Сомонаи пешина | Чш, 25 Ноябр 2020 / 13:11
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ангезаи нур

 

Фурўғи субҳи доноӣ…

 

Оре, шавқ ба қироати китобу омўзиш ангезаи нур аст ба дилу дидаҳо. Озмуне, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта бо унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» созмон ёфт, инро собит намуд. Ҳамагон шоҳид будем, ки ҳамватанони мо рўзҳои ҷараёни озмун телефонҳои мобилии худро як сў гузошта даври телевизион ҷамъ меомаданд, то аз нақлу ривоят ва қироати иштирокдорони озмун баҳравар шаванд, шоҳиди он бигарданд, ки боз кадом китобдўсте аз дигарон бештар китоб хондаасту аз чи башорате ба ҳакамон ва ҳамватанон мужда мерасонад. Хуллас, ҷараёни озмун шавқу рағбат ва ҳаваси ҳамватанони моро ба китобу китобхонӣ боз ҳам бештар намуд ва метавон гуфт, ки яке аз беҳтарин ва шавқангезтарин рўйдоди фарҳангие, ки соли гузашта баргузор шуд, ҳамин «Фурўғи субҳи доноӣ…» буд.

Касе, ки китобдўст асту мутолиаи онро аз шуғлҳои писандидатарини худ мешуморад, хуб медонад, ки ҳавас пайдо кардан ба хондани китоб сире дорад. Маълум аст, ки пеш аз оғоз кардан ба хондан китоби пур аз саҳфаро дида, андак ба воҳима меафтӣ, ки ин қадар саҳифаро чӣ тавр мехонда бошам. Вале ба хондани қиссаи ҷолибе агар оғоз кардӣ, гўё ки сеҳру ҷоду мешавӣ ва нафаҳмида мемонӣ, ки аллакай охирин саҳифаҳои як китоби калонҳаҷмро хонда истодаӣ ва ҳеҷ намехоҳӣ, ки ин ҳолати гуворо ба охир бирасад ва ту ошиқ мешавӣ ба китоб ва мутолиа. Мутолиа, ки зиёд шуд, нафаҳмида мемонӣ, ки чӣ тавр сухани ту миёни дўстону ҳамнишинонат таъсирбахштар аст. Забони буррову сўҳбати гуворо дорӣ. Хазинаи луғавият бой, зеҳнат тезу гиро гаштааст.

Оре, ҳама покиҳову некиҳо, кашфиёту ихтироот маҳз тавассути мутолиаи китоб даст медиҳанд. Сафои зиндагӣ, саодати рўзгори мо аз хондани китоб аст. Қавми китобдўст халқи босаодату ҳаётдўст ва пешрафтаву хушбахт аст.
Ҷаҳлу ҷаҳолат инсонҳоро ба бадӣ, ба нокомию нестӣ мебарад.

Мо, ки ворисони ниёгони бузург, қавми соҳибкитоб ҳастему гузаштагони шарафманд, олимону ҳакимону шоирони оламшумул дорем, ҳуқуқи аз китобу мутолиа дуршавӣ надорем. Мутаассифона, мусибати солҳои навадуми асри гузашта ба сарамон омада моро хеле аз китобу мутолиа дур кард. Як насли ҷавонамон қариб ки бесавод монд.
Агар ба нофаҳмиҳову ҷанги шаҳрвандии гузаштаамон бо чашми таҳлил назар кунем, баръало мебинем, ки ҳамон вақт ҳам ба ин нохушӣ ҷоҳилон, чалласаводону бехирадон оғоз бахшиданд…

Агар мо бихоҳем, ки фарҳангу ахлоқи воло дошта бошем, бихоҳем, ки одоби муоширатамон намунаи ибрати мардумони дигар бошад, бихоҳем, ки ба кашфиёти нав ба нав ноил бигардем, бихоҳем, ки саодати ду дунё насибамон гардад, бояд мисли ниёгони бузургу шарафмандамон ошиқу шефтаи КИТОБ бошем.

Саодат Ҳайдарзода