Сомонаи пешина | Дш, 25 Январ 2021 / 19:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров

 

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар толори Қасри фарҳанги “Гулистон” бо иштироки 25 нафар довталаб баргузор гардид. Ҳайати ҳакамони даври ноҳиявӣ ба маҳорату истеъдоди иштирокчиён баҳогузорӣ карда, 6 нафарро барои иштирок дар даври минбаъда интихоб намуданд.

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен низ даври аввали озмун бо иштироки 25 нафар сурат гирифт. Доварон маҳорату истеъдоди 7 нафари онҳоро барои иштирок дар даври дуввум арзанда арзёбӣ намуданд. Ғолибони даври ноҳиявӣ супориш гирифтанд, ки ба даври вилоятӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.

Даври аввали озмун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори Ќасри фарҳанги ҷамоати Ҳайдар Усмонов баргузор гардид. 36 нафар довталаб, ки намояндагони касбу кори гуногун буданд, маҳорати худро дар даври ноҳиявӣ санҷиданд. Дар натиҷа ба 7 нафари онҳо муяссар гардид, ки барои иштирок дар даври дуввум роҳхат ба даст оранд.