Сомонаи пешина | Дш, 25 Январ 2021 / 20:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода бо муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Ярилова

 

13 августи соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Яриловаро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ инчунин муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён, муовинони вазири фарҳанг Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва Манучеҳр Шарифзода, муовини сардори намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода баъди пазироии меҳмонон оид ба фаъолияти вазорат ва дастовардҳои соҳаи фарҳанги кишвар, ки зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззам ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, маълумоти мухтасар ироа намуд. Ӯ зикр намуд, ки далели равшани ин гуфтаҳо бунёди сохтмонҳои азими фарҳангӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, бинои нави Театри миллӣ, садҳо бино ва иншооти фарҳангӣ дар гўшаву канори кишвар мебошанд. “Аз ҷумла рўзҳои наздик бинои нави Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Хоруғ бо иштироки Пешвои миллат фаъолияти хешро оғоз хоҳад намуд”, - иброз дошт Вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз соли 1992 оғоз гардида, пайваста рушд менамояд. Ҳунармандони босалиқаи тоҷик борҳо дар Федератсияи Россия ва ҳунармандони шинохтаи рус дар саҳнаи театру толорҳои консертии кишвари мо дар доираи Рўзҳои фарҳанг ва ё чорабиниҳои дигар ҳунари волои хешро нишон додаанд.

Зимни мулоқот дурнамо ва имконияти ҳамкориҳо дар самтҳои дигари фарҳанг, аз ҷумла китобдорӣ, табъу нашр, мубодилаи иттилоот, омоданамоии мутахассисони тоҷик дар донишкадаву донишгоҳҳои соҳавии Федератсияи Россия, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарсҳои маҳорат, табодули таҷриба, фиристодани ҳунармандон соҳибкасб ва соҳибмалака барои омўзонидани ҳунармандони ҷавон, фароҳам овардани имконият ба муҳаққиқони ҷавони фарҳангшиноси тоҷик барои таҳсил дар аспирантура ва докторантураҳои муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар рафти суҳбат муовини аввал ва муовинони вазири фарҳанги Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский, тарбияи ҳунармандони соҳаи театр, ташкили табодули китоб тавассути нусхаҳои ҳатмӣ, дастраснамоии китобҳои бадеӣ ба китобхонаҳои кишвар, тарҷумаи китобҳои адибони классик ва муосири рус бо забони тоҷикӣ ва адибони тоҷик ба забони русӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судмад дар соҳаи фарҳанг бо истифода аз таҷрибаи мавҷуда дар ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор доштанд.

Сипас ба муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Ярилова туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили либоси миллии «Адрас» ва зардўзии тоҷикӣ, ки маҳсули ҳунармандони босалиқаи тоҷик аст, супорида шуд.