17 августи соли равон дар толори калони консерватория ба ифтихори Рӯзи дониш бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода “Дарси сулҳ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ инчунин роҳбарияти Консерватория ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст аҳли толор ҳама якдилона суҳбати пурмуҳтавои Асусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба муносибати Рӯзи дониш дар муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи № 102-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, мустақиман тариқи оинаи нилгун намоиш шуниданд, гӯш карда баҳраи маънавӣ бардоштанд.
Сипас Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо соли нави таҳсил муборакбод намуда, ба кулли муҳассилин ва муаллимон соли бомуваффақияти таҳсилро таманно намуд. Вазири фарҳанг инчунин даъват ба амал овард, ки дар шароити бемории ҳамагири коронавирус ҳар як шахс бояд гигиена шахсӣ ва қоидаҳои пешгирӣ аз вируси COVID-19-ро риоя кунад ва худ ва дигаронро аз сироятёбӣ ҳифз созад. Вазири фарҳанг инчунин омӯзгоронро ҳидоят намуд, ки дар тарбияи мутахассисони варзидаи соҳаи санъат ва ҳунар серталаб бошанд ва содиқона хизмат намоянд.