Сомонаи пешина | Сш, 24 Ноябр 2020 / 05:11
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоири тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим бо медали ба номи Сергей Есенин сарфароз шуд

Ин тӯҳфа аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Русия бахшида ба 125 солагии шоири маъруфи рус Сергей Есенин мувофиқи қонуни федералӣ “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” таъсис дода шуда, ба шоиру нависандагон- номинантҳои мукофоти миллии ба номи Есенин “Рус моя” ва барои саҳми арзанда дар рушди адабиёти рус дода мешавад.

Тақдими нишон дар ҷашни 125 солагии Сергей Есенин санаи 2-3 октябр дар Хонаи адибони Русия сурат мегирад.