Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафари “Корвони китоб-2020” ба Хуҷанд ва Мастчоҳ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии "Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020", ба ифтихори таҷлили Рӯзи китоб, 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб-2020” ба шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом дода мешаванд.

Ин навбат “Корвони китоб” ба вилояти Суғд - ба китобхонаҳои шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳ китоб бурд.

Ба Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминчон Шукухи 664 нусха китоби бадеию соҳавӣ, илмӣ, адабиёти кӯдакон, дастуру феҳрастҳои библиографӣ ва 1000 нусха баргаи хонанда тақдим гардид.

Аҳли кормандон ва истифодабарандагони китобхона барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки барои боз ҳам фаъолияти китобхонаро пурсамартар ба роҳ мондан кӯшиши дучанд ба харҷ медиҳанд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ “Корвони китоб”-ро дар Китобхонаи бачагона, ки дар Қасри фарҳанги бошукӯҳу замонавии ба наздикӣ ба истифода додашуда ҷойгир аст, пешвоз гирифтанд. Муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода аҳли корвонро ба ҳузур пазируфта, оид ба тарғиби китобу китобхонӣ сӯҳбати ҷолибе орост ва ташаббуси Вазорати фарҳангро дар мавриди роҳандозии ҳаракати фарҳангии "Корвони китоб" амали саривақтӣ номид.