Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

"Корвони китоб-2020" ба вилояти Суғд равон шуд

2 сентябри соли 2020 ҳаракати фарҳангии "Корвони китоб-2020" ба вилояти Суғд раҳсипор шуд. Ҳаракати мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии "Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" ва ба ифтихори таҷлили Рӯзи китоб, 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ анҷом дода шуда, ин навбат ба китобхонаҳои шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳ китоб мебарад. Кӯлвори китоб аз 210 номгӯй китобҳои бадеӣ, донишномаҳо, луғот, осори илмӣ-пажӯҳишӣ, адабиёти кӯдак бо теъдоди 2270 нусха, 50 номгӯй дастурҳои библиографӣ бо теъдоди 2560 нусха ва 7000 баргаи хонанда мураттаб гардидааст, ки маблағи умуми ин осори нашрӣ 139972 сомониро ташкил медиҳад. 

Баъд аз зуҳри 2 сентябр мудири Китобхонаи шаҳри бостонии Панҷакент Мавҷуда Яҳё, сармутахассиси бахши фарҳанги шаҳр Рустам Иброҳим ва китобдорони “Корвони китоб - 2020”-ро дар саҳни Кохи фарҳанги ба номи устод Лоиқ Шералӣ истиқбол гирифтанд. Баъди вохӯрӣ ва сӯҳбати пурмазмун оид ба адабиёт ва китобу китобдорӣ ба китобхонаи мазкур 327 китоби бадеию донишномаӣ, илмӣ, адабиёти кӯдак, 808 нусха дастуру феҳрастҳои библиографӣ ва 1000 нусха баргаи хонанда тақдим гардид.