Сомонаи пешина | Дш, 25 Январ 2021 / 18:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Абдуқаҳҳори Қосим бо шеъри «Бешаи анбўҳи андеша» дар озмуни ҷаҳонӣ шоҳҷоиза ба даст овард

 

Дар шаҳри Пекин «Озмуни рўзномавии ҷаҳонии шеър», ки аз ҷониби «Асотсиатсияи журналистони ҷаҳонӣ», «Рўзномаи ҷаҳонӣ», «Телевизиони ҷаҳонӣ», «Телевизиони моҳворавии ҷаҳонӣ», «Ахбори ҷаҳонӣ ва Тутяо» ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар озмун, ки 3 январи соли 2020 эълон шуда буд, ҳамагӣ 607 муаллиф аз Ҷумҳурии Хитой ва давлатҳои хориҷа ба милсли Покистон, Филиппин, Россия, Ҷопон, Ҳиндустон, Италия, Тоҷикистон, Туркия, Боливия, Канада, ИМА, Дания, Венесуэла, Косово, Сербия, Булѓория, Маврикий ва дигар манотиқи дунё иштирок намуданд.

Ғолибони ин озмуни ҷаҳонии шеър муайян гардиданд ва хушбахтона Шоҳҷоизаи озмун таҳти унвони The Outstanding Winners (Ғолибони барҷаста) –ро ҳайати ҳакамон ба шеъри «Бешаи анбўҳи андеша» и шоири Тоҷикистонӣ Абдуқаҳҳори Қосим лоиқ донистанд.

Дар радифи Абдуқаҳҳори Қосим Маки Старфилд аз Ҷопон,Татяна Требинова аз Россия ва Сума Монтейру аз Боливия сазовори шоҳҷоиза гардиданд.

Шоҳчоиза ва дигар туҳфаҳо баъд аз маросими тантанавӣ, ки моҳи сетябри соли 2020 дар Пекин баргузор мегардад, ба муаллифоне, ки бо сабаби бемории ҳамагири COVID -19 омада наметавонанд, равон карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки шоири ватанпарасти тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим бо адибону олимони зиёда аз 60 давлати дунё робитаи дўстиро барқарор намуда, шеъри муосири тоҷик ва забони ноби тоҷикиро рўи дунё ҳамчун вориси воқеиии устод Мирзо Турсунзода муаррифӣ намуда истодааст.

Абдуқаҳҳори Қосим ҳамраиси Шўрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, узви конфедератсияи байналмилалии журналистон, узви Академияи адабиёти Россия ва ҳамоҳангсози раёсати байналхалқии нависандагон, драматургон ва журналистон оид ба кор бо муаллифон мебошад.