Сомонаи пешина | Сш, 24 Ноябр 2020 / 05:11
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

80 соли пуршараф!

 

Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар собиқ Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Ҳунарпешаи  хизматнишондодаи Тоҷикистон, дорандаи медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, профессор Тамара Абдушукуроваро бо 80-умин солгарди зодрӯз муборакбод менамояд.

Тамара Абдушукурова ҳунарпешаи нотакрори театр, устоди садҳо нафар ҳунарпешагони номдори кишвар аст, ки солҳои зиёд ба рушди соҳаи фарҳанг ва санъати кишвар саҳми бориз гузоштааст. Солҳои 1990-1992 ӯ вазифаи Вазири фарҳанги Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст ва дар ин муддат соҳаи фарҳанги кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Тамара Абдушукурова аз соли 1996 инҷониб узви Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи санъати театрӣ мебошад. Ин бонуи ҳунар бо донишу ирода ва ҷасорату истеъдоди нотакрораш ҳамеша барои пешравии соҳа мекӯшад, ба насли имрӯз машварату маслиҳат медиҳад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин чеҳраи нотакрори ҳунар ва тимсоли бонуи муваффақи тоҷик саломатии бардавом, саодатмандӣ дар рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав дар роҳи тарбияи ҳунарпешагонро таманно менамояд.

80 –солагии зодрӯз ва 80 соли зиндагии пуршараф муборак бошад!