Сомонаи пешина | Дш, 25 Январ 2021 / 18:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба ифтихори 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ 7 китоб ва 2 маҷмӯаи илмӣ ба нашр расид

Ба ифтихори 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ то имрӯз 7 китоб ва 2 маҷмӯаи илмӣ ба нашр расида, дигар корҳои омодагӣ тибқи нақша дар сатҳи баланди ташкилӣ идома доранд. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ ибрози назар намуд.

Бино ба маълумоти номбурда, китоби нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразми бостонӣ А. Исоқов бо номи «Саразм оғози тамаддуни тоҷикон» бо таҳрири нав ба забони тоҷикӣ, А. Исоқӣ бо номи «Саразм» ба забони русӣ, маҷмӯи мақолаҳои муҳаққиқи фаронсавии Саразм Р. Безенвал бо се забон, китобҳои бостоншиносони тоҷик А. Раззоқов, С. Бобомуллоев  «Харитаи археологии Болооби Зарафшон» дар ду ҷилд ва ду шумораи маҷмӯаи илмӣ бо номи «Саразм» чоп шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ аз моҳи майи соли 2019 қарори махсус ва нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории онро қабул намуд. Дар ин замина Кумитаи тадорукоти Академия оид ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ бо роҳбарии президенти Академия Фарҳод Раҳимӣ дар ҳайати 14 нафар таъсис дода шуд, ки ҷараёни омодагӣ ва тайёрӣ ба ҷашнро пайваста назорат мекунанд.

Тавре зимни суҳбат академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ҳамаи он ҳамоишҳои байналмиллаливу ҷумҳуриявие, ки ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразм ба нақша гирифта шуда буданд, баргузор гардиданд. Танҳо конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши Саразм дар таърихи Осиёи Марказӣ», ки 12-13 майи соли равон ба нақша гирифта шуда буд, бо сабаби пандемия ба вақти дигар гузаронида шуд. Вале матни маърӯзаҳои олимони ватанию хориҷӣ, ки хоҳиши иштирок кардан доштанд, ҷамъоварӣ ва дар шакли маҷмӯаи алоҳида барои чоп омода гардид.

11-12 сентябри имсол дар шаҳри Панҷакент Симпозиуми байналмилалии «Саразм оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» доир мегардад. То имрӯз мактубҳои иттилоотӣ, ҷалби мутахассисони хориҷию ватанӣ, ҷамъоварии маърӯзаву гузоришҳо барои нашри маводи симпозиум идома дорад. Рӯйхати эҳтимолии даъватшавандагон ба ҷашн мураттаб ва ба мақомоти дахлдор фиристода шудааст.

Тайёр намудани буклетҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва даъватномаҳо бахшида ба ҷашн ва дигар чорабиниҳо оид ба Саразми бостонӣ ба роҳ монда шудааст. Буклети рангаи Саразм бо нишон додани нигораҳои нодири он бо матни дахлдор ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз тарафи мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Аакадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон  омода гардида, барои чоп тавсия шудааст.

Нишони сарисинагии ҷашн дар заминаи рамзи тасдиқшудаи Саразм барои чоп омода гардидааст. Даъватномаи ҷашн ва Симпозиуми байналмиллалӣ бо рӯйхати эҳтимолии меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва олимону муҳаққиқони шинохтаи ҷаҳон омода шудааст.

Тарҳи овезаҳо ва лавҳаҳои муаррифии Саразм аз оғози даромадгоҳ то осорхонаи нав мураттаб ва барои чоп бо се забон –тоҷикӣ, русӣ, англисӣ пешниҳод гардиданд. Бардоштани деворпанҷараҳои атрофи мамнуъгоҳ, ки дарозии он 4700 метрро ташкил мекунанд, ба анҷом расид. Дарвозаи даромадгоҳи мамнуъгоҳ дар шакли пешниҳодшуда сохта шуда, ҳоло корҳои ороишии дарвоза, сангфаршкунии роҳи асосии дохили мамнуъгоҳ ва хатсайрҳои байни ҳафриёт бомаром идома доранд.

Харҷномаи молиявӣ ва дигар санадҳои зарурӣ барои болопӯш намудани 3 ҳафриёти дигари Саразм ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ ирсол шуданд. Дар айни ҳол сохтмони болопӯши се ҳафриёт аз тарафи Академияи миллии илмҳом Тоҷикистон  идома дорад.

Ба нақли номбурда, бо мақсади омӯзиши ҳаматарафаи шаҳри Саразм ва дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳқиқ намудани ин ёдгории бостонӣ теъдоди муайяни мутахассисони шинохтаи хориҷӣ, махсусан онҳое, ки ба омӯзиши Саразм пайвастагии зич доранд, пеш аз ҳама, аз Франсия, Россия, Германия, Португалия, Чин ва ИМА давоми соли 2019 даъват шуданд.

Бо мақсади таҷрибаомӯзӣ аз ҷараёни корҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар назди АМИТ гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Дар ҳолати зарурӣ ва иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳ омода аст бо мақсади шиносоӣ аз ёдгориҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дидан намояд.

Ёовар мешавем, ки то имрӯз дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун оид ба рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ гузаронида шуда, бо пешниҳоди Кумитаи тадорукоти ҷашн рамзи ҷашнии Саразм аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуд.

Тавре президенти Академия иброз намуд, ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгорӣ аз моҳи майи соли 2019 то имрӯз ба шакли пайваста, бо ҷалби мутахассисони ватанию хориҷӣ ба маротиб вусъат пайдо намуд. Аз оғози соли 2020 корҳои таҳқиқотӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш бо дастгирии муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент идома доранд.

«Ба омӯзиш ва таҳқиқи Саразм олимон-бостоншиносони хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Франсия, Германия, Италия, Чин ва Португалия фаъолона ширкат намудаанд. Мутаассифона, имсол бо сабаби паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 ва ҷорӣ шудани карантин ба омӯзиши Саразм мутахассисони хориҷӣ ҷалб нашуданд»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ба нақли роҳбари Кумитаи тадорукоти Аакадемия Фарҳод Раҳимӣ, дар як вақт корҳои таъмиру тармим низ дар ҳафриёти асосии Саразм ва барқарорсозии бозёфтҳои бостонӣ ба хотири омода намудани онҳо барои осорхонаи мамнуъгоҳ давом доранд. Бозёфтҳои нав асосан дар озмоишгоҳҳои Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш тармим карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

https://khovar.tj/2020/08/ba-iftihori-5500-solagii-sha-ri-sarazmi-boston-7-kitob-va-2-ma-m-ai-ilm-ba-nashr-rasid/