ба иҷрои аудиовизуалӣ»-ро баррасӣ намуда, онро ба забони давлатӣ тарҷума карданд. Шартномаи мазкур ҳуқуқҳои иҷрогаронро (ҳунармандон) ҳангоми истифодаи иҷрои онҳо дар асарҳои аудиовизуалӣ, ҳимоя мекунад.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 «Дар бораи барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2020, №238”дар муассисаҳои зерсохтор вохурӣ багузор карда шуд.
Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №46 аз 27 феврали соли 2020 «Дар бораи тасдиқи рўйхати ҳайат оид ба низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», №45 аз 27 феврали соли 2020 «Дар бораи тасдиқи рўйхати ҳайат оид ба муқовимат ба экстремизм» ва №43 аз 27 феврали соли 2020 «Дар бораи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба иҷрои талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ» таҳия ва ба муассисаву идораҳои сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 02 январи соли 2020, №1655 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» аз 02 январи соли 2020, №1658 дар ҳамкорӣ бо намояндагони муассисаҳои зерсохтор лоиҳаи фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия гардид.
Аз ҷониби мутахассисониба маърўзаи чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иловатан пешниҳоди вазоратро омода намуда, ба раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, манзур намуд.
Ба лоиҳаи китоби Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст ( 110 саҳифа) хулосаи вазорат омода гардид.
Вазорат пешниҳоди худро оид ба Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо барои соли 2020 таҳия намуда, ба Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ рушди моликияти зеҳнӣ ирсол карда шуд.
Барои такмил додани нақшаи корӣ оид ба пешбурд ва пайгирии фаъолияти минбаъда ҷиҳати такроран ворид нагардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Гузориши махсуси 301” ба Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро пешниҳод карда шуд.
Дар ин давра муроҷиати муаллифон ва соҳибҳуқуқоне, ки асарҳояшонро барои сабти ном ба вазорат пешниҳод карданд, аз ҷониби кормандон ва коршиносон баррасӣ гардида, тибқи “Тартиби бақайдгирии асарҳои муаллифон”, ба чор нафар муаллифон шаҳодатнома дода шуд.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои амволии муалифон, мутобиқи низомнома ва уҳдадориҳои соҳавӣ аз ташкилоту муассисаҳое, ки асарҳои муаллифонро истифода менамоянд ба маблағи 50407.23 ( панҷоҳ ҳазору чорсаду ҳафт сомониву 23 дирам) ҳаққи қалами муаллифон ҷамъ оварда шуд. Аз маблағҳои воридшуда ба суратҳисоби шуъба 24889,72 ( бисту чор ҳазору ҳаштсаду ҳаштоду нуҳ сомониву 72 дирам) ҳаққи қалами муаллифон гузаронида шуд. Аз маблағи зикргардида ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) (1% ва 25%) ба маблағи 6966,19 (шаш ҳазору нуҳсаду шасту шаш сомониву 19 дирам) ва ба комисияи банк барои пардохти ҳаққи қалами муаллифон ба маблағи 58,81 (панҷову ҳашт сомониву 81 дирам) ва ба андоз аз даромад аз шахсони воқеӣ (13%) ба маблағи 3483,08 (се ҳазору чорсаду ҳаштоду се сомониву 08 дирам) ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздории 2019-2020 сол ба (пардохти барзиёди даромад нисбат ба хароҷот 10% ) 11260,84 (ёздаҳ ҳазору дусаду шаст сомониву 84 дирам) ва (барои захираҳои иловагии молиявӣ 5%) 5077,38 (панҷ ҳазору ҳафтоду ҳафт сомониву 38 дирам) ва ба муаллифон ба маблағи 14456,99 (чордаҳ ҳазору чорсаду панҷову шаш сомониву 99 дирам) ҳаққи қалам, пардохта шуд.

РУШДИ ИЛМ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Тибқи нақша дар оғози сол Комиссия оид ба қабули имтиҳонҳои довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Дар натиҷаи кори Комиссия бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 58 нафар барои фиристодан ба хориҷи кишвар номнавис шуда, имтиҳонро аз фанни забони русӣ супорида, аз суҳбати пешакӣ аз ихтисосҳо гузаронида шуданд. Натиҷаи имтиҳонҳо ҷамъбаст гардида, 43 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, аз қабили Консерваторияи давлатии ба номи П.И. Чайковскийи шаҳри Москва, Консерваторияи давлатии ба номи Н.Г. Жиганови шаҳри Қазон, Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесин, Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва, Донишкадаи давлатии фарҳанги Санкт-Петербург, Донишкадаи давлатии академии рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва архитектураи ба номи И.Е.Репини шаҳри Санкт-Петербург ва ғайра дохил шуданд, ки аз инҳо 16 нафарашон хатмкунандагони муассисаҳои таълимии касбии зертобеи Вазорати фарҳанг мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар самти фаъолияти таълимӣ як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Аз ҷумла, барои дар сатҳи баланд гузарондани имтиҳонҳо аз ҷониби мутахассисони Маркази тестӣ ва хизматрасонии техникӣ барномаи нав барои таҳсилоти фосилавӣ ва рўзона таҳия ва дар амал татбиқ карда шуд.
Сессияи санҷишу имтиҳонҳои зимистонаи соли хониши 2019-2020 тибқи талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронда шуда, фоизи азхудкунии даври фаъоли сессия 63,1% ва сифати таълим 22,2 % -ро ташкил дод. Пас аз баргузор гардидани даври иловагии сессияи имтиҳонӣ фоизи азхудкунӣ ба 96,5% ва сифати таълим ба 24,4 % баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1% зиёд мебошад.
Барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар донишкада дар мавзўи “Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим”, семинари омўзишӣ доир гардид.
Дар ин давра донишкада дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, 2 нафар устодони донишкада дар мавзўъҳои “Традиции пехлевийской андарзноме в “Шахнаме” Абулкасыма Фирдоуси” ва “Шароитҳои ташкили педагогии ташаккули сифатҳои маънавии ахлоқии ҷавонон дар муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаҳои илмиро дифоъ намуданд.
Аттестатсияи хатми соли таҳсили 2019-2020 дар донишкада тибқи «Низомномаи аттестатсияи хатм» (№21/3 аз 29.08.15) ташкил ва гузаронида шуд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 95 нафар тариқи буҷавӣ донишкадаро хатм намуданд, ки 14 нафари онҳо тибқи квотаи президентӣ буда, 7 нафар донишҷў донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар самти корҳои эҷодӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ гузаронда шуданд. Аз ҷумла, дар толори «Аргунун» -и донишкада, 8 - уми январ, филми мустанади «Номус», аз рўи асари барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ Муҳаммад Ғоиб, ки аз ҷониби донишҷўи курси 4- уми факултаи фарҳангшиносӣ, кафедраи режиссура ва продюссерӣ Сайфиддин Наврўзов наворбардорӣ шудааст, ба намоиш гузошта шуд.
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон раванди қабули имтиҳонот дар сессияи зимистона (аз фанҳое, ки тариқи назариявӣ мегузаранд) пурра тавассути компютер сурат гирифт. Натиҷаи ҷамъбастии сессияи имтиҳонотии зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 (95,4) нисбат ба сессияи имтиҳонотии зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 (90,2%) бо афзоиши донишазхудкунӣ (+5,2%) натиҷагирӣ карда шудааст.
Дар натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистонаи таҳсили 2019-2020 39 нафар ба даври триместр қарздор монданд, ки аз ин 22 нафар имтиҳонҳоро супориданду 17 нафар донишҷў, бинобар сабаби қарзи академӣ, аз сафи донишҷўён хориҷ карда шуданд.
Донишкадаро дар соли таҳсили 2019-2020 183 нафар аз рўи 17 ихтисос хатм намуданд, ки аз инҳо 122 нафар рўзона ва 61 нафар ғоибона мебошанд.
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҷамъбасти сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 чунин аст: аз 287 нафар, 267 ба сессия роҳ дода шуд, 14 нафар ба сессия роҳ дода нашуд. Аз шумораи 267 нафар - 16 нафар – аъло; 48 нафар - хубу аъло; 191 нафар – омехта; 3 нафар – қаноатбахш. 7 нафар – ба сессия ҳозир нашуд, 20 нафар хориҷ гардид. Азхудкунии донишҷўён 93 % - ро ташкил дод
Тибқи натиҷагирии аттестатсияи хатми донишҷўёни консерватория дар соли таҳсили 2019-2020 аз 71 нафар хатмкунанда имтиҳонҳоро 22 нафар – аъло, 23 нафар – хубу аъло, 20 нафар – хуб, 3 нафар – омехта, 2 нафар – миёна супорида, 1 нафар ба имтиҳонҳо ҳозир нашуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳуҷҷатҳои се номзади арзандаи консерватория аз ҳисоби ҳунармандон барои гирифтани унвони илмии профессориву дотсентӣ барои баррасӣ дар шўрои олимон ва ирсол намудан ба КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуданд.
Дар шаш моҳи соли 2020 аз ҷониби олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ҳамкории зичи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмўи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои – “Рубоб” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон), – “Ҷашни Сада” (ҳамроҳ бо ҶИ Эрон). – “Кашидадўзӣ” (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Қазоқистон), – “Латифаҳои Насриддин Афандӣ” (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ўзбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд. Айни замон таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҷеъ ба номинатсияи миллии “Фалак” омода гардида, дар рўзҳои наздик ба қароргоҳи ЮНЕСКО фиристода мешавад.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 иҷрои мавзўъҳои илмӣ аз ҷониби ходимони илмии пажўҳишгоҳ тибқи нақшаҳои фардии корҳои илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 100 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 7 китобу дастур, 38 мақолаи илмӣ, 29 мақолаи илмию оммавӣ ва 26 нашри электронӣ мебошанд.
Иловатан, бештар аз 50-мақола доир ба фарҳангу ҳунар, махсусан луғатномаи тафсирии мусиқӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.
Ҳамчунин, дар пажўҳишгоҳ 3 чорабинии илмӣ, аз қабили конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардид. Дар ин давра ходимони илмии пажўҳишгоҳ дар 9 ҳамоиши илмӣ, конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад карданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шуд.
Дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз рўи нақшаҳои таълимӣ, нақшаи раванди таълим, барномаҳои корӣ, тематикаи мавзўъҳо аз нав дида баромада шуд. Дар соли таҳсили 2019 - 2020 фаъолияти таълимӣ аз рўи стандарти нав ва барномаҳои ба он мувофиқ амалӣ гардонида шуда истодаанд.
Аз шумораи умумии 373 нафар донишҷў 373 донишҷў 353 нафар сессияро бомуваффақият ҷамъбаст намудаанд.
Азхудкунӣ дар коллеҷ 94,6%-ро ташкил дод.
Коллеҷро 69 донишҷў аз рўи 8 ихтисос хатм намуданд.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1596, аз 01.05.2020, бо мақсади амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сесияи санҷишию имтиҳонии донишҷўён аз рўи натиҷаи холҳои бадастовардаи донишҷўён дар рейтингҳои якум ва дуюм дар ҳамаи бахшҳо аз руи ихтисосҳо ба 179 нафар донишҷўён баҳогузорӣ шудааст, 6 нафар бинобар сабаби нарасидани холҳои бадастоварда дар рейтингҳои якум ва дуюм баҳогузорӣ нагардиданд. Аз санаҳои 27 то 30-юми апрели соли ҷорӣ аттестатсияи имтиҳони давлатӣ аз фани «Таърихи санъати тасвирӣ», баргузор гардид. Натиҷаи имтиҳони давлатӣ аз фанни «Таърихи санъати тасвирӣ» чунин мебошанд: баҳои аъло-12 нафар, баҳои хуб-23 нафар, баҳои миёна-13 нафар.
Аттестатсияи давлатии хатм (ҳимояи корҳои дипломӣ)-ро 48-нафар хатмкунанда ҳимоя намудаанд. Дар асоси қарори комиссияи давлатии аттестатсионӣ ва фармоиши директори коллеҷ, 45 нафар хатмкунанда бо дипломи оддӣ ва 3 нафар бо дипломи аъло коллеҷро хатм намуданд. Мувофиқи нақшаи таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова дар нимсолаи якуми соли хониш барои санҷидани маҳорати дарсазхудкунии хонандагон сессияи санҷишу имтиҳонот дар семоҳаи аввали соли 2020 гузаронида шуд. Ба сессияи зимистона 94 нафар хонандагону донишҷўён роҳ дода шудаанд.
Муассисаи мазкурро дар соли хониши 2019-2020 9 нафар донишҷўён аз рўйи ихтисосҳои 2-17020104-санъати хореографӣ (рақси халқӣ)- 3 нафар, 2-17020106- санъати хореографӣ (рақси эстрадӣ)- 2 нафар, 2-170020107-санъати хореографӣ (рақси классикӣ)- 4 нафар хатм намуданд.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бўйдоқов ҳамагӣ як факултет “Таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ” амал менамояд, ки он аз се кафедра иборат мебошад. Дар муассисаи таълими ду низоми таҳсил ба роҳ монда шудааст: низоми таҳсили анъанавӣ ва кредитӣ.
Шуъбаи рўзона ва ғоибонаи муассисаи таълимиро 265 нафар донишҷўён хатм намуданд. Аз ҷумла: шуъбаи рўзона 135 нафар, шуъбаи ғоибона 130 нафар.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кўлоб ба номи К. Қурбонов дар сессияи зимистона 295 нафар донишҷў иштирок намуданд. Аз инҳо дар шуъбаҳои рўзона 13 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 159 нафар донишҷў сессияро бомуваффақият супориданд. Аз 28 нафар хатмкунандагони шуъбаҳои рўзона ва ғоибона 25 нафар аттестатсияи давлатии хатмро бомуваффақият супорида, 3 нафар донишҷўён бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавонистанд. Бо пешниҳоди раисони аттестатсияи давлатии хатм 5 нафар ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва 4 нафар ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода барои идомаи таҳсил фиристода шуданд.
Дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бо назардошти пешбурди раванди таълим 13 шўъбаи рўзона аз рўи 20 ихтисос ва 3 шўъбаи ғоибона аз рўи 3 ихтисос фаъолият мебаранд.
Аз шумораи умумии 396 нафар донишҷў дар шуъбаи рўзона 392 нафар донишҷў сессияро бомуваффақият ҷамбаст намуд. 4 нафар аз сафи донишҷўён хориҷ карда шуданд.
Коллеҷро 118 нафар аз рўи 17 ихтисос хатм намуданд, ки аз инҳо 91 нафар рўзона ва 27 нафар ғоибона мебошанд.
Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ»-ро 17 нафар хонандагони синфи 9 хамт намуда, дар асоси фармоиши роҳбари муассиса соҳиби шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва 17 нафар хатмкунандагони синфи 11 шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ гардиданд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 омўзгорон ва мураббиёну шогирдони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев дар як қатор чорабиниҳои ба нақша гирифташуда фаъолона иштирок намуданд. Дар бахши таълими санъат хонандагони муассиса дар баробари таълими мусиқӣ, худомўзӣ, рассомӣ, супоридани имтиҳонҳои техникӣ, инчунин дар чорабиниҳои берун аз мактабӣ фаъолона иштирок намуда, бо маҳорат ва истеъдоди худ тамошобинонро шод намуданд. Боиси ифтихор аст, ки хонандаи мактаб-интернат Тошев Идибек барои иштирок дар “Бозиҳои Делфи”-и Федератсияи Россия роҳхат гирифт.
Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.06.2020, №174 аттестатсияи хатми хонандагони синфи 9 ва 11 бе иштироки хонандагон баргузор гардида, аз тарафи комиссияи имтиҳоноти давлатӣ дар асоси баҳоҳои солона баҳогузорӣ карда шуд. Дар мактаб-интернат 34 нафар хатмкунандагони синфи 9 дар асоси фармоиши роҳбари муассиса соҳиби шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва 20 нафар хатмкунандагони синфи 11 соҳиби шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ шуданд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо фармоиши роҳбарони муассисаҳо Ситоди дохилиидоравӣ оид ба пешгирии мубталошавӣ ба бемории каронавирус таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудаанд. Ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии бемории вирусии “COVID- 19”, тибқи пешниҳоди Ситоди ҷумуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази назорати давлатии эпидемологии шаҳри Душанбе корҳои мушахасси тиббиро ба анҷом расониданд.

ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Вобаста ба татбиқи нишондоди Паём дар давоми шашмоҳаи якуми соли 2020 дар асоси банди 6-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, мутахассисони вазорат дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзўи “Саразм намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон” бахшида ба баргузории ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо иштироки васеи олимони соҳавӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор намуданд.
Оид ба муносиб муаррифӣ намудани шаҳри Саразми бостонӣ тарғиби ёдгории мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шуда, инчунин тақвими рангаи “Саразм-2020” таҳия ва чоп гардид. Ҷиҳати омўзиш ва таҳқиқҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои бостонии кишвар ба кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон 5 “Варақаи кушода” пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъба бо шабакаҳои телевизион ва радиои ватанӣ аз ҷумла «Тоҷикистон», «Баҳористон» ва радиои «Ватан» навору намоишҳо ва гузоришҳои ҷолиб омода шудаанд, ки тавассути расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ пайваста намоиш дода мешаванд.
Ҷиҳати тарғиби сазовори таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар намунаи ёдгории шаҳри асримиёнагии Ҳулбук аз ҷониби мутахассисони соҳавии вазорат ва кормандони мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук китоби «Ремесленное производство средневекового Хутталя» бо забони русӣ таҳия гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 лоиҳаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» омода гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №253 аз 1 майи 2020 тасдиқ гардид.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 теъдоди меҳмонони сатҳи давлатӣ, сайёҳон, меҳмонони дохилӣ ва хориҷии аз ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар боздиднамуда ба 35500 ҳазор нафар баробар мебошад.
Вобаста ба пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин оид ба андешидани тадбирҳо барои саҳм гузоштан дар ҳифзу таҳкими сулҳу суботи кишвар, кормандони вазорат дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ташхиси соҳавиро ба анҷом расониданд, ки 9 адад мансуб ба қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиб ва паҳн намудани маводҳои номатлуб дар ҷомеа мебошад.
Барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Муъминобод, Масҷиди Чилсутун, Қалъаи Вамар, мақбараи Хоҷи Ҳусайни Хатлонӣ, Мавлоно Юсуф, Қалъаи Балҷувон бо назардошти имкониятҳои молиявии кишвар идома доранд. Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, ки тибқи лоиҳаи «Барқарорнамоии ёдгориҳои шаҳри Ҳисор вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор» амалӣ мегардад, дар нимсолаи якуми соли 2020 вобаста ба имкониятҳои молиявии кишвар мавқуф гузошта шудааст. Ҳамин тариқ, дар давраи солҳои 2013-2020 иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барнома 18,9 фоизро ташкил медиҳад.
Мушкилоти пешбурди фаъолияти ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои ғайриманқули кишвар дар соҳаи мазкур ин маҳдудияти воҳидҳои корӣ, норасоии дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир, ки бевосита барои баргузории ташхисҳои тахассусӣ зарур мебошад ба ҳисоб меравад.
Кормандони муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дар маҷмуъ ба 9680 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ба 506 нафар меҳмонони расмии ҳукуматӣ хизматрасонии фарҳангиро ба анҷом расониданд. Муассиса дар номинатсияи «Беҳтарин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, сазовори ҷоиза ва нишон гардид. Ҳамчунин кормандони муассиса дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Ҳисор ҷашни бошукўҳи Наврўзро таҷлил намуданд. Вобаста ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди муассиса 2730 адад дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Маъмурияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук дар номинатсияи «Беҳтарин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, сазовори ҷоиза ва нишон гардид.
Дар муассиса таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва миллии «Сада», «Рўзи Модарон» ва Наврўзи байналмилӣ бо иштироки намояндагони фарҳанг ва маориф дар сатҳи хотирмон ба анҷом расид. Ҳамчунин, дар ҳудуди муассиса корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба анҷом расонида шуда, аз ҳисоби мамнуъгоҳ ба корхона ва муассисаҳои таълимию фарҳангии кишвар 3125 дона ниҳоли гули садбарг ба таври ройгон ҳадя карда шуд. Ҳамчунин кормандони муассиса дар якҷоягӣ бо кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар экспедитсияи бостоншиносии шаҳристони Ҳулбук ширкат варзиданд.
Дар маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли китобхона ба ифтихори рўзи Артиши Миллӣ, Рўзи Модарон ва ҷашни байналмилалии Наврўз базмҳои шеъру тарона, конференсияи илмию адабӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуданд.
Рўзҳои 26-27-уми июни соли 2020 маъмурияти муассиса бо сарпарастии Вазорати фарҳанг семинари ҷумҳуриявии - «Саразм-сароғози фарҳанги шаҳрсозӣ» бахшида ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии кишвар баргузор намуданд.
Маъмурияти муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” ҷихати эҳё ва рушди анъанаю сунатҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиса пурра азнавсозӣ гардида, ду толори намошӣ ва таҳхона бо масоҳати умумии 534м2 мавриди истифода қарор дода шуд. Шумораи умумии нигораҳои муассиса ба 2283 адад расонида шудаст.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари дастовардҳо дар фаъолияти муассисаҳои зертобеъ дар ин самт норасоиҳо низ ҷой доранд, ки дар ҳолати бартараф гардидан, фаъолияти онҳо боз ҳам беҳтар мегардад.
«Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ»: таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ суннатӣ, беҳтар намудани сатҳ ва сифати корҳои тармиму барқарорсозӣ, мукаммал гардонидани базаи илмӣ-техникии муассиса.
Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор: мавҷуд набудани бинои маъмурӣ ва барқарор намудани ҳудудҳои тасарруфгардидаи мамнуъгоҳ.
Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук: мавриди омўзиши бостоншиносӣ қарор додани ҳудуди шаҳристони Ҳулбук.
Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара: бо пуррагӣ таҷдид намудани экспозитсияи осорхона.
Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии «Панҷрўд»: тармими гумбази мақбари Устод Рўдакӣ ва аз шафати он берун баровардани обҳои табиӣ.
Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ: ҳифз намудани ҳудудҳо ва иншооти муассиса, таъмини кормандон бо утоқҳои корӣ, муҷаҳҳаз намудани фонди муассиса.

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар нимсолаи аввали соли 2020-ум, тибқи нақшаи чорабиниҳои вазорат ҷиҳати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида шуд:
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Туркманистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба пешниҳод, идоракунӣ ва ҳифзи муштараки ҷузъҳои Номинатсияи силсилавии фаромиллии “Роҳи абрешим: долони Зарафшон – Қароқум” ба Рўйхати мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ва табии ЮНЕСКО” №233, аз 29-уми апрели соли 2020 қабул гардид.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг”№368, аз 23-юми июни соли 2020 қабул гардид.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ” №365, аз 23-юми июни соли 2020, барои ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи мазкур ҷиҳати тасдиқ ва ба ҳукми эътибор даромадани он қабул гардид.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат” дар сатҳи баимзорасӣ зимни сафарҳои роҳбарияти олии ҳарду ҷониб қарор дорад.
Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, санъат ва мероси фарҳангӣ” ҷиҳати иқдомоти минбаъда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар ин давра мутахассисони вазорат дар ҷаласаҳои гурўҳҳои кории Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххаси соҳавиро ироа намуданд.
Бо назардошти ҳидояту иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №26/10-1 аз 23.01.2020 баргузор намудани Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Беларус ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон ва рўзҳои фарҳангӣ дар Фаронса, инчунин Рўзҳои фарҳанги Давлати Қатар, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, бинобар зуҳури авҷи бемории сироятӣ ва вазъияти баамаломадаи эпидемиологӣ дар саросари ҷаҳони имрўза, чорабиниҳои мазкур муваққатан ба мавқуф гузошта шудааст.
Дар ин муддат дар асоси созишномаҳои амалкунанда, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои фарҳангиро таъмин менамоянд, ҷиҳати вусъати ҳамкориҳои фарҳангӣ вохўрии шиносоии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода З. Д. бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуйедар, Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин Фролов, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йосефсон ва Сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рифат Кёксал, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор гардид.
Дар рафти ин мулоқотҳо масъалаҳои мухталифи муносибатҳои дуҷониба муҳокима гардида, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва вусъати ҳамкориҳои афзалиятноки фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Аз 29-уми январ то 9-уми феврали соли 2020 дар Фестивали байналмилалии “Сураҷкунд мелла”, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар фаъолона иштирок намуда, соҳиби сипосномаҳо ва ҷойҳои ифтихории созмондиҳандагони чорабинӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар асоси ризоияти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №20310 (29-6.2) аз 22.06.2020 ва тибқи мактуби Вазорати корҳои хориҷӣ №4/23-5 (11363) аз 01.05.2020 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми июни соли 2020 дар конфронси фавқулоддаи видеоии вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) таҳти унвони “Устувории амали фарҳангӣ дар шароити бўҳронӣ ” иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки конфронси мазкур дар шакли тасвирӣ тариқи интернет баргузор гардида, дар он зиёда аз 57 давлати аъзои созмон, намояндагони ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва нозирони байналмилаливу минтақавӣ суханронӣ ва иштироки фаъол доштанд.

СИЁСАТИ КАДРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда 275 фармоиш, аз ҷумла 106 фармоиши шахсӣ, 101 фармоиши рухсатии меҳнатӣ, 45 фармоиши сафари хизматӣ ва 23 фармоиши умумӣ ба имзо расидаанд.
Айни ҳол, дар дастгоҳи марказии вазорат 60 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 20 нафарро занҳо ташкил медиҳад. Инчунин 2 нафар аз хизматчиёни давлатӣ дар рухсатии иҷтимоӣ қарор доранд.
Бояд қайд намуд, ки айни ҳол 5 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва 2 ҷойи кории холӣ дар ҳайати техникӣ ва хизматрасонии дастгоҳи марказии вазорат мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҷиҳати иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва интизоми меҳнатии кормандон ва ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат аз ҷониби хадамоти кадрӣ оид ба риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи муқаррароти онҳо дар фаъолияти ҳамарўза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб, ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 2 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки довталабони арзанда бо ҷамъбасти натиҷаи баҳогузории комиссияи озмун ҷиҳати фаъолияти минбаъда ба мансаб таъин карда шуданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака, моҳарати касбӣ ва дараҷаи тахассусӣ 7 нафар хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат дар курсҳои омўзишии кўтоҳмуддати такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ ва семинару мизҳои мудаввар дар мавзўъҳои «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони истиқлолият ва дурнамо», «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Идоракунии ҳайат дар замони муосир», «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир», ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, иштирок намуда, соҳиби гувоҳнома ва сертификатҳо гардиданд.
Тибқи фармоиши вазири фарҳанг аз 16 январи соли 2020, №05-У бо мақсади таъмини иҷрои сархати 6 банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2016, №8 Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ барои хизматчиёни дастгоҳи марказии вазорат тасдиқ гардид, ки ин машғулиятҳо тибқи нақшаи тасдиқгардида, роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ҳамзамон, мувофиқи моддаи 156 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, №289 то 31 марти соли 2020 аз ҷониби хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии вазорат эъломия оид ба андоз аз даромад, эъломия оид ба вазъи амвол ба идораи андози маҳалли зисташон ва роҳбари мақомот пешниҳод намуданд, ки дар ин бора ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод карда шуд.
Вобаста ба амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашнҳои «Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рўзи фарҳанг» як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ ва соҳаҳои вазорат бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

СОХТМОНИ АСОСӢ ВА ТАНЗИМИ ТЕХНИКӢ

Дар иншоотҳои сохтмони асосӣ - Қасри фарҳанг барои 500 ҷой дар ноҳияи Нуробод, Қасри фарҳанг барои 400 ҷой дар ноҳияи Шаҳринав ва Маркази фарҳанг барои 200 ҷой дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ аз моҳи марти соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ оғоз карда шуда, идома доранд.
Мутахассисони вазорат барои назорат намудани рафти корҳои сохтмонӣ дар нимсолаи аввали солӣ ҷорӣ се маротиба ба иншоотҳои сохташаванда сафар намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳо ва сари вақт азхуд намудани маблағҳои пешбинишуда ба пудратчиён тавсияҳо доданд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии илмӣ-истеҳсолии «Созтарош» ба маблағи 16,0 ҳазор сомонӣ бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо асбобҳои мусиқӣ таъмин карда шуд.
Бинои корхона, ки дар он давоми солҳои тўлонӣ ягон маротиба корҳои таъмирӣ гузаронида нашудааст, аз 8 утоқ иборат мебошад, аз ҷумла: анбори маҳсулоти тайёр, сехи маҳсулоттайёркунӣ, сехи раванди гармидиҳӣ, сехи ҷамъоварӣ, 2 устохона, сехи коркарди пўст, сехи дойрасозӣ ва анбор, ки арзиши бақиявии балансии онҳо 143,65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Маълумотнома ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади иҷрои банди 13 Протоколи ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва рўйхати дегхонаҳои дар тобеияти муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг қарордошта пешниҳод карда шуд.
Дар ин давра тибқи мактуби муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №25/1-581 аз 25.02.2020 кормандони вазорат барои гузаронидани санҷиши бехатарӣ аз сўхтор дар бино ва ҳудуди иншоотҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.

АУДИТИ ДОХИЛӢ

Дар нимсолаи аввали соли 2020, мутахассисони вазорат мувофиқи нақша, ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар 14 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар ду муассисаи театрӣ, се муассисаи консертӣ, шаш муассисаи нашриявӣ ва ду муассисаи таълимӣ ва як китобхона вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузарониданд.
Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар баъзе аз муассисаҳо зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо, бақияи маблағҳои буҷетии хароҷот нагардида, пардохти зиёди сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор, барзиёд пардохт намудани музди меҳнат ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ташкил намуд.
Инчунин вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30.08.2013, «Дар бораи тасдиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи дохилиидоравии зиддикоррупсиони соҳаи фарҳанг барои соли 2020, ки бо фармоиши вазири фарҳанг аз 16.01.2020, №14 ҳамчунин фармоиши дигари вазир аз 17.01.2020, №15 «Дар бораи тасдиқи Методология тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ба тасвиб расид, ки дар асоси он гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, корҳо рафта истодааст. Вохўрӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони масъули моддӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳо, бе асос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ, кам кардани бақияпулиҳо ва саривақт бартараф кардани қарзҳои беасоси дебиторӣ ва кредиторӣ, аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.

ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйиротҳо дар нимсолаи аввали соли 2020 – 46649,2 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: барои соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт –3020,7 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ- 22050,5 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат –19706,8 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ –1224,8 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ- 646,4 ҳазор сомонӣ.
Буҷети Вазорати фарҳанг дар нимсолаи аввали соли 2020 ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадори марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2019


Соҳаҳо Нақша
Ҳақиқӣ
Таносуби иҷро
Тасдиқ шуда Иҷрошуда Маблағи истифоданашуда %

2019
2020
2019
2020
2019 2020 2019 2020
1 2 3 4 5
Матбуоти
даврӣ ва
нашриёт 2122,5 3020,7 2122,5 3020,7 0 0 100 100
Муассисаҳои таълимӣ 17424,2 22050,5 16243,4 19265,5 1180,9 2785,0 93,2 87,4
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат 19900,2 19706,8 17322,3 17108,3 2577,9 2598,5 87 86,8
Дастгоҳи марказӣ 1070,5 1224,8 991,3 1066,7 79,2 158,1 92,6 87,1
Сохтмони асосӣ 1127,0 646,4 644,4 545,4 482,6 101 57,2 84,4
Ҳамагӣ 41644,4 46649,2 37323,9 41006,6 4320,6 5642,6 89,6 87,9

Чуноне, ки аз ҷадвал дида мешавад, иҷрои ҳақиқии буҷет дар нимсолаи аввали соли 2019 маблағи 37323,9 ҳазор сомонӣ ё нисбати нақша 89,6 %-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт 2122,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100 %, муассисаҳои таълимӣ 16243,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 93,2 %, ба соҳаи санъат ва фарҳанг-17322,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 87%, дастгоҳи марказӣ-991,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 92,6 % ва сохтмони асосӣ 646,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 57,2% маблағгузорӣ шуда буд. Дар нимсолаи аввали соли 2019 –4320,6 ҳазор сомонӣ ҷудо нагардида буд.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 барои ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 41006,6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 87,9 %- и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт – 3020,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100 %, муассисаҳои таълимӣ – 19265,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 87,4 %, соҳаи фарҳанг ва санъат – 17108,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86,8%, дастгоҳи марказӣ – 1066,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 87,1 % ва сохтмони асосӣ 545,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 84,4% маблағгузорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 5642,6 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ нагардидааст, ки он 12,1 %-и нақшаро ташкил медиҳад.
Даромади маблағҳои махсуси муассисаҳои зертобеъ, аз ҷумла таълимӣ, таъбу нашр, муассисаҳои театрию консертӣ, китобхона, осорхонаҳо ва дастгоҳи марказӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 тибқи нақша 10505,8 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши ҳақиқии он ба 5498,2 ҳазор сомонӣ баробар аст, ки ин 56,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Нақша ва иҷрои маблағҳои махсус дар нимсолаи аввали соли 2020
Соҳаҳо Нақша
2020 Ҳақиқӣ
2020 Фоиз
%

Матбуоти даврӣ ва
нашриёт 1633,6 1145,7 70,1
Муассисаҳои таълимӣ 5772,7 2885,6 50
Муассисаҳои театрию консертӣ 2773,8 1305,2 47,1
Осорхонахо 153,9 54,9 41,7
Дигар муассисаҳои фарҳанг ва санъат 81,5 41,9 51,4
Дастгоҳи марказӣ 90,3 64,9 71,9
Ҳамагӣ 10505,8 5498,2 56,7


Дар нимсолаи аввали соли 2020 – 16 номгўи китобҳо ба теъдоди умумии 10,3 ҳазор нусха чоп шуда, маблағи фурўши китобҳо 1029,4 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботӣ 16 шумораи маҷаллҳо бо теъдоди 13760 ва 37 шумораи рўзномҳо бо теъдоди 38330 нусха чоп гардида, маблағи умумии ба фурўш рафтаи онҳо 116,2 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Ҳаҷми гардиши мол дар семоҳаи аввали соли 2020 маблағи 52,2 ҳазор сомониро ташкил намуд, аз он ҷумла фурўши чакана – 14,4 ҳазор сомонӣ иҷро шуд.
Шумораи чорабиниҳои театрию консертӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 – 34 % иҷро шудааст (мувофиқи нақша – 722 адад, ҳақиқӣ –247 адад), шумораи тамошобинон –42,6 % (мувофиқи нақша – 177,3 ҳазор нафар, ҳақиқӣ –75,5 ҳазор нафар), даромад – 51,9 % (нақша – 1898,9 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ – 986,2 ҳазор сомонӣ), дигар намуди даромадҳо 36% (нақша –874,9 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ –318,9 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил намуданд.
Ҳамзамон дар ин давра ҳисоботҳои омории солона, ҳармоҳаи меҳнат, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг дар соли 2021 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2022-2023, инчунин маълумотҳоро оид ба ҳисоби воридот аз рўи даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ бо назардошти иҷроиши воқеии соли 2019, баҳодиҳӣ барои соли 2020, дурнамои соли 2021 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2022-2023, Буҷети заминавии соҳаи фарҳанг барои соли 2020 ва параметрҳои дурнамои он барои солҳои 2021-2022 (марҳилаи 1) таҳия карда шуда, ба мақомотҳотҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 2343 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки аз ин 615 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 3 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 адад фармон, 3 фармоиш, 9 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 544 ададро ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Аз 615 санад, ки аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, 218 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 333 адади он иҷро гардида, 64 адад мавриди иҷро қарор дорад.
Ҳамзамон, дар ин давра 76 адад ариза ва дархосту пешниҳоди шаҳрвандон ворид гардидааст, ки 65 адади он иҷро, 11 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 21 адад иҷро гардида, 1 адад мавриди иҷро қарор дорад. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 97 нафар қабул гардиданд.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 1728 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 852 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 647 адади он иҷро гардида, 229 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 1413 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 318 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1095 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 50 адад шартнома ва 100 адад фармоиш ба қайд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои вазорат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон дар самти таъмини бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, сари вақт дастрас намудан, назорат намудани ҳуҷҷатҳои воридотӣ, содиротӣ ва назоратӣ, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.