Сомонаи пешина | Дш, 25 Январ 2021 / 20:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикикистон

 

17 августи соли 2020 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён Рӯзи дониш таҷлил гардид. Чорабинӣ бо тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои омӯзгорон ва донишҷӯён дар синфхонаҳо, толорҳо бо тадбирҳои безараргардонӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ оғоз ёфт.

Пас аз ба итмом расидани суханронии Сарвари давлат дар толори асосии донишкада муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён муҳассилин ва устодони муассисаро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфт ва оид ба моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.

Инчунин дар ин партав муовини ректор оид ба таълим, профессор - Муродалӣ Иброҳимов суханронӣ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки бо шарофату дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкада дар самти таълим, илм, корҳои эҷодӣ, тарбия, равобити хориҷӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудааст. Синфхонаҳо ва устохонаҳои донишкада барои соли нави таҳсил омода карда шуданд.

Чорабинӣ ба донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада рӯҳияи идона бахшид.