Сомонаи пешина | Сш, 24 Ноябр 2020 / 06:11
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

73 нафар иштирокчиёни даври аввал аз Бадахшон ба даври дуввуми озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” роҳ ёфтанд2

 

Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” тибқи тартиби нав аз 25 июл дар шаҳру ноҳияҳои кишвар шурӯъ гардид.

Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид. Ҳайати ҳакамон дар навоҳии Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ҳунару истеъдоди иштирокчиёни даври аввалро баҳогузорӣ намуда, 73 нафарро барои санҷиши маҳорату истеъдод дар даври вилоятӣ интихоб намуданд.

Дар маҷмуъ дар даври аввал дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 328 нафар намояндагони касбу кори гуногун ва қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд ва озмун бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сурат гирифт.

Боиси зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман!” тибқи Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуввум баргузор мегардад ва ба падидаи фарҳангии умумиҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст.