Сомонаи пешина | Сш, 24 Ноябр 2020 / 05:11
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафири Фаластин ба Вазири фарҳанг бинобар марги Гулназар Келдӣ ва Ҷамшед Исмоилов номаи ҳамдардӣ фиристод.

 

Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бинобар даргузашти муаллифи суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов номаи ҳамдардӣ фиристода, ба тамоми мардуми тоҷик изҳори тасаллият намуд.

Дар матни нома аз ҷумла омадааст: “Шоирону ҳунармандон дар ҳар давру замон роҳнамову роҳбалади миллат буданд. Ашхоси зиёӣ бе шак дар шакл гирифтани афкори мусбати ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. Маҳз зиёиён миллатро аз вартаи бенишонӣ ва гумномӣ наҷот мебахшанд. Зиёиён ганҷинаи миллатанд, ки бояд эҳтиром ва эътироф шаванд, зеро номи миллат ва бори шӯҳрати онро ба дӯш доранд. Фавти зиёӣ фоҷиаи сахт аст. Аз ин рӯ, он фоҷиае, ки бар сари миллати тоҷик бо фавти якбора ду фарзанди фарзонааш омадааст, орзу мекунем, ки дигар ҳеҷ гоҳ такрор нашавад.

Аз даргоҳи поки Худованд барои тамоми мардуми тоҷик сабри ҷамил хоҳонам”.