Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 21:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат ба ифтихори ҷашни Истиқлолият беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

 

Дар Театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ифтихори бистунуҳумин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Мирзоалиев, ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёни донишкада ҳузур доштанд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон - бистунуҳсолагии Истиқлолияти давлатӣ, ки сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт ва дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад, самимона табрику муборакбод намуда, зикр сохт, ки таҷлили ҳамасолаи ин рўйдоди муҳимми таърихӣ далели эҳтироми баланди сокинони кишвар ба ин ҷашни бузурги муқаддас дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст.

Сипас, сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Мирзоалиев ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ, устодон Дилором Сангинова, Мастон Умедов, Майрам Мамадазимова, Фирдавс Арабов ва Қобилҷон Саидовро барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди фарҳанги миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи ватандўстию меҳанпарастӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, гиромидошти мероси фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани савияи ғоявию ахлоқӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии донишҷўён бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонд. Устодони донишкада Лутфулло Ниёзов, Пайрав Холов, Адиба Абдуллоева ва Дилшод Умаров бо Ифтихорномаи вазорат қадр карда шуданд. Бист нафар донишҷўи донишкада бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои сатҳи донишкадавию ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаи донишкада сафароз гардиданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ, инчунин, маросими супурдани диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 7 сентябр дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, сурат гирифт. Мадина Зоирова - донишҷўи курси дуюми шуъбаи рўзноманигори телевизион, Назира Доруева - донишҷўи курси сеюми шуъбаи китобдорӣ ва Умедҷон Юнусалиев - донишҷўи курси сеюми шуъбаи рўзноманигори телевизион, ки мутаносибан аз рўи номинатсияҳои адабиёти муосир ва адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва мукофотҳои пулии раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада сарфароз гардиданд. Мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Бозорбой Холов барои тайёр кардани шогирдон ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада қадрдонӣ шуд.

Ректори донишкада ғолибонро табрик намуда, иброз дошт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ доир гардида истодааст.

Муҳриддин Низомӣ ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» - ро бори дигар табрик гуфта, ба онҳо барои дар даврҳои минбаъдаи озмун ғолиб омадан барору комёбиҳо таманно намуд.


Додоҷон РЎЗИЕВ