Сомонаи пешина | Сш, 24 Ноябр 2020 / 10:11
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки Зулфия Давлатзода дар ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ

10 сентябри соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар ҷаласаи 17-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба таври бархат (онлайн) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа инчунин намояндаи котиботи СҲШ, вазирони фарҳанг аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон ва Хитой иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва рушди соҳа баррасӣ гардиданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ байни кишварҳои узви СҲШ ба анъанаи нек табдил ёфтааст ва ба ташаккули фазои умумии фарҳангӣ дар минтақа мусоидат менамояд. Зеро фарҳанг барои таҳкими дӯстии байни давлатҳо нақши бориз дорад.

“Хурсандиовар аст, ки ба шарофати таваҷҷӯҳи доимӣ ва амиқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳанг дар давлати мо ҳамасола барномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг бомуваффақият амалӣ мегарданд”, -зикр намуд Зулфия Давлатзода.

Сипас Вазири фарҳанги Тоҷикистон оид ба корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ бо ҳар як кишвари узви СҲШ маълумот дод.

Баъди шуданидани маълумотҳо ва пешниҳодҳои дигар кишварҳои узв Котиботи СҲШ ва вазирони фарҳанги кишварҳои узв протоколи ҷаласаро имзо намуданд.